Ноҳияи Ванҷ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Ванҷ
Ноҳияи Ванҷ дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Кӯҳистони Бадахшон
Марказ: Рохарв
Замони таъсис : 29 маи 1933
Раиси ноҳия: Шермарди Ванҷӣ
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 4430,5 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2009) : 30 700 кас
Зичии аҳолӣ (2009) : 7,0 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикии ноб
Мазҳаб : суннӣ, ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : VA
Код ISO : TJ.BK.VA
Пешшумора : +992 3551
Нишонии почта : 736300
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 04РТ
Пули дусти ммёни Афғонистону Тоҷикистон, Бар фарози Рӯди Панҷ, ноҳияи Ванҷ, ва вулусволи Моимаи,مایمَی!

Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки 171 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба рӯди Ванҷ ҷой дорад.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Ванҷ бо сарзамине 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷануб бо Ноҳияи Моимаии вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язгулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.

Мардум[вироиш]

Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Ванҷ 30 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 7,0 кас/км² буд[1]. Аҳолии ин ноҳия тоҷиканд ва ҳама мусулмони суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд.

Забон[вироиш]

Мардуми Ванҷ ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши ванҷӣ вожаҳои забони паҳлавӣ ва порсии қадим ва вижагиҳои забони порсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд ва то кунун, вожаҳои ноби забони тоҷикӣ вирди забони мардуми ин сарзамин аст, ки ин ганҷро аз дурдасти таърих то имрӯз зинда ҳифз кардаанд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ванҷ 6 ҷамоат дорад[2]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
Ҷамоат Аҳолӣ Рустоҳо
Ванҷ (ҷамоат) 9 804 Бичхарв, Бодавд, Ускроғ, Роғ, Скад, Пайшамбеобод, Унбари Даргови Рохарв, Рохарв, Гишхун, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
Водхуд 1944 Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн
Жовид 3750 Бунай,Рав,Стварғ, Ардобаг, Жовид, Потов, Арнавад, Убго, Баравн
Рованд 4975 Ширговад, Ғуҷоваст, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Сунгад, Ван-Ван, Пойи Мазор
Техарв 3036 Хаспо, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
Язгулом 5414 Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбаг, Жамаг

Раҳбарӣ[вироиш]

Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ванҷ - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ванҷ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Торих[вироиш]

Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназада аст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ як далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд.

Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна, Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истехроҷи оҳан ва гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша, манотиқи муҷовирро бо оҳан ва зуғомҳои хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ ва корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.[3].

Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 мелодӣ навишта аст, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд: «Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»[4].

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Ванҷу Дарвоз дар гузашта як сарзамин буда Курон (форсӣ: کران) ном доштаанд ва маркази он деҳаи кунунии Кеврон (форсӣ: کـِران) будааст [5].

Ванҷу Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Тавилдара, Дарвоз ва ноҳияи Ванҷ|Ванҷ]] ва вулусволиҳои афғонии Хоҳон (форсӣ: خواهان) ва Дарвоз (форсӣ: درواز) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд ва Дарвозро бекигарӣ ва Қалъи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлолияти худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд[6].

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 - 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва 29-уми маи соли 1933 Ванҷ аз Дарвоз ҷудо ва яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши ванҷии он бо номи ноҳияи Ванҷ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуданд[7]. Замоне ҳам Ванҷу Рӯшон як ноҳия буданд.

Ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 маи соли 1933 таъсис ёфтааст.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
  2. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 21, 2010. 
  3. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  4. Гулшанӣ, «Таърихи ҳумоюн». Душанбе, 2006. - с.157
  5. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  6. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  7. Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон

Манобеъ[вироиш]

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0


Ноҳияҳои Бадахшон
Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб.