Ноҳияи Дарвоз
| Ноҳияи Дарвоз | |
|---|---|
| Донистаниҳо | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Кӯҳистони Бадахшон |
| Марказ: | Қалъаи Хумб |
| Замони таъсис : | 14 декабри 1930 |
| Раиси ноҳия: | Сайидалӣ Мусофиров |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 2824,5 км² |
| Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 4 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2008) : | 23 925 кас |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | дарвозӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ, ҷаъфарӣ, исмоилӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | DA |
| Код ISO : | TJ.BK.DA |
| Пешшумора : | +992 3552 |
| Нишонии почта : | 736400 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | .tj |
| Шумораи мошинҳо : | 04РТ |
Ноҳияи Дарвоз (форсӣ: درواز) яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ки дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 14 декабри соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб таъсис ёфта аст. Бар асоси Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни 1991 номи бостонии он баргардонда ва ноҳияи Дарвоз номида шуд.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Қалъаи Хумб (форсӣ: قلعۀ خمب) аст ки 241 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Хумбоб ба рӯди Панҷ ҷой дорад.
Мундариҷа |
Ҷойгоҳ [вироиш]
Ноҳияи Дарвоз дар дараи рӯди Панҷ ва кӯҳсори Дарвоз ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ғарб ва ҷанубу ғарб — бо ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод ва Шӯрообод аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ - бо ноҳияи Ванҷ аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ҷануб - бо вулусволиҳои Хоҳон [خواهان ва Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.
Ноҳияи Дарвоз 2824,5 км кв масоҳат дорад.
Мардум [вироиш]
Мардуми Дарвоз ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони порсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои суғдӣ, балхӣ ва забонҳои помирӣ будааст, аммо дар садаҳои IX - XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.
Бар пояи омори соли 2000, ноҳияи Дарвоз 23 ҳазору 925 тан ҷамъият дошт.
Бахшбандӣ [вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Дарвоз 4 ҷамоат[1] дорад:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Дарвоз | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Вишхарв | 2 973 тан | ||||||||||
| Қалъаи Хумб | 8 511 тан | ||||||||||
| Нулванд | 3 577 тан | ||||||||||
| Сағирдашт | 8 864 тан | ||||||||||
| Калонтарин рустоҳои Дарвоз | |||||||||||
| Русто | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Кеврон | 1 129 тан | ||||||||||
| Қалъаи Хумб | 1 909 тан | ||||||||||
| Ёгед | 854 тан | ||||||||||
| Зинг | 839 тан | ||||||||||
| Даштак | 669 тан | ||||||||||
| Рузвай | 636 тан | ||||||||||
| Хумби Варӣ | 553 тан | ||||||||||
Бино бар омори соли 2000, дар ноҳияи Дарвоз 3 571 хонавода зиндагонӣ доштааст. Миёнгини теъдоди афроди хонаводаҳои Дарвоз 6,6 кас будааст.[2]
Таърих [вироиш]
-
- Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,
- Варна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.
Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Курон (کوران) овардаанд ва маркази онро деҳаи кунунии Кеврон (کـِوران) ёд кардаанд.[3] Ба гуфти мардуми Дарвоз номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (مهستان) будааст.
Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Тавилдара, Дарвоз ва Ванҷ ва вулусволиҳои афғонии Хоҳон (خواهان) ва (Дарвоз (درواز) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.
Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳ ва шоҳзодагони Дарвоз ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати Бухоро Дарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.
Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рўди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.
Дарвоз дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 - 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуданд.[4] Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Дарвоз номида шуд.
Пайнавиштҳо [вироиш]
- ↑ "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 21, 2010.
- ↑ [1]
- ↑ Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- ↑ Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон
Манобеъ [вироиш]
- Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
Пайвандҳои беруна [вироиш]
- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки, Путеводитель по Каттагану и Бадахшану, также История Дарваза с 1880 по 1926
- Дарваз
- Дарваз
- Надежда Емельянова. Культура и религия Дарваза
- Ш.С. Камалиддинов. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон
| Ноҳияҳои Бадахшон | |
|---|---|
| Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб. |