Ноҳияи Спитаман
| Ноҳияи Спитаман | |
|---|---|
| Донистаниҳо[1] | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Суғд |
| Марказ: | Нов |
| Замони таъсис : | 29 сентябри 1926 |
| Раиси ноҳия: | Узоқова Зулфия Анваровна |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 355 700 км² |
| Шумораи шаҳрҳо : | |
| Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 6 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2009) : | 116 ҳазору 800 кас |
| Зичии аҳолӣ : | 292,0 кас дар км² |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | NA |
| ISO-намоя[2] : | TJ.SU.NA |
| Пешшумора : | +992 3445 |
| Нишонии почта : | 735800 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | http://www.sugd.tj |
| Шумораи мошинҳо : | 02РТ |
Ноҳияи Спитаман (форсӣ: ناحیۀ اسپيتمن) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Нов (форсӣ: ناو) аст ки 28 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Нов то Душанбе 294 км роҳ аст.
Мундариҷа |
[вироиш] Ҷойгоҳ
Ноҳияи Спитаман бо сарзамине 355 700 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Мастчоҳ, дар шарқ — бо ноҳияи Расулов, дар ғарб — бо ноҳияи Ғончӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.
[вироиш] Мардум
Мардуми ноҳияи Спитаман ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Спитаман 101 ҳазору 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 292,0 кас дар км² буд[3].
[вироиш] Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Спитаман 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[4]:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Спитаман[5] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳраки Спитаман | 23 578 | ||||||||||
| Куркат | 21 702 | ||||||||||
| Қӯштегирмон | 6 442 | ||||||||||
| Нов | 12 910 | ||||||||||
| Оқтеппа | 13 879 | ||||||||||
| Тағояк | 12 047 | ||||||||||
| Фармонқурғон | 6 246 | ||||||||||
[вироиш] Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Спитаман Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Спитаман Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Спитаман барои 5 сол интихоб мекунанд.
[вироиш] Иқтисод
Ноҳияи Спитаман 10 корхонаи саноатӣ, 288 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 283 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 16 425 га, аз ҷумла 15 821 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].
[вироиш] Таърих
Ин ноҳия 29 сентябри 1926 чун ноҳияи Нов дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Узбакистон таъсис ёфта аст. 10 маи соли 1929, бино бар Қарори III анҷумани Шуроҳои ҶШС Узбакистон округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дода шуд ва дар октябри соли 1929 бахше аз Тоҷикистон шуд.
21 ноябри соли 2003 бар асоси Қарори № 460 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёди Спитаман ноҳияи Спитамен[7] номида шуд.
Спитаман (порсии бостон:Spitamana, юн.-қад. Σπιταμένη, 370 то милод — 328 то милод) сипаҳсолори суғдӣ ва раҳбари шӯриши суғдиён ва балхиён бар Александр дар соли 329 то милод буд.
[вироиш] Пайнавиштҳо
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Спитаман
- ↑ Raions of Tajikistan
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
- ↑ "Феҳристи ҷамоатҳо ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 25, 2011.
- ↑ "Бахшбандии вилояти Суғд ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khujand_AO/LG1.1.pdf. Retrieved March 25, 2011.
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Спитаман
- ↑ Постановление Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан О переименовании Науского района Согдийской области в район Спитамен
| Ноҳияҳои вилояти Суғд | |
|---|---|
| Ноҳияи Айнӣ • Ноҳияи Ашт • Ноҳияи Ғафуров • Ноҳияи Ғончӣ • Ноҳияи Зафаробод • Ноҳияи Истаравшан • Ноҳияи Исфара • Ноҳияи Конибодом • Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ • Ноҳияи Мастчоҳ • Ноҳияи Панҷакент • Ноҳияи Ҷаббор Расулов • Ноҳияи Спитаман • Ноҳияи Шаҳристон |