Ноҳияи Ҳисор

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Ҳисор
Ноҳияи Нуробод дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Ҳисор
Замони таъсис : 29 январи соли 1932
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 3987,29 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 10
Мардум
Аҳолӣ (2007) : 165756 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбекӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : GI
ISO-намоя : TJ.RR.GI
Пешшумора : +992 3139
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ

Ноҳияи Ҳисор (порсӣ: ناحیۀ حصار) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 29 январи соли 1932 дар бахше аз вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ҳисор аст ки 26 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хонақоҳ ва Ҷӯи калони Ҳисор ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Ҳисор бо сарзамине 1982,1 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳринав ва дар шарқ — бо ноҳияи Варзоб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Аз шимоли ноҳияи Ҳисор ба ҷануби он рӯди Хонақоҳ мегузарад.


Мардум[вироиш]

Ин ноҳия дар январи соли 2008 165 756 тан бошанда дошт. Мардуми ноҳияи Ҳисор ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ҳисор 1 шаҳрак (Ҳисор) ва 10 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ҳисор
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Ҳисор 20524
Алмосӣ 15029
Деҳқонобод 13698
Дурбат 14136
Карамкӯл 15152
Мирзо Ризо 18538
Навобод 19496
Хонақоҳ 20500
Хонақоҳи Боло 20392
Шарора 8291


Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Ҳисор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҳисор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ҳисор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Таърих[вироиш]

Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Ҳисор дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (порсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (порсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[2] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (порсӣ: «حصار شادمان») ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (порсӣ: «حصار») ё «Ҳисорак» (порсӣ: «حصارک») навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[3] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved Jun 14, 2010. 
  2. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  3. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара ·

Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол