Ноҳияи Рӯдакӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Рӯдакӣ
Ноҳияи Рӯдакӣ дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: шаҳраки Сомониён
Замони таъсис : 27 октябри 1932
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 3302,8 км²
Шумораи шаҳракҳо : 3
Шумораи ҷамоатҳо : 13
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 103 057 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, ӯзбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : RU
ISO-намоя : TJ.RR.RU
Пешшумора : +992 3137
Нишонии почта : 734060
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ


Ноҳияи Рӯдакӣ (форсӣ: ناحیۀ رودکی) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар бахши марказии кишвар, дар водии Ҳисор ҷой дорад.

Ин ноҳия 21 январи соли 1935 ҳамчун ноҳияи Кӯктош дар вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва чанд бор номгардон шуд, то ин ки соли 1970 ба ёдбуди 100-умин солгарди зодрӯзи Владимир Ленин ноҳияи Ленин номида шуд.

Бар асоси Қарори № 462 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2003 ба поси хотири устод Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ ноҳияи Рӯдакӣ номида шуд[1].

Маркази ин ноҳия шаҳраки Сомониён аст, ки 17 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.


Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Рӯдакӣ дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол ва шимолу шарқ бо ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл, Хуросон ва Ёвон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ғарб — бо вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҳаммарз аст.

Паҳноварии ноҳияи Рӯдакӣ 3302,8 км² аст. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷанубу ғарби он рӯди Кофурниҳон гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2006 дар ноҳияи Рӯдакӣ 260 389 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд. Мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.


Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 3 шаҳрак - Сомониёну Навободу Мирзо-Турсунзода ва 13 ҷамоат дорад[2]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷамоат Аҳолӣ
Гулистон 31680
Зайнабобод 36716
Қиблаӣ 10612
Лоҳур 15424
Роҳатӣ 26976
Русия 22162
Сари киштӣ 26584
Султонобод 13180
Чимтеппа 26342
Чоргултеппа 25392
Чортеппа 25400
Чоряккорон 20657
Эсанбой 15920

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Рӯдакӣ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯдакӣ - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. http://www.tajik-gateway.org/index.phtml?id=3638&lang=ru
  2. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 23, 2010. 


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара ·

Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол