Пайкари осмонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нигора ва феҳристе аз суратҳои фалакӣ дар китобе аз донишманди форсу тоҷик Абдурраҳмони Сӯфӣ

Сурати фалакӣ (форсӣ: صورت فلکی‎), пайкари осмонӣ (форсӣ: پیکر آسمانی‎), галаситораҳо, ҳамахтарҳо — маҷмӯъи калони ситораҳо, ки таҳти таъсири қувваҳои ҷозиба ба ҳам наздик шудаанд.

Суратҳои фалакӣ ҳанӯз то кашфи галактикаҳо маълум буданд. Суратҳои фалакӣ дар Галактикаи мо ва дигар галактикаҳо мавҷуд буда, дар як вақт аз як туманоти газучангӣ ҳосил шудаанд. Суратҳои фалакӣ аз бурҷҳо фарқи куллӣ доранд. Бурҷ маҷмӯи ситораҳои дар минтақаи муайяни кураи осмон ҷойгирифта аст, ситораҳои он нисбат ба мо дар масофаҳои гуногун ҷойгиранд ва бо ҳам кашиши ҷозибавӣ надоранд. Ду навъи Суратҳои фалакӣ мавҷуд аст — куравӣ (манзума) ва пароканда (мансура, бешакл).

Суратҳои фалакии куравӣ зоҳиран курашакл буда, зичии ҷойгиршавии ситораҳояшон ба самти марказ меафзояд. Чунин суратҳои фалакӣ дар масофаҳои дур ‒ даҳҳо Мпк воқеанд: онҳоро фақат ба воситаи телескопҳо мушоҳида намудан мумкин аст. Суратҳои фалакии куравӣ умри зиёд (зиёда аз 12 млрд сол) ва ситораҳои бисёр дошта, ситораҳои қисми марказии онҳо нисбат ба ситораҳои атрофи Офтоб садҳо-ҳазорҳо баробар зичтар ҷойгир шудаанд. Андозаашон 20‒60 пк ва миқдори ситораҳояш аз даҳҳо ҳазор то ба миллионҳо мерасад. Шумораи онҳо дар Галактикаи мо қариб 200, дар Туманоти Андромеда 500 ва дар фавқулгалактикаи М87 то 13000 адад аст. Дар бисёр суратҳои фалакии куравӣ ситораҳо дар як марҳалаи таҳаввул ҳастанд, ки ин далели дар як вақт ба вуҷуд омадани онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар муҳити байниситоравии зичиаш зиёд ба вуҷуд омадаанд. Чунин суратҳои фалакӣ дар гирди Галактикаи мо бо суръати ~200 км/с дар давоми 108—109 сол як маротиба давр мезананд.

Суратҳои фалакии пароканда шакли муайян надошта, ситораҳои онҳо бе тартиби муайян ҷойгиранд. Баъзе суратҳои фалакии пароканда, ба монанди Парвин (арабиаш Сурайё), Гиадиҳо ё Алфа Персей ба чашм хуб намоён мешаванд. Мунаҷҷимони қадим онҳоро то кашфи галактикаҳо ба қайд гирифтаанд, аз ҷумла ахтаршиноси садаи X Абдурраҳмони Суфӣ онро дар бурҷи Бодбон (Сафина) тасвир намудааст. Онҳо дар наздикии тасмаи Роҳи Каҳкашон ҷойгир мебошанд, дар ҳолате, ки суратҳои фалакии куравӣ дур аз он, дар галои галактика ҷой гирифтааст. Суратҳои фалакии пароканда аз садҳо-ҳазорҳо ситораи дар як замон аз як абри азими молекулавӣ ҳосилшуда ташкил ёфтаанд. Дар Галактикаи мо қариб 1200 адад чунин суратҳои фалакӣ мушоҳида шудаанд, ҳарчанд миқдори умумии онҳо зиёд аст. Ситораҳои онҳо бо ҳамдигар алоқамандии зич надоранд ва ҳангоми гузариш аз назди галаситораҳои дигар ё абрҳои азими газучангӣ парешон мешаванд. Суратҳои фалакии пароканда дар галактикаҳои спиралшакл ва бешакл мушоҳида мешаванд, ки дар онҳо раванди фаъоли ситоратавлидшавӣ идома дорад. Суратҳои фалакии ҷавон дар байни абрҳои молекулавӣ ҷойгир мешаванд (аз он ба вуҷуд меоянд). Бисёр суратҳои фалакии пароканда устувор нестанд ва дар фосилаи якчанд миллион сол афканиши ҷавонситораҳои тафсон гази дохилии системаро ба берун тела дода, массаи онро то дараҷае кам мекунанд, ки ситораҳои онҳо зуд пароканда мешаванд. Гузариши як ситора аз назди ситораи дигар метавонад суръати онро зиёд намуда, сабаби аз Суратҳои фалакӣ канда шуданаш гардад. Чунин равандҳо сабаби парешон шудани ситораҳои суратҳои фалакии пароканда мегарданд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]