Ноҳияи Файзобод

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Файзобод
Ноҳияи Нуробод дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Файзобод
Замони таъсис : 14 июни соли 1931
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 874,11 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 9
Мардум
Аҳолӣ (2007) : 68 110 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : FA
ISO-намоя : TJ.RR.FA
Пешшумора : +992 3135
Нишонии почта : 735413
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 08РТ

Ноҳияи Файзобод (форсӣ: ناحیۀ فیض‌آباد) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 14 июни соли 1931 дар бахше аз вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия — шаҳраки Файзобод, 50 км шарқтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.


Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Файзобод бо сарзамине 874,11 км² дар водии Рашт ҷой дорад. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияи Ваҳдат, дар шарқ — бо ноҳияи Роғун, дар ҷануб — бо ноҳияҳои Норак ва Балҷувони вилояти Хатлон ҳаммарз аст.


Мардум[вироиш]

Ин ноҳия дар январи соли 2008 68 ҳазору 110 тан бошанда дошт. Мардуми ноҳияи Файзобод ба забонҳои тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Файзобод 1 шаҳрак (Файзобод) ва 8 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Файзобод 68110
Бӯстон 6233
Вашгирд 3575
Қалъаи Дашт 10866
Меҳробод 8232
Мискинобод 12711
Файзобод 8819
Чашмасор 8232
Ҷавонон 17674


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод[вироиш]

Бинои Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Файзобод Раиси ноҳияи он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Файзобод — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Файзобод ба муддати 5 сол интихоб мешавад.


Таърих[вироиш]

Даромадгоҳи ноҳияи Файзобод

Сарзамини ноҳияи Файзобод аз куҳантарин замонаҳо то нимаи дувуми асри 15 «Вашгирд» ном дошта аст. Ин ном дар Авесто ба гунаи Висакард ёд шудааст.

Ноҳияи Файзобод 14 июни соли 1931 бо Қарори № 32 Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Бар асоси ин Қарор, ки Раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ ҶШС Тоҷикистон А. Зинатшоев имзо кардаанд, ҷамоатҳои Гумбулоқ, Хуҷамард, Дубеда, Деҳишоҳ, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳроҷӣ ва қисми деҳаҳои ҷамоати Якабед аз ноҳияи Янгибозор ҷудо карда шуда ва ноҳияи нави Файзобод ташкил шуд. Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуд.

Моҳи январи соли 1963 ноҳияи Файзобод дубора бо ноҳияи Орҷоникдзеобод ҳамроҳ карда мешавад. Моҳи январи соли 1969 ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, то имруз арзи вуҷуд дорад. Маркази маъмурии он дар ҷои деҳаи собиқ Дарагиён муқарар гардид ва онро Файзобод номиданд.


Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2000 деҳаи Файзобод Шаҳрак эълом шуд.

Мақбараи Хоҷа Ҳотами Асамӣ

Соли 2001 70-солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод ҷашн гирифта шуд. Мардуми Файзобод бо ҳунармандии худ дар тамоми мамлакат шуҳрат доранд. Намудҳои ҳунарманди кулолгарӣ, чубкорӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, гулдузӣ ва ғайраҳо мардум шуғл меварзанд.

Файз хезад доимо аз хоки Файзободи ман
Файзи Файзобод бошад хонаи ободи ман!


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved Jun 14, 2010. 


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара ·

Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол