Ноҳияи Шаҳритус
| Ноҳияи Шаҳритус | |
|---|---|
| Донистаниҳо | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Хатлон |
| Марказ: | Шаҳритус |
| Замони таъсис : | 29 августи 1930 |
| Раиси ноҳия: | |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 2380 км² |
| Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 5 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2009) : | 104 000 |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | ST |
| Код ISO : | TJ.KT.ST |
| Пешшумора : | +992 3240 |
| Нишонии почта : | 735180 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | .tj |
| Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Шаҳритус (форсӣ: ناحیۀ شهرتوس) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[1] ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд[2].
Маркази ин ноҳия Шаҳритус (форсӣ: شهرتوس) аст ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 112 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад. Аз Шаҳритус то Душанбе 230 км роҳ аст.
Мундариҷа |
Ҷойгоҳ[вироиш]
Ноҳияи Шаҳритус бо сарзамине 2380 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарё, дар шарқ — бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб — бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Мардум[вироиш]
Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Шаҳритус 95 040 тан ҷамъият дошт.
Ҳукумат[вироиш]
Сарвари ноҳияи Шаҳритус Раиси Ҳукумати он аст ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳритус Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳритус барои 5 сол интихоб мекунанд.
Бахшбандӣ[вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шаҳритус 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[3] дорад:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳритус [4] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳраки Шаҳритус | 34 784 | ||||||||||
| Обшорон | 6 010 | ||||||||||
| Пахтаобод | 14 671 | ||||||||||
| Сайёд | 11 949 | ||||||||||
| Холматов | 23 223 | ||||||||||
| Ҷӯра Назаров | 13 363 | ||||||||||
Таърих[вироиш]
Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5].
Дар сарзамини Шаҳритус осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст[6]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳи Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбод, Тиллоҳалоҷӣ, Чилучорчашма аст.
Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритус дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Шаҳритус бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қурғонтеппа гардид. 
Номдорони Шаҳритус[вироиш]
Бино бар ривояте, Шаҳритусро паҳлавони ҳамосӣ ва бостонӣ Тус писари Нӯзар бунёд гузошта аст.
Пайнавиштҳо[вироиш]
- ↑ Шаартузский район
- ↑ СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ
- ↑ "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 5, 2011.
- ↑ http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khatlon/LG4.2.pdf
- ↑ Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л., — с. 252; 292
- ↑ Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958. — с. 12
Китобшиносӣ[вироиш]
- Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
- Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
| Ноҳияҳои Хатлон | |
|---|---|
| Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод |