Оқил Оқилов
| Оқил Оқилов Оқил Оқилов |
|
|---|---|
| Зодрӯз | 2 феврали соли 1944 Хуҷанд |
| Вазифа | Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Оқил Ғайбуллоевич Оқилов - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии №5-и трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони №9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.
Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Бо орденҳои Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, "Нишони фахрӣ", медали "Барои меҳнати шоён", унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон", Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонда шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 аз нав Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Пайвандҳо[вироиш]
|
|