Ориёӣ

Аз Википедиа
(Тағйири масир аз Ориёи)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Зарри бостонии ориёӣ ки дар Эрон бозёфт шудааст, ба вақти якуми пеш аз милод рост меояд.

Ориёӣ - аз калимаи авестоии «ā́rya» ва эронии «airya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро - ориёӣ мегуфтанд.

Таърих ва меҳани ориёиҳо[вироиш]

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто[1] ва Ведҳо[2], адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар сарчашмаҳои қадим якчанд кишварҳои ориёӣ номбар шудаанд: дар "Михр-яшт" навишта шудааст, ки Аирьошаяну ("Маскани ориёиҳо") шаш кишварро дарбар мегирад:Ишкат ва Поурут (дар кӯҳсори Ҳиндукш), Моуру ва Харойа (Марв ва Ҳирот), Гава-Суғд ва Хваиризем (Суғд и Хоразм). Дар "Видевдод" (қисмати Авесто) 16 кишвар номбар гардидааст, аз ҷумла « «Airyanəm vaējah» - "Аирянам Ваэҷаҳ" (Ориёно "Фарохнои ориёиҳо"). Инчунин, дар Авесто панҷ халқи ориёӣ номбар шудааст:ориёӣ (airya-) - офарандагони Авесто ва халқҳои дигар (ғайри эътқоди Дини зардуштӣ) - туйиря (tūirya-), сайрима (sairima-), саини (sāini-) ва дахҳо (dåŋha-), ки ба халқҳои эронизабон (яъне, ориёиҳо) нисбат дода шудаанд. Маҳз аз ҳамин тазоди авестои минбаъд тазоди Эрон (кишвари ориёиҳо) ва Турон - Давлати Афросиёб ба миён омадааст.[3]

Дар замони қадим oриёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил медоданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX- XV пеш аз мелод онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кўчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Марказӣ ва Эрони Шарқӣ маскан гирифта зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Мутобиқи сарчашмаҳо аввалин ва қадимтарин сулолаи подшоҳони ориёӣ - сулолаи Давлати Пешдодиён буд.

Қабилаҳои ориёӣ[вироиш]

Қабилаҳои ориёӣ - номи қабилаҳои қадимтарини ҳиндуэронӣ мебошад, ки дар аввали ҳазораи дуюми пеш аз милод аз тоифаи ҳиндуаврупоиҳо ҷудо шуда ба Осиёи Марказӣ, ва охири ҳазораи дуюми пеш аз мелод ба Эрон ва Ҳиндустони Шимолӣ ҳиҷрат кардаанд.

Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX – VIII п.м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ – Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд. Ба қатори халқҳои ориёии ин давра бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо - скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигар дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми кишвари Ориёно - Давлати Пешдодиёну Каёниён ва Турон - Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.

Имрӯз ба ориёиҳо: тоҷикон, эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, булуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд.[4]

Адабиёт[вироиш]

  1. https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D0%B2%D0%B5%D1%81%D1%82%D0%BE
  2. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D0%B5%D0%B4%D1%8B
  3. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D1%80%D0%B8%D0%B8
  4. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 30.

Инҷоро ҳам нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]