Ноҳияи Нуробод

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Нуробод
Ноҳияи Нуробод дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Дарбанд
Замони таъсис : 19 январи соли 1936
Раиси ноҳия: Сайдамир Сиёмардов
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 7127,8 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 54 363 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : DA
ISO-намоя : TJ.RR.DA
Пешшумора : +992 3133
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ

Ноҳияи Нуробод (порсӣ: ناحیۀ نورآباد) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия - шаҳраки Нуробод аст, ки 135 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 19 январи соли 1936 бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва то соли 1991 ноҳияи Комсомолобод ном дошт. Бар асоси Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1991 дубора ноҳияи Дарбанд номида шуд. Бар асоси Қарори № 390 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Нуробод номида шуд.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Нуробод дар водии Рашт ҷой дорад. Дар Шимол бо ноҳияи Рашт, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Роғун, дар Шарқ — бо ноҳияи Тавилдара ва дар Ҷануб — бо ноҳияи Балҷувон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Паҳноварии ноҳияи Нуробод 7127,8 км² аст. Дар маркази ноҳияи Нуробод рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб якҷо шуда рӯди Вахшро падид меоваранд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2008 аҳолии ноҳияи Нуробод 54 363 нафар буда аст. Мардуми ноҳияи Нуробод ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Нуробод Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Нуробод - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Нуробод барои 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Нуробод 1 шаҳрак - Нуробод ва 7 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Нуробод
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Нуробод
Дарбанд 1071
Самсолик 6307
Комсомолобод 11852
Муҷихарф 12486
Навдонак(Хумдон) 7438
Ҳакимӣ 10163
Яхакюст 5046

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 27, 2010. 


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара ·

Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол