Ноҳияи Мӯъминобод
| Ноҳияи Мӯъминобод | |
|---|---|
| Донистаниҳо | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Хатлон |
| Марказ: | Мӯъминобод |
| Замони таъсис : | 16 марти 1938 |
| Раиси ноҳия: | |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 2386,9 км² |
| Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 6 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2008) : | 63 242 кас |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | MU |
| Код ISO : | TJ.KТ.MU |
| Пешшумора : | +992 3318 |
| Нишонии почта : | 735140 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | .tj |
| Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Мӯъминобод (форсӣ: ناحیۀ مؤمنآباد) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Мӯъминобод (форсӣ: مؤمنآباد) аст.
Мундариҷа |
Ҷойгоҳ [вироиш]
Ноҳияи Мӯъминобод бо сарзамине 2386,9 км² дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Ховалинг, дар ғарб — бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб — бо ноҳияи Шӯрообод аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ — бо ноҳияи Дарвоз аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.
Мардум [вироиш]
Мардуми Мӯъминобод ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Мӯъминобод 63 242 тан ҷамъият дошт.
Бахшбандӣ [вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Мӯъминобод 6 ҷамоат[1] дорад:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Мӯъминобод[2] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳраки Мӯъминобод | 12 500 | ||||||||||
| Балхобӣ | 8 315 | ||||||||||
| Боғайн | 7 961 | ||||||||||
| Деҳбаланд | 11 470 | ||||||||||
| Кӯлчашма | 17 086 | ||||||||||
| Тутон | 7 279 | ||||||||||
| Чилдухтарон | 4 131 | ||||||||||
Таърих [вироиш]
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Мӯъминобод бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд.
Ноҳияи Мӯъминобод расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб таъсис ёфт. 29 декабри соли 1973 ноҳияи Ленинград номида шуд 29 июни соли 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Мӯъминобод номида шуд.
Пайнавиштҳо [вироиш]
- ↑ "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 21, 2010.
- ↑ http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf
| Ноҳияҳои Хатлон | |
|---|---|
| Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод |