Обанбори Норак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарёи Вахш
Обанбори Норак

Обанбори Норак — дар дарёи Вахш, назди шаҳри Норак, вилояти Хатлон ҷойгир аст. Обанбори Норак барои таъмини Нерӯгоҳи барқии обии Норак бо об сохта шудааст.

  • Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:
  • масоҳати обанбор – 98 км²;
  • дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
  • чуқурии миёна - 107 м;
  • фаррохӣ - 5 км;
  • ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3;
  • ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
  • баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
  • сатҳи максималии об – 910 м;
  • сатҳи минималии об - 857 м.

То 1 январи соли 2010 Нерӯгоҳи барқии обии Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерўи барқ истеҳсол кардааст.

Обанбори Норак бо шабакаҳои НБО Норак пайваст аст. Обанбори Норак дар солҳои 70 - уми асри XX бо об пур карда шудааст. Оби обанбори Норак на танҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин ба воситаи нақбҳои махсус (нақби Данғара дарозиаш — 14 км.) барои обёрии заминҳои корам истифода бурда мешавад.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]