Ноҳияи Ҷаббор Расулов
| Ноҳияи Ҷаббор Расулов | |
|---|---|
| Донистаниҳо[1] | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Суғд |
| Марказ: | Пролетар |
| Замони таъсис : | 21 январи 1935 |
| Раиси ноҳия: | Обидҷонов Насим Наимович |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 328,5 км² |
| Шумораи шаҳрҳо : | |
| Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 5 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2009) : | 115 ҳазору 600 кас |
| Зичии аҳолӣ : | 385,3 кас дар км² |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | DR |
| ISO-намоя[2] : | TJ.SU.DR |
| Пешшумора : | +992 3455 |
| Нишонии почта : | 735820 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | http://www.sugd.tj |
| Шумораи мошинҳо : | 02РТ |
Ноҳияи Ҷаббор Расулов (форсӣ: ناحیۀ جبار رسولف) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Пролетар (форсӣ: پرالتار) аст ки 20 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Пролетар то Душанбе 297 км роҳ аст.
Мундариҷа |
Ҷойгоҳ [вироиш]
Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо сарзамине 328,5 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Спитаман ва ноҳияи Ғафуров аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқу ҷануб — бо ноҳияи Лайлак аз ноҳияҳои вилояти Бодканд дар Қирғизистон ҳаммарз аст.
Мардум [вироиш]
Мардуми ин ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳия 115 ҳазору 600 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 385,3 кас дар км² буд[3].
Бахшбандӣ [вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳия 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад[4]:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов[5] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳраки Пролетар | 12 627 | ||||||||||
| Ғӯлакандоз | 31604 | ||||||||||
| Гулхона | 18510 | ||||||||||
| Деҳмоҳӣ | 19190 | ||||||||||
| Ӯзбек-қишлоқ | 12577 | ||||||||||
| Янги ҳаёт | 10795 | ||||||||||
Ҳукумат [вироиш]
Сарвари ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҷаббор Расулов Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод [вироиш]
Ноҳияи Ҷаббор Расулов 12 корхонаи саноатӣ, 514 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 479 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 39247 га аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].
Таърих [вироиш]
Ин ноҳия 21 январи соли 1935 чун ноҳияи Пролетар дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 барои ёдбуди Ҷаббор Расулов, яке аз раҳбарони коммунист ва шӯравии Тоҷикистон «ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов» номида шуд[7].
Пайнавиштҳо [вироиш]
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
- ↑ Raions of Tajikistan
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
- ↑ "Феҳристи ҷамоатҳо ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 28, 2011.
- ↑ "Бахшбандии вилояти Суғд ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khujand_AO/LG1.1.pdf. Retrieved March 28, 2011.
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Ҷаббор Расулов
- ↑ http://www.library.cjes.ru/online/?a=con&b_id=780&c_id=10540 Библиотека ЦЭЖ
| Ноҳияҳои вилояти Суғд | |
|---|---|
| Ноҳияи Айнӣ • Ноҳияи Ашт • Ноҳияи Ғафуров • Ноҳияи Ғончӣ • Ноҳияи Зафаробод • Ноҳияи Истаравшан • Ноҳияи Исфара • Ноҳияи Конибодом • Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ • Ноҳияи Мастчоҳ • Ноҳияи Панҷакент • Ноҳияи Ҷаббор Расулов • Ноҳияи Спитаман • Ноҳияи Шаҳристон |