Ноҳияи Лахш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Ҷиргатол)
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Лахш
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи НТМ
Шомили 1 шаҳрак, 9 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ваҳдат
Раиси ноҳия Холзода Каромиддин Камолиддин (аз 2023)[2]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 10 марти соли 1931
Масоҳат 4580,1 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 54 400[3] нафар (2022)
Миллият тоҷикон, қирғизҳо
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа DZ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.DZ
Коди телефон +992 3132
Нишонаи почта 737450
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ08
Ноҳияи Лахш дар харита

Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 — ноҳияи Ҷиргатол) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон аст.

Ноҳия 10 марти соли 1931 таъсис ёфтааст. Солҳои 1939 — 1955 дар ҳайати вилояти Ғарм буд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ваҳдат, дар соҳили дарёи Сурхоб 284 км дуртар аз Душанбе, воқеъ аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Тавре аз ҷониби баъзе олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс тазаккур шудааст, водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт ва давлату давлатдорӣ будааст. Як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба воситаи водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Харобиҳои шаҳри Чоргул дар водии Лахш далели онанд, ки дар ин ноҳия санъати меъмориву шаҳрсозӣ ҳанӯз дар даврони қадим инкишоф ёфта буд.

Лахш аз соли 1870 то ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухоро (соли 1920) дар ҳайати миригарии Ғарм, дар тобеияти Аморати Бухоро буд. Баъди инқилоб он ҳамчун тумон ба ҳайати вилояти Ғарм дохил гардид. Он ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ буда, 10-уми марти соли 1931 ҳамчун ноҳияи алоҳида ташкил ёфта, то соли 2016 ҳамчун ноҳияи Ҷиргатол ва аз моҳи апрели соли 2016 ин ҷониб бо номи ноҳияи Лахш маълум мебошад.

Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон, дар ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳияи Лахш 4580.1 км² ташкил медиҳад.

Маркази имрӯзаи ноҳия ва аксар деҳаҳо дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи дарёи Сурхоб доман густурдааст. Аз чашмасоронаш дарёчаҳои куҳии Муқсу, Тамдиқул, Пиёзӣ, Оби Кабуд, Дувана, Ғулама маҷро мегиранд. Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Муқсу ва аз рост Оби Кабуд мебошанд.

Ноҳияи Лахш дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва зиёда аз 95%-и ҳудуди онро қаторкуҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ ва куҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд. Ноҳия дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело зиёд дошта, дар сурати истифода бурдани ин имкониятҳо дар давоми солҳои оянда метавон шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҷалб намуд.

Бо мақсади шинос шудан аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия солҳои 2009-2012 аз давлатҳои Русия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Фаронса, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳои дунё беш аз 1600 нафар ташриф овардаанд, ки ин нишондод нисбати солҳои 2005-2006 ду маротиба зиёд мебошад.

Ҷойҳои тамошобоб[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди ноҳия дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Оби шифобахши он барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, ревматизм ва дигар касалиҳо давобахш мебошад. Илова бар ин, сарчашмаи оби мазкур барои бемориҳои занона, махсусан безурётӣ ва ғайра фоидаи самарабахш медиҳад. Оби ин сарчашма аз таги замин фаввора зада баромада, 950 С гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз таги замин чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки дидани он ба ҳар як шахс ҳаловати тоза мебахшад. Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб буда, дар манзараи бисёр афсонавӣ ҷойгир шуда, диққати садҳо сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Илова бар ин, мавзеи зикргардида дар канори дарёи Тандиқул ҷойгир гаштааст, ки дар он сохтани НОБ-и хурд (20 кВт) ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Саритал дар деҳаи Осиёбон ҳавзи калон дар масоҳати 5 га ҷойгир аст. Ин ҳавз дар мавзеи ниҳоят зебо, дар доманаи куҳҳо ҷойгир мебошад, ки назари ҳар сайёҳро ба худ ҷалб месозад.

Дар деҳаи Дашти мурғони ҷамоати деҳоти Сурхоб дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр Ҳавзи Кабуд дар масоҳати 45 га ҷойгир буда, аз дигар ҳавзҳо бо хусуияти ба худ хос ба куллӣ фарқ мекунад. Яке аз хусусиятҳои ин ҳавз дар он аст, ки оби он пурра кабуд мебошад ва он оби софу шаффоф аст. Дигар хусусияти хосаш дар он аст, ки дар ин ҳавз ягон намуди моҳӣ ё ин ки дигар намуди ҷондорҳои баҳрӣ вуҷуд надорад. Аз оби мусаффои ин ҳавз аҳолии деҳаи Дашти мурғон ҳамчун оби ошомиданӣ истифода мебаранд.

Дар ҳудуди ноҳия ҳамчунин ёдгориҳои таърихӣ (петроглиф)-ҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Себистон ҷамоати деҳоти Сайлиобод ҷойгир мебошад ва он Ғори Сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки ин ғор ба давраи то милод мансуб буда, одамони қадим дар ин мавзеъ умр ба сар мебурдаанд. Дар сангу шухҳои ин ҷо акси одамони қадим, ҳайвонот ва дигар расмҳои диданиву тамошобоб нақш бастаанд. Чунин навиштаҷоту аксҳо дар наздикии деҳаи Бушолони ҷамоати деҳоти Сурхоб, мавзеи Тандиқули ҷамоати деҳоти Нурафшон низ мавҷуд мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи Лахш дорои таърихи бою рангин мебошад. Ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои зебо, куҳҳои сарбаланду чашмаҳои мусаффо, дашту дамани фаррох диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 55,7 ҳаз. тан бошанда доштааст[4]. Аксарияти мардуми таҳҷоиро қирғизҳо ва тоҷикон ташкил медиҳанд. Мардуми ноҳияи Лахш ба забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ сухан мегӯянд.

сол 1992 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
шумора
(ҳаз. нафар)
46,1 57,6 58,3 59,2 60,3 61,3 62,6 63,8 65,1 66,4 53,3 54,4

Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Лахш 1 шаҳрак (Ваҳдат) ва 8 ҷамоат дорад.

Тақсимоти ноҳия
Маҳалли аҳолинишинНомҳои пешинаМаркази маъмурӣАҳолӣ,
2017
1Ваҳдат, шаҳракҶиргатол-6400
2Сайлиободдеҳоти АлғаМеҳробод4267
3Истиқлолдеҳоти ҚашотСарипул3890
4Лахшдеҳоти ҶайилганЧорсӯ5830
5Лахши Болодеҳоти МуқсуЛахш6818
6ПилдонПилдони Миёна5111
7Сариталдеҳоти СарталоСаритал17674
8СурхобДуағба2367
9Наврӯздеҳоти ҶиргатолСариосиёб12663
10Нурафшондеҳоти ЯнгишаҳрХуррамшаҳр8786 [5]

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари ноҳияи Лахш Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Лахш — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Лахш ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]