Ноҳияи Мастчоҳ
| Ноҳияи Мастчоҳ | |
|---|---|
| Донистаниҳо[1] | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Суғд |
| Марказ: | Бӯстон |
| Замони таъсис : | 26 ноябри 1956 |
| Раиси ноҳия: | Абдукарим Ҳикматов |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 4712,3 км² |
| Шумораи шаҳрҳо : | |
| Шумораи шаҳракҳо : | 3 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 7 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2009) : | 101 ҳазору 700 кас |
| Зичии аҳолӣ : | 101,8 кас дар км² |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | MA |
| ISO-намоя[2] : | TJ.SU.MA |
| Пешшумора : | +992 3445 |
| Нишонии почта : | 735800 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | http://www.sugd.tj |
| Шумораи мошинҳо : | 02РТ |
Ноҳияи Мастчоҳ (форсӣ: ناحیۀ مستچاه) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Бӯстон (форсӣ: بوستان) аст ки 56 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Бӯстон то Душанбе 360 км роҳ аст.
Мундариҷа |
[вироиш] Ҷойгоҳ
Ноҳияи Мастчоҳ бо сарзамине 4712,3 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Тошканди Узбакистон, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияи Ғафуров ва дар ғарб — бо ноҳияи Спитаман аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.
[вироиш] Мардум
Мардуми Мастчоҳ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Мастчоҳ 101 ҳазору 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 101,8 кас дар км² буд[3].
[вироиш] Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Мастчоҳ 3 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад[4]:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Мастчоҳ[5] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳраки Бӯстон | 10 151 | ||||||||||
| Авзиканд | 10373 | ||||||||||
| Мастчоҳ | 16401 | ||||||||||
| Оббурдон | 27366 | ||||||||||
| Палдорак | 15680 | ||||||||||
| Такелӣ | 1643 | ||||||||||
| Қуруқсой | 2729 | ||||||||||
[вироиш] Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Мастчоҳ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Мастчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Мастчоҳ барои 5 сол интихоб мекунанд.
[вироиш] Иқтисод
Ноҳияи Мастчоҳ 9 корхонаи саноатӣ, 1070 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 1060 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 24025 га, аз ҷумла 22482 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].
[вироиш] Таърих
Ин ноҳия 26 ноябри соли 1956 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
[вироиш] Пайнавиштҳо
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Мастчоҳ
- ↑ Raions of Tajikistan
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
- ↑ "Феҳристи ҷамоатҳо ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 25, 2011.
- ↑ "Бахшбандии вилояти Суғд ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khujand_AO/LG1.1.pdf. Retrieved March 25, 2011.
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Мастчоҳ
| Ноҳияҳои вилояти Суғд | |
|---|---|
| Ноҳияи Айнӣ • Ноҳияи Ашт • Ноҳияи Ғафуров • Ноҳияи Ғончӣ • Ноҳияи Зафаробод • Ноҳияи Истаравшан • Ноҳияи Исфара • Ноҳияи Конибодом • Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ • Ноҳияи Мастчоҳ • Ноҳияи Панҷакент • Ноҳияи Ҷаббор Расулов • Ноҳияи Спитаман • Ноҳияи Шаҳристон |