Офтобгардон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Офтобпараст

Офтобгардон (порсӣ: آفتاب‌گردان) ва ё Офтобпараст (лотинӣ: Helianthus annuus), гиёҳест яксола. Аз 70 то 2,5 м қад мекашад. Пояаш рост, баргаш калон, дилшакли дандонадор, гулаш зард, донакаш фонашакли мағздор. Офтобгардон зироати муҳими равғандор ва хӯроки чорвост. Дар таркиби дони Офтобгардон равған, триглитсерид, фосфолипидҳо, сафедаҳо, аминокислотаҳо, карбогидратҳо, каротин, ҷавҳари лиму ва диг. моддаҳо фаровон аст. Равғани Офтобпараст барои тайёр кардани таомҳои гуногун, маргарин, алиф, собун ва дар саноати консерв, мағзаш дар қаннодӣ, кунҷорааш чун хӯроки чорво истифода мешавад. Офтобгардон растании асаловар аст.

Табибони гузашта бо гули офтобгардон бемориҳои гуногунро муолиҷа мекарданд. Бино ба маълумоти эшон агар онро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро мегардонад, истеъмоли он бар зидди заҳролудии бадан тарёки хубест, гиреҳҳои рагҳои майна ва ҷигарро мекушояд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона ва зарарнок пок месозад, дарди дандонро таскин медиҳад, боҳро қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад; барои бавосир, захми шуш, зардпарвин, обварам дармон мешавад, пешоб ва ҳайзро меронад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. Агар ҳар як қисми ин растаниро кӯфта гузошта банданд, дарди пайвандҳо, ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подагра) ва ханозир (свинка)-ро дафъ мекунад.

Iglesia de Nuestra Señora de La Blanca, Cardejón, España, 2012-09-01, DD 02.JPG

Дар тибби халқӣ равғани гарми офтобгардонро барои муолиҷаи ҷойҳои сӯхта, ҷароҳат, шалҳидагӣ ва кафидагии пӯст истифода мебаранд. Онро чун воситаи исҳоловар низ (40 – 60 г) тавсия медиҳанд. Чой ва ҷӯшоби гули офтобгардонро барои муолиҷаи заъфарма, тарбод, радикулит, невралгия, дарди дил ва рафъи халаи рӯдаҳо кор мефармоянд. Бо гулҳои канории сабадаки офтобгардон назлаи роҳҳои болои нафасро муолиҷа мекунанд. Қиёми гули офтобгардон (40 г дар 200 мл об) ҳангоми вараҷа, судабандии бронхҳо ва халаи меъда муфид аст. Гули офтобгардонро дар давраи шукуфтанаш меғундоранд; онро дар ҷои сояи шамолрас хушкондан лозим аст. Барги онро алоҳида ҷамъоварӣ мекунанд ва дар ҷои соя мехушконанд. Бо мақсади муолиҷаи колити ташаннуҷӣ 15 – 20 г гули хушки офтобгардонро дар 1 истаон оби ҷӯш андохта дам медиҳанд. Онро полонда, 15 – 20 дақ. пеш аз хӯрок 3 чумчагӣ ошомидан лозим аст.

Дар тибби муосир равғани Офтобпараст ба таркиби бисёр мерҳамҳо ва линиментҳо дохил карда шудааст. Он холестерини хунро кам мекунад, бинобар ин барои пешгирии атеросклероз ва бемориҳои дигар аҳамияти калон дорад[1].

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:

Манбаъ[вироиш]

  1. Офтобпараст дар Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/o/oftobparast/18-1-0-1951