Ноҳияи Панҷ
| Ноҳияи Панҷ | |
|---|---|
| Донистаниҳо | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Хатлон |
| Марказ: | Панҷ |
| Замони таъсис : | 29 августи 1930 |
| Раиси ноҳия: | |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 880,6 км² |
| Шумораи шаҳрҳо : | 1 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 5 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2008) : | 78 698 кас |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | PJ |
| ISO-намоя : | TJ.KТ.PJ |
| Пешшумора : | +992 3552 |
| Нишонии почта : | 735140 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | .tj |
| Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Панҷ (форсӣ: ناحیۀ پنج) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳри Панҷ (форсӣ: پنج) аст ки 117 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир аст. Аз ин шаҳр то Душанбе 206 км роҳ аст.
Мундариҷа |
[вироиш] Ҷойгоҳ
Ноҳияи Панҷ бо сарзамине 880,6 км² дар дараи рӯди рӯди Панҷ ва марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Румӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Қумсангир аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя буда ва дар ҷануб бо ноҳияҳои Имомсоҳиб ва Арчӣ аз вилояти Кундӯз дар Афғонистон ҳаммарз аст.
[вироиш] Мардум
Мардуми Панҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Панҷ 78 698 тан ҷамъият дошт.
[вироиш] Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Панҷ 1 шаҳр ва 5 ҷамоат[1] дорад:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷ[2] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳри Панҷ | 7 917 | ||||||||||
| Араб | 16 390 | ||||||||||
| Кӯлдимон | 13 570 | ||||||||||
| Намуна | 15 178 | ||||||||||
| Сармантой | 15 524 | ||||||||||
| Тугул | 10 119 | ||||||||||
[вироиш] Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Панҷ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Панҷ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Панҷ барои 5 сол интихоб мекунанд.
[вироиш] Таърих
Ин ноҳия 29 августи соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Дар солҳои 1931 — 1936 ин ноҳия Бауманобод ва дар солҳои 1936 — 1963 Кировобод номида мешуд.
[вироиш] Пайнавиштҳо
- ↑ "Феҳристи ҷамоатҳо ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls.
- ↑ http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf