Ноҳияи Шӯрообод

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Шӯрообод
Ноҳияи Шӯрообод дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Tajikistan.svg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: Шӯрообод
Замони таъсис : 16 марти 1938
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 2380 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2010) : 52 200 кас
Зичии аҳолӣ (2010) : 22,7 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : SB
ISO-намоя[1] : TJ.KL.SB
Пешшумора : +992 3319
Нишонии почта : 735180
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ


Ноҳияи Шӯрообод (порсӣ: ناحیۀ شور آباد) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод (порсӣ: شور آباد) аст ки дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад. Аз Шӯрообод то Душанбе ... км роҳ аст.

Пули дусти миёни Flag of Tajikistan.svg Тоҷикистону Flag of Afghanistan.svg Афғонистон, дар минтиқаи Шаҳристони Хвоҳон, ва Ноҳияи Шӯрообод,پل دوستی میان افغانستان و تاجیکستان, در منتقه ی شهرستان خواهان و ناحیه شورآباد

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Шӯрообод бо сарзамине 2380 км² дар баландии 2-2,5 ҳазор метр аз сатҳи дарё дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Дарвоз ва Мӯъминобод, дар ғарб — бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб — бо ноҳияи Ҳамадонӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя ва дар шарқ— бо рӯди Панҷ ва Ноҳияи Хвоҳон, Ноҳияи Роғистон ва Шаҳри Бузург аз бахшҳои Вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Мардуми ноҳияи Шӯрообод ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Шӯрообод 52 ҳазору 200 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 22,7 кас дар км² буд[2].

Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ мекунанд. Дармонбахшии асали Шӯрообод дар саросари Тоҷикистон шинохташуда аст.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Шӯрообод Раиси Ҳукумати он аст ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шӯрообод Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шӯрообод барои 5 сол интихоб мекунанд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шӯрообод 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Шӯрообод[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
Шӯрообод 8 099
Дашти Ҷум 3 551
Доғистон 4 818
Йол 5 029
Лангардара 3 311
Сари чашма 9 339
Чагам 4 546

Торих[вироиш]

Сарзамини кунунии ноҳияи Шӯрообод дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буда ва то замони шӯравӣ Терай ё Терайзамин хонда мешуд. Бархе номпажӯҳон маънии ин ҷойномро «сарзамини бодхез ва шамолӣ» донистаанд. Устод Зафар Мирзоён маънии ҷойномро «гузаргоҳ» пешниҳод карда бо ин эҳтимол ки «шояд ин макон гузаргоҳи мардуми водии Кӯлоб аз ин соҳили Ому ва мардуми Чоҳобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст»[5]. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Терайзамин бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.

Ноҳияи Шӯрообод 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт[6] ва 2 декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон шуд[7].

Аз ёдгориҳои торихии ин сарзамин мазори Ҳазрати Имом Аскар, Оромгоҳи Махсуми Мулло Бодурҷон, оромгоҳи Шайх Муҳаммадамони Валӣ аст.


Омӯзишу парвариш[вироиш]

Ин ноҳия 54 мактаб дорад.

Иқтисод[вироиш]

Ноҳияи Шӯрообод сарзамине сероб аст. Ҳамакнун дар ин ноҳия чандин барномаи иқтисодӣ ба баҳрабардорӣ расидааст, аз он ҷумла: сохтмони корхонаи консервсозӣ, идораи фурӯши барқ, якчанд мактабхона, хонаҳо барои зиёндидагон аз офатҳои табиӣ, лӯлакашии об барои деҳаҳои Себдара, Хайркорон, Навообод, Девдара, бунёди тарабхона ва бемористон дар маркази ноҳия ва чандин дармонгоҳ дар деҳаҳои дуру наздик, бунёди чандин фурӯшгоҳ, пул, роҳҳо ва дигар созаҳои хурду калон бо сармояи коркушоёни бумӣ, аз он ҷумла сохтмони масҷиди бузург дар маркази ноҳия ва ҳамчунин сохтмони бузургроҳи Шӯрообод ба Қалъаи Хумб ва меҳмонхонаи калон дар маркази ноҳия бо сармояи кишварӣ.

Номдорони Шӯрообод[вироиш]

  • Давлатманд Холов — овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик.
  • Раисони ноҳия: Тошмад Назир, Саид Салимов, Шарифхон Қудратов, Иброҳим Азизов ва Амирхон Икромов.
نمای از شهر شورآباد, Акс аз шаҳри Шӯрообод

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Raions of Tajikistan
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
  3. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 5, 2011. 
  4. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khatlon/LG4.2.pdf
  5. turanica Торнигори Умед Ҷайҳонӣ
  6. Кулябский район
  7. СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ


Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод