Ноҳияи Тавилдара

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Тавилдара
Ноҳияи Тавилдара дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Тавилдара
Замони таъсис : 27 октябри соли 1939
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 3
Мардум
Аҳолӣ (2007) : 12 660 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : TV
ISO-намоя : TJ.RR.TV
Пешшумора : +992 3156
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ

Ноҳияи Тавилдара (форсӣ: ناحیۀ طویل‌دره) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Тавилдара аст, ки 190 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хингоб ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Тавилдара дар дараи рӯди Хингоб ва доманаи кӯҳистони Помир ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Ҷиргатол, дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Нуробод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Ховалинг аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҷануб — бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Ванҷ ва дар шарқ — бо ноҳияи Мурғоб аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори январи соли 2008, дар ин ноҳия 12 660 тан бошанда зиндагонӣ дошта аст.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Тавилдара 3 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Тавилдара
Ҷамоат Аҳолӣ
Тавилдара 4067
Сангвор 4149
Чилдара 4444

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Тавилдара Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Тавилдара — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ваҳдат ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved Jun 27, 2010. 


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара ·

Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол