Ноҳияи Фархор

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Фархор
Ноҳияи Фархор дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Tajikistan.svg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: Фархор
Замони таъсис : 23 ноябри 1930
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1183,1 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 95 040 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : PA
Код ISO : TJ.KТ.PA
Пешшумора : +992 3316
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Фархор (порсӣ: ناحیۀ فرخار) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 23 ноябри соли 1930[1] дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[2].

Маркази ин ноҳия шаҳраки Фархор (порсӣ: فرخار) аст, ки дар канори рӯди Панҷ, 96 км ҷанубу шарқтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Фархор то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак як фурудгоҳ ва як корхонаи пахта дорад.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Фархор бо сарзамине 1183,1 км² дар дараи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ғарб — бо ноҳияҳои Вахш ва Румӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияи Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вулусволии Дарқад аз бахшҳои Вилояти Тахор дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Мардуми Фархор ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Фархор 95 040 тан ҷамъият дошт.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Фархор Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Фархор Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Фархор барои 5 сол интихоб мекунанд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Фархор 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Фархор[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Фархор 19 338
Ватан 16 749
Ғалаба 9 263
Гулшан 9 066
Дарқад 9 270
Деҳқонариқ 9 076
Зафар 9 263
Комсомолобод 10 358

Таърих[вироиш]

Дар сарзамини Фархор осори бисёре аз гаҳи бостон мавҷуд аст ки куҳантаринашон аз асри санг бозмондааст[5]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин вайронаҳои Шӯртеппа ё Мазортеппа аст, ки 3 км шимолтар аз Фархор ҷой доранд.

Сарзамини кунунии ноҳияи Фархор дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд. Номи Фархор дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои «Форғар» (порсӣ: فارغر) ё «Борғар» (порсӣ: بارغر) омада [6] ва дар он замон сарзаминеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Порғар и Ахшу ҷой дошт. Ин ҷойном дар асл «Порғар» (порсӣ: پارغر) буда ва «Форғар» (порсӣ: فارغر) ва «Борғар» (порсӣ: بارغر) арабишудааш аст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз ҷойноми «Форғар» дар достони ҷангҳои подшоҳи Турон Афросиёб ёд мекунад[7].

Дар садаи X м. Фархор сарзамине ободон ва дорои кишту барзи фаровон ва мардуми бисёр буд[8]. Дар садаи XVII м. ин сарзаминро «Форхар» (порсӣ: «فارخر») мехондаанд[9].

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Фархор бахше аз вилояти Кӯлоб гардид.

Номдорони Фархор[вироиш]

Фархор зодгоҳи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Муқаддас Набиева ва вазири пешини иртибототи Тоҷикистон М. Маҳмадов аст.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Фархорский район
  2. КУЛЯБСКИЙ РАЙОН
  3. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 5, 2011. 
  4. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khatlon/LG4.2.pdf
  5. Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958. — с. 12
  6. Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
  7. Абулькасим Фирдоуси. Шах-наме. Критический текст, в 9 томах. — М.: Наука, 1966—1971. Т.4, с. 279, 282
  8. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. — саҳ. 119
  9. Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (География). Введение, перевод, примечания, указатели Б. А. Ахмедова. — Ташкент: Фан, 1977. — 166 с. и 16 с. текста факсимиле. с. 64

Китобшиносӣ[вироиш]

  • Абулькасим Фирдоуси. Шах-наме. Критический текст, в 9 томах. — М.: Наука, 1966—1971. Т.4.
  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м.
  • Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (География). Введение, перевод, примечания, указатели Б. А. Ахмедова. — Ташкент: Фан, 1977. — 166 с. и 16 с. текста факсимиле.
  • Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
  • Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p.


Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод