Ноҳияи Кӯлоб

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Кӯлоб
Ноҳияи Кӯлоб дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Tajikistan.svg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: Кӯлоб
Замони таъсис : 23 ноябри соли 1930
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 272,9 км²
Шумораи шаҳрҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 4
Мардум
Аҳолӣ (2009) : 89 400 кас
Зичии аҳолӣ (2009) : 623,0 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KC
ISO-намоя[1]: TJ.KT.KC
Пешшумора : +992 3322
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Кӯлоб (порсӣ: ناحیۀ کولاب) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳри Кӯлоб (порсӣ: کولاب) аст ки дар канори рӯди Ахшу, шохоби рости рӯди Панҷ, 203 км ҷанубу ғарбтар аз Душанбе, дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Кӯлоб бо сарзамине 272,9 км² дар дараи рӯди Ахшу ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Ховалинг ва Мӯъминобод, дар шарқ — бо ноҳияи Шӯробод, дар ғарб — бо ноҳияи Восеъ, дар ҷануб — бо ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсоя аст.

Мардум[вироиш]

Мардуми ноҳияи Кӯлоб ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Кӯлоб 89 ҳазору 400 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш ҳамроҳбо шаҳри Кӯлоб 623,0 кас дар км² буд[2].

Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ ва чорводорӣ мекунанд.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Кӯлоб Раиси Ҳукумати он аст ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Кӯлоб Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Кӯлоб барои 5 сол интихоб мекунанд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Кӯлоб 1 шаҳр ва 4 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳри Кӯлоб 11969
Даҳана 21320
Зарбдор 16240
Зиракӣ 21522

Торих[вироиш]

Сарзамини кунунии ноҳияи Кӯлоб дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон (порсӣ: خـُتـَلان) ё Хуттал (порсӣ: خـُتَّـَل) буд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт[5]. Номи ин вилоятро Хатлон (порсӣ: خـَتلان) ва Хуталон (порсӣ: خـُتـَلان) ва ал-Хуттал (порсӣ: الختًل) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:

Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.

Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Панҷум Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосонӣ, 420438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 300 дирҳам зикр кардаанд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ин ноҳия 23 ноябри соли 1930 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[6] ва 2 декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон шуд[7].


Номдорони Кӯлоб[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Raions of Tajikistan
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
  3. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved April 26, 2011. 
  4. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khatlon/LG4.2.pdf
  5. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв. Глава 2. Историческая география Северного Тохаристана 2.8. ХУТТАЛАН
  6. Кулябский район
  7. КУЛЯБСКИЙ РАЙОН

Адабиёт[вироиш]

  • Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
  • Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.


Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод