Окрошкаи гӯштӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Окрошка

Окрошкаи гуштӣ Бодиринги тару тоза ва гушти обпаз (сосиска)-ро нахудй реза мекунанд; пиёзи кабуди резаро бо намак каме совида, сафедии тухми обпазро майда пора мекунанд, зардиашро бо сметана намак ва шакар (агар лозим ояд, камтар хардали тайёр андохта) ме-сованд; ба сметанаи махлут сафедй ва пиёзи кабуд илова карда, дар квас ҳал мекунанд ва бодирингу гушт андохта, хуб меомезанд. Вақти ба косах,о кашидан чаъфарй ё шибити реза ва ба ҳар як коса порае ях меандозанд. Ба 1 л квас 250 г масолех,и гуштй, 75 г пиёзи кабуд, 2 дона бодиринги тару тоза, 2 дона тухм, 3 кршуц сметана, мувофици табъ намак, шакар ва хардал лозим аст. Окрошкаи сабзавоти. Картошка, лаблабу, сабзии пӯсткандаи обпазро нахудӣ реза карда, бодиринги талу тозаро илова мекунанд; пиёзи кабудй резаро бо намак ме-сованд; сафедаи тухми сахтро реза карда, зардиашро бо сметана, намак. шакар, хардал совида, дар квас хал мекунанд. Ба косахо ба тарзи дар боло зикршуда мекашанд. Ба 1 л квас 3—4 дона картошка, 1 донагй сабзӣ ва лаблабу, 2—3 до¬на бодиринги тару тоза, 50 г пиёзи кабуд, 3 дона тухм, '/2 истакон сметана, мувофикд табъ намак, шакар ва хардал лозим аст. Ба ҷои квас ҷурғот ё чаккаи обкардаро низ истифода бурдан мумкин аст.