Пайрав Сулаймонӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Пайрав Сулаймонӣ
Пайрав Сулаймонӣ
Pairav.jpg
Зодрӯз 1899
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}
Даргузашт 1933
Вазифа нависанда

Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933) умри хеле кӯтоҳ дид, ҳамагӣ 34 сол. Ӯ дар осмони назми тоҷик чун ситораи тобноке дурахшиду нопадид гашт. Вале шеъри ӯ имрӯз ҳам, фардо ҳам ва қарнҳои оянда ҳам дилҳоро тасхир хоҳад кард, ҳисро сайқал хоҳад дод, дар комилтар гардидани инсон саҳм хоҳад гузошт.

Беҳуда нест, ки устод Айнӣ аз арзи вуҷуд кардани ӯ дар майдони адабиёт изҳори шодмонӣ карда, навишта буд: :«Пайрав соҳиби истеъдоди комил аст, бӯстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад». Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад.

Эҷодиёт[вироиш]

Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17 -солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.

Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони «Шукуфаи адабиёт» бо ҳуруфи арабӣ аз чоп баромад. Ин аз як тараф, албатта, наметавонист шоирро хурсанд накунад, вале аз тарафи дигар ӯро малул гардонид.

Ӯ дар мактуби худ ба дӯсташ Раҳим Ҳошим якуми маи соли 1931 дар ин бора навиштааст: :«Дигар маҷмӯаи ман расид, саломат бош! Чаро обложкаи онро ин қадар хунук кардаанд? Рамкаи сиёҳ барои чӣ? Кӣ мурда буд?» «Шукуфа» ҳам ба ҳамин хунукӣ мешудааст-мӣ? Аммо бо ҳамаи ин эҳтиётҳо чаро боз ин ҳама ғалат? Забарҳоро зер кардаанд, зерҳоро забар ва як тӯда ғалатҳои дигар. Порчаи «Ҳиндустон» чӣ шуд? «Гуландом» куҷо рафт? Ку? Куҷо шуд?.

Пайрав Сулаймонӣ

Ҳамон сол, яъне соли 1931 достони ӯ «Тахти хунин» дар шакли китобчаи алоҳида ба табъ расид, ки он ҳам бо ҳуруфи арабӣ аст. Соли 1932 дигар маҷмӯаи ӯ бо номи «Шеърҳо» бо ҳуруфи лотинӣ аз чоп баромад.

Китоби дигари Пайрав «Қадам ба панҷсолаи дуввум» баъд аз вафоти ӯ соли 1934-ум нашр гардид. Дар архиви шоир чопи мошинкаи ин маҷмӯа маҳфуз аст. Ин ба мо ҳуқуқ медиҳад, ки таҳия маҷмӯаи «Қадам ба панҷсолаи дуввум» -ро ба худи муаллиф нисбат диҳем.

Маҷмӯаи шеърҳо[вироиш]

Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».

Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав ба шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир «Шукуфаи адабиёт» 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ «Шеърҳо» 30 шеърро ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» 45 шеърро фаро гирифтааст. Ба «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле ҷолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав танзим ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар маҷмӯаи «Шукуфаи адабиёт» Пайрав 5 шеъри лирикии худро дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» -ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин хулоса омадани Бектош гардидааст: «Аз ин нуқтаи назар Пайрав дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи навхези савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани Инқилоби октябрро аз ҳама пештар ва равшантар ҳис мекунад».

Тадқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки Раҳим Ҳошим нафақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст.

Баъд аз он ки шеърҳои ишқии Пайрав боиси ба гардани ӯ гузоштани айбҳои сиёсӣ гардид, дар маҷмӯаҳои дигари худ «Шеърҳо» (1932) ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» онҳоро ворид насохт. Ин маҷмӯаҳо танҳо шеърҳоеро дар бар гирифтаанд, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд.

Раҳим Ҳошим ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1934 18 шеъри лирикии Пайравро дохил намудааст.

Тадқиқи матнҳо нишон медиҳад, ки Раҳим Ҳошим на фақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст. Ин фикрро чунин суханони духтари Пайрав – Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ тасдиқ мекунад: «Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим архиви падарамро ба мо супурданд. Ман вақте ки онро варақ мезанам, чи шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанднусхагӣ буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи нав илова шудааст».

Вале дар баъзе шеърҳо матни истифода бурдаи Раҳим Ҳошим аз матни архиви шоир, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст, фарқ мекунад. Ин фарқҳо дар қисми муқоиса ва тавзеҳоти Куллиёти илмии Пайрав нишон дода шудаанд. Чунон ки илми матншиносӣ тақозо мекунад, мутуни асосӣ барои Куллиёти илмии адиб нашри охирини ҳар як асари ӯст, ки ҳангоми дар қайди хаёт будани ӯ ба табъ расидааст. Вале на ҳамеша нашри охиринро чун матни асосӣ истифода бурдан мумкин аст.

Барои мутуни саҳеҳи ҳар як шеърро пешниҳод кардан ҳамаи сарчашмаҳои онро мавриди тадқиқ қарор додан зарур аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав ҳамаи сарчашмаи матни осори ӯ, пеш аз ҳама маводи архив, маҷмӯаҳои ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ва баъди сари ӯ ба табъ расида, китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба ҳам муқоиса ва аз назари тадқиқ гузаронида шудаанд.

Дар бисёр мавридҳо ба ҷои нашри охирини асари шоир дастхати ӯ аз архив чун матни асосӣ истифода шуд, зеро матни шеърҳои Пайрав бо ду роҳ осеб дидааст:

  1. Нодуруст хондани калима боиси тағйир ёфтани он ва дигар шудани мазмуни мисраъ гардидааст.

Масалан, дар шеъри «Кай гуфтаамат?» мисраи 16 дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир ба тарзи зер навишта шудааст:

Дилбурдаи дилдодаи худро нигарон бош.
Мо аз дастнависи шоир ин масраъро чунин хондем
Дил бардаӣ, дил додани худро нигарон бош.

Дар ин мисраъ «дил» дар ҳар ду калима алоҳида навишташуда, «и» -и калимаи аввал «ӣ» -и дароз, на «додаи». Дуруст будани ин мисраъро мисраи аввали ҳамин байт тасдиқ мекунад:

Шоҳини асорат сари ҳар кӯй нанишинад,
Дил бурдаӣ, дил додани худро нигарон бош.
Яъне, шоҳини ишқ дар сари ҳай кӯй наменишинад.
Модом ки ту дили касеро рабудаӣ, худат ҳам дил хоҳӣ аз даст дод.

Дар матни «Мухаммас бар ғазали Ризоӣ» ҳангоми муқоиасаи ҳамаи нашрҳо бо дастнависи Пайрав се нуқсон ба назар расид.

  1. Банди дуюм ва сеюм пешу қафо омадааст. Ин нуқсон ҳангоми аз назар гузаронидани таркиби мисраъҳои ғазали Ризоӣ равшан падидор гардид.
  2. Дар мисраи 14-ум, яъне мисраи 5-уми ғазали Ризоӣ, ки Пайрав овардааст, иваз шудани як ҳарф боиси осеб дидани матн гардидааст.
Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.

Ин мисраъ ҳам дар дастнависи Пайрав ва ҳам дар ғазали Ризоӣ ба тариқи зер аст:

Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.
Ки кас зи хешу зи бегона ғамгусор надорам.
  1. Дар банди охирини ин мухаммас дар мисраи 32-юм ба ҷои калимаи «эъҷоз» эъзоз омадааст, ки мазмунро ароб кардааст.

Маънои калимаи «эъҷоз» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» «кори ҳайратовар ва аз одат берун, мӯъҷиза», «эъзоз» бошад, «ҳурмат, иззат, эҳтиром» эзоҳ ёфтааст. Асли ин мисраъ дар дастнависи шоир чунин аст:

Ба авҷи шеъри ту эъҷознорас аси, Ризоӣ.

Сабаби дуввуми чунин матни асосӣ истифода шудани дастнависи шоир аз тарафи муҳаррир ва ё корманди нашриёт ё ин ки худи муаллиф дидаю дониста партофта шудани баъзе мисраъ ва байтҳо мебошад. Ғазали «Парешон»-ро нахустин бор Расул Ҳодизода аз ҳошияи девони қасоиди Файзи Даканӣ пайдо намуда, дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (1956, №6) ба табъ расонидааст ва дар ин бора мақолае низ навиштааст. Ин ғазал баъд аз он дар «Маҷмӯаи осор»-и соли 1959 ворид гардид. Маълум мешавад, ки мураттиби «Маҷмӯаи осор» онро аз мақолаи Расул Ҳодизода гирифтааст. Зеро ҳар ду матн як хел буда, дар онҳо байти зерин дохил нагардидааст:

Рӯз парешонтар аз шабу шабам аз рӯз,
Зиндагим гашта тиру тор парешон.

Дар маҷмӯаҳои баъдинаи шоир, аз ҷумла дар «Девон»-и соли 1971 мисраи охири ин ғазал «Аз қадами бахти нобакор парешон» рафтааст. Ҳол он ки ҳам дар матни Расул Ҳодизода ва ҳам дар дастнависи шоир «қадам» набуда, «адам» аст:

Гашт парешон килку дафтари пайрав,
Аз адами бахти нобакор парешон.

Аз ин рӯ матни архивро матни асосии ин шеър қарор додем. Дар зери сарлавҳаи шеъри дигари ӯ бо унвони «Маснавӣ» «ба духтур – ба ҳакими дӯст» навишта шудааст. Ба аҳли илму адаб кайҳо маълум аст, ки ин шеърро Пайрав ба дӯсти худ – духтури чех Йозеф Авл бахшидааст. Вале номи ӯ дар ягон маҷмӯаи шоир зикр наёфтааст. Танҳо дар як дастнависи Пайрав баъд аз сарлавҳа «Ба Юсуф Авли австриягӣ» омадааст. Дар ин дастнавис байте мавҷуд аст, ки аз тамоми маҷмӯаҳо шоир партофта шудааст:

Австрия ӯрост мулку ватан,
Шабу рӯз дар иштиёқи ватан.

Ин шеър нахустин бор баъд аз вафоти Пайрав дар «маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1949 ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа партофта шудани он таъкид гардида, баъд аз мисраи 8-ум се нуқта гузошта шудааст. Маълум мешавад, ки мураттибон танҳо ба хотири сиёсати Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба шахсони хориҷӣ, аз тарси он ки мабодо ба гардани Пайрав ягон гуноҳеро бор накунанд, зерсарлавҳа ва байтеро, ки номи Йозеф Авлро ошкор месозад, партофтаанд.

Тадқиқи архиви адиб[вироиш]

Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани вариантҳои гуногуни матни ҳар як асари ӯ имкон медиҳад, ки санаи таълифи асарҳое, ки таърихи навишта шуданашон номаъълум аст, муайян гардад. Агар дар зери дастнависи шоир санаи таълиф гузошта шуда бошад, кори матншинос осон аст. Масалан, санаи таълифи ғазали «парешон» на дар матни Р. Ҳодизода ва на дар «Девон»-и 1971 вуҷуд надорад. Лола Сулаймонӣ онро 1918-1919 тахмин кардааст. Вале дар архиви институт – дар воҳиди ҳифзи 91 зери шеър «Бухоро, 1927» сабт ёфтааст. Шеъри «Мактуб ба рафиқам» дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир бесана омадааст. Дар архив се нусхаи сиёҳнавис ва як нусхаи покнавис мавҷуд аст. Дар зери нусхаи покнавис, ки рақами 1-ро гирифтааст, «Самарқанд, 1933» навишта шудааст. Мо ин санаро ҳамчун санаи саҳеҳ қабул кардем. Шеъри дигари Пайрав «Қалам» то соли 1959 ҳам дар маҷмӯаҳои шоир ва ҳам дар асарҳои тадқиқотии адабиётшиносон соли 1928 дониста шудааст. Ва ин дуруст аст. Зеро ин шеър ҳ ҷиҳати сабку услуб ва камолоти адиб, ҳам аз ҷиҳати фарогирии мароми сиёсию иҷтимоии Пайрав маҳлули соли 1928 аст, нас соли 1920. вале дар «маҷмӯаи осор»-и соли 1959 дар зери ин шеър «Бухоро, октябри соли 1920» навишта шудааст. Ба назари мо ин ҷо иштибоҳан 1920 омадааст ва мураттибу муҳаррир ба он эътибор надоданд. Зеро мураттиби ин маҷмӯа Лола Сулаймонӣ дар як мақолааш дар бораи қасидаи ҳасбулҳолии «Нишони бенишонӣ» сухан ронда навиштааст: «Пайрави зиндадилро, ки се-чор сол қабл аз ин «Қаламам умри ҷовидони ман аст» гуфта буд, ба ҳолати маъюсӣ ва ноумедӣ оварданд, ки дар ин қасидаи ҳасбиҳолӣ « нишоне надиҳад ному нишонам» навиштааст». Муаллифи мақола санаи таълифи «нишони бенишонӣ»-ро 1930-1931 тахмин кардааст, пас «се-чор сол қабл аз ин» гуфта, соли 1928-ро дар назар дорад. Вале мутаассифона, то охирин маҷмӯаи шоир ин иштибоҳ давом кардааст. Ҳатто танқиди адабӣ ба муҳаққиқоне, ки ин шеърро чун маҳсули соли 1928 таҳлил кардаанд, эрод гирифтааст. Дар як мақолаи роҷеъ ба санаи таълифи ин шеър навишта шудааст: «Дар омади сухан бояд гуфт, ки нисбат ба таърихи иншоди шеъри «Қалам» низ ҳамин иштибоҳ ҷой дорад. Иштибоҳан соли 1928 донистани санаи таълифи ин шеър аз «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (қ. 11, саҳ. 185) сар шуда, баъдан ба нашрҳои гуногуни китоби дарсии «Адабиёти советии тоҷик» низ роҳ ёфтааст. Аслан ин шеър моҳи октябри соли 1920 гуфта шудааст». Аз ин рӯ, мехоҳем барои исботи ақидаи худ далели боэътимодтаре орем. Аввал ин ки дар нахустин маҷмӯаи пайрав «Шукуфаи адабиёт», ки худи ӯ таҳия кардааст, санаи таълифи ин шеър октябри 1928 аст.

Дар архив дастнависи шеъри «Қалам» маҳфуз намондааст. Вале дар «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 дар саҳифаи аввал баъд аз сурати Пайрав акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон оварда шудааст, ки дар зери он «Бухоро – 1928» зикр ёфтааст. Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти пайрав санаи таълифи шеъри «Қалам» -ро «Октябри 1928» зикр намудем. Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаи таълифи онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст. Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум сар карда, ҳамаи маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология шодравон Лола Сулаймонӣ мураттаб сохтааст. Лола Сулаймонӣ солҳои тӯлони бо архивипадар сару кор дошт, онро ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин ният архивро ба Институти забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.

Он шеърҳое, ки дар солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои Лола Сулаймонӣ дар саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномҳои ҷумҳурӣ ба табъ расиданд ва он пораҳои нотамоме, ки аз байни қоғазпораҳои архиви Пайрав пайдо шудаанд, тасаввуроти моро дар бораи ӯ, шеъри ӯ, зиндагии ӯ, андешаҳои ин шоири дардошно тағйир медиҳанд.

Лола Сулаймонӣ дар сарсухани худ навиштааст: «Амакам Яҳёҷон Сулайсонӣ чанде пеш аз вафоташ ба ман як ҷузвдон дастхатҳоро супорида хоҳиш намуд, ки онҳоро ба касе иншон надиҳам. «Аксари ин шеърҳо ба ҷуз яктоаш дар Эрон навишта шудааст. Фаҳмидӣ? Мабодо номи бародарам сиёҳ нашавад…» Мувофиқи хоҳиши ӯ ман ин ҷузвдонро солҳои зиёд маҳфуз доштам. Ҳоло ки замони ошкоргӯист, ин шеърҳо низ бояд чоп шаванд, зеро ҳеҷ иллате надошта, балки аз сӯзи дили як ҷавони биступанҷсолаи ошиқи раҳдур дарак медиҳанд. Дар дафтаре, ки амакам супорида буданд, ба ғайр аз дастнависи шеърҳои мунташир чанд дастхати шеърҳои номатбӯи Пайрав маҳфуз аст». Ин шеърҳо ва умуман он тағйироте, ки дар солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқуъ пайваст, моро водор месозад, ки эҷодиёти Пайравро аз нигоҳи нав тадқиқ намоем, ҳусни шеъри ӯ маҳорати шоирии ӯро нишон медиҳем, роҳи зиндагии пур аз нишебу фарозии ӯро тасвир кунем, сабабҳои ранҷ, дард ва аламҳои ӯро ифшо созем, ки ин кори оянда аст. Омӯхтани шарҳи шарҳи ҳол ва эҷодиёти адибони охири садаи XIX ва оғози садаи XX назари нави таърихшиносон ва ҷомеашиносонро ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин давра тақозо дорад. Ҳоло мо мехоҳем танҳо вобаста ба таъйини санаи таълифи он шеърҳои Пайрав, ки тоза ба даст омадаанд, баъзе андешаҳои худро иброз намоем. Шеърҳои интишорнамудаи Лола Сулаймонӣ 5-то буда, санаи таълифи 3-тои онҳо «Водоия бо рафиқони бухороӣ дар ҳини сафари Эрон», «Ҳол ва мозӣ», ғазале дар ҷавоби оқои Алӣ Акбари Гулшан аниқ аст. Ин шеърҳо соли 1924 дар Машҳад иншо шудаанд. Вале кай навишта шудани ду шеъри дигар «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» ва «Нишони бенишонӣ» маълум нест. Дар бораи давраи эҷод шудани шеъри «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» Лола Сулаймонӣ навиштааст: «Шеъри дигаре, ки бо матлаи «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» сар мешавад, аз рӯи гуфтаи амакам Яҳёҷон пеш аз Инқилоби Бухоро ҳангоми аз таъқиби амир хонанишин шудани Пайрав навишта шудааст, ки дар ҳақиқат муҳити ҳамон замонаро инъикос менамояд». Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ин шеър солҳои 1918-1919 навишта шудааст. Дӯсти Пайрав Алӣ Исмоилзода дар мақолаи номатӯи худ доир ба эҷодиёти Пайрав, ки дар архиви шоир маҳфуз аст, дар бораи хонанишин шудани ӯ навиштааст: «Падари рафиқ Сулаймонӣ Абдукаримҷон гарчи ба ҳаракати ҷадидӣ ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок накарда бошад ҳам, вале равшанфикр, газетахон ва ғайри мутаассиб будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ ба пайдо шудани сӯизан сабаб шуда буд. Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад». Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби Бухоро навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.

Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ
Гирифтаст расму раҳи беқарорӣ.
Зи ҷаври фалак балки дар гиря ҳастам,
Зи хар дидаам гашта наҳрест ҷорӣ.
Ҷаҳаннам шавад меҳмони ман имшаб,
Гар оҳам бад-ин сон кунад шӯълаборӣ…

Ё ин ки:

Аҷал, охир аз ман чаро мегурезӣ?!
Ту ҳам дар дил оё мурувват надорӣ?
На бо душманон қуввати пешдастӣ,
На аз дӯстон чашми уммедворӣ.
Дило, чист охир ба гетӣ гуноҳам,
Ба ҷо монда з-ин сон низору табоҳам.

Шоир ба ин пурсиши худ чунин ҷавоб мегӯяд:

Ҷуз ин казя дигар гуноҳе надорам,
Ки фикри халоси ватан шуд шиорам.

Баъд аз ин ҷои яъсу ноумедиро изҳори муҳаббати самимона нисбат ба ватан, изҳори садқати фарзандӣ, тайёр будан ба шуҷоату мардонагӣ дар роҳи халосии ватан, боварӣ ба ояндаи он мегирад:

Бухоро, ватан, эй ба як қабза хокат
Фидо ҷони мискину ҷисми фигорам.
Туӣ маъдани ҷуду файзи улум (ам),
Туӣ маҳди осоишу эътиборам.
Ватан, ноумедӣ нашояд кунунат,
Ки ман аз ҳаёти ту уммедворам.
Кушо дидаи хобу бингар, ки ҷонро
Барои вафои ту чун месупорам.

Пас саволе пеш меояд, ки Пайрав ватани азизаш Бухороро аз дасти кӣ халос карданӣ? Аз истибдоди феодалӣ, зулму ситами амир ва амалдорони вай, рӯҳониёни муттаассиб ё истилои хориҷиён. Аз рӯи адабиёти мавҷуда маълум аст, ки Пайрав ба ягон созмони зидди аморати бухоро шомил набуд. Пас ӯ ба кӣ ва ба чӣ уммед бастааст? Солҳои охир дар матбуоти тоҷик доир ба ишқилоби Бухоро, мавқеи зиёиёни авохири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар ин инқилоб баъзе асарҳо ва мақолаҳо интишор ёфтанд, ки ахбори то ин дам дастнорас ва андешаҳои тозаеро фаро гирифтаанд. Дар фаслномаи «Гули мурод» (1997, 7-9) (3)) порчае аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё дар таҳияи Муҳаммадҷон Шакурӣ бо сарсухани эшон ба табъ расид. Вақто ки лашкари руссия ба насаф (Қаршӣ) ҳуҷум мекунад, Садри Зиё қозии онҷо буд. ӯ дар ин порчаи «Рӯзнома» ҳодисаҳои дар роҳ-аз Қаршӣ то Бухоро руҳ додаро аз охири августи соли 1920 то оғози сентябри ҳамон сол чун шоҳид тасвир намудааст. Масалан, ӯ навиштааст: «Ҳама аҳли қишлоқ аз бими саллот (сарбоз) –ҳои Руссия фирор карда буданд. ҲӣҲо тамоман холӣ аз одам буд. Аҳолӣ ҷумлатан дарак надоштанд. Аз як тараф хавфи саллот буд, ки ба қишлоқ мегаштанд, зирӯҳе (ҷонзоте), ки ба назарашон медаромад, билотаваққуф ба милтиқ мепаррониданд, чизе, ки дошта бошад, мегирифтанд». Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба горат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.

Шояд Пайрав шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаи таълифаш номаълум аст, низ далолат мекунад:

Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,
Гӯри торику танг, гӯри табоҳ.
Роси истодаем бар лаби он гӯр,
Синаҳо бозу чашмҳо дар роҳ.
Теғи худро занед, эй қотил!
Эй шитобон паи ҳалокати мо.
Мо нагӯем ба ҳеҷ ки нафрат,
Гарчи бошем куштаи нафрат…
Ё ин ки пораи дигари нотамом
Ту дигар аз ман сару дил маталаб,
Дил забун гашт, сабр шуд помол.
Орзу тира гашту мақсуд ҳеҷ,
Муддао маҳву нест шуд омол.
Марг ку, то ба доди ман бирасад?
Неши ғам мехалад ба синаи реш,
На зи бегонагон умеду на хеш.

Пайрав Инқилоби Бухороро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (2 сентябр 1920) пешвоз гирифт. Дар ин шеър ӯ аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх изҳори шодмонӣ кардааст. Дастнависи ин шер дар архиви шоир маҳфуз аст. Оё шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни эҷодиёти Пайрав низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и ӯ дохил кардааст. Тадқиқи шаҳри ҳоли Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ – дар мақолаҳои Расул Ҳодизода «Маҳмуд Хоҷа Беҳбудӣ – тарихи зиндагӣ ва тақдири таърихии ӯ», Муҳаммадҷон Шакурӣ «Нигоҳе ба поёни умри Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ» («Гули мурод», 1997, 1998, 10-12(4)), хулосаҳои ин муаллифон моро ба чунин андеша водор сохт, ки шояд Пайрав низ Инқилоби Бухороро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, гумон карда бошад, ки акнун Осиёи Миёна аз ҷавру зулми ҳукумати амирӣ ва муллоёни мутаассиб раҳои ёфта, ҷумҳурии мустақил хоҳад шуд ва адлу инсоф ғалаба хоҳад кард. Вале асорати миллӣ, бесару сомониҳо, харобӣ ва куштору ғорат, ҳабскуниҳо ӯро аз нав ба кӯи яъсу ноумедӣ андохт. Шояд муҳоҷирати Пайрав ба Афғонистону Эрон ба ҷуз гурехтан аз иқи духтари Чингиз, ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ таъкид кардаанд, минбаъд дигар хел маънидод шавад? Шеъри Пайрав «Дилам боз дасти беғамгусорӣ» дар пайравии ғазали Абдурауфи Фитрат «Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро» навишта шудааст. Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:

Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро!
Эй бо ту ифтихорам, в-эй бо ту эътибор!
Эй кӯҳи илм, баҳри шаҳомат, фазои файз,
Саҳрои маҷд, боғи ҳунар, соҳаи виқор…

Устод Айнӣ дар «Таърихи иқилоби Бухоро» дар бораи маҷмӯаи «Сайҳа»-и Фитрат, ки соли 1392 ҳиҷрӣ (соли 1911-и мелодӣ) дар Истанбул нашр шудааст, сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Маҷмӯаи шеърҳо ба форсӣ «Сайҳа» дар ҳаҷми хурд чоп шуда буд. Шоир дар ин маҷмӯа аз ҷабру зулме сухан меронд, ки олами ҷаҳонгирон дар ҳаққи олами олами Шарқ ва ислом мекарданд. Агар бигӯем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз муболиға накардаем «Сайҳа» чунон ки ба Бухоро дар кисаҳо пинҳон оварда шуда буд, дар Бухоро низ пинҳонӣ паҳн карда шуд». 2 Дар бораи ин шеъри Абдурауфи Фитрат устод Шакурӣ дар китоби «Ҷусторҳо: дар бораи забону адаб ва фарҳанги Тоҷикистон», Теҳрон, 1382, саҳ.95 ва С.Табаров дар мақолаи «Ашъори миллӣ ва ватанхоҳонаи Фитрат» (маҷаллаи «Адаб, 2000, №2) сухан рондаанд Пайрав Сулаймонӣ аз ин маҷмӯаи шеърҳои Фитрат, албатта, огаҳ буд ва он шеърҳо ба дили ҳассоси ӯ таъсири амиқ гузоштанд. Устод Шакурӣ ин шеъри Фитратро таҳлил намуда, аз ҷумла навиштаанд: «Ин шеър шояд якумин шеъре бошад, ки дар васфи Бухоро гуфта шуда аст. Ин васф ҳам бештар иборат аз суолу ҷавоб аст. Дар адабиёти равшангарӣ вожаи «Ватан» бештар мавҳуми иҷтимоӣ гирифт ва мавҳуми «Модари Ватан» пайдо шуд, ки онро аз шеър боло мебинем. Ҳисси ватандӯстӣ дар давраи маорифпарварӣ бо шиддат ёфтани муборизаи илмии озодиҷӯӣ зидди имперотурии рус ва гоҳе зидди мустабиддони турки манғит низ то рафт баланд мешуд. Сӯзу гудози мазлумон зери юғи истисмор аз шеъри мазкури фитрат пуртаъсир шунида мешавад». Ба андешаи мо ба Бухоро ворид шудани аскарони сурх ва ба вуқӯъ пайвастани он бе сару сомониҳо боиси эҷод шудани шеърҳои Пайрав гардида, ифодаи он ҳисси ватандӯстӣ ва муборизаи озодиҷӯӣ зидди хориҷиён аст. Лола Сулаймонӣ санаи таълифи шкъри «Нишони бенишонӣ» -ро 1930-1931 тахмин карда дар ин бора навиштааст: «Ин қасида маҳсули он солҳоест, ки Пайрав пайдарпай ба фишору танқидҳои муғризонаи чанде ба ном мунақид дучор шуда буд». Чунонки Раҳим ҳошим дар мақолаи «Пайрав ва тозиёнаи танқид» зикр кардааст, дар солҳои 1930-1931 «дар газетаҳо дар нишастҳои адабӣ танқид кардани вай (Пайрав-Х.О.) давом дошт. Ба мунаққидони гаправтар ҳатто муқаддимаи Бектош (мақаддимаи Бектош ба китоби «Шукуфаи адабиёт»-Х.О.) ҳам ноқис менамуд. Онҳо тамғаҳои дабдабаноктар ёфта, ба вай часпонданӣ мешуданд». Раҳим Ҳошим суханашро дар бораи вазъияти он солҳо давом дода навиштааст: «Давроне буд,ки қобилияти касро не, садоқат ва самимияти касро не, балки пеш аз ҳама чӣ айб доштан, чӣ айбҳо дошта тавонистани касро, на танҳо худи вай, балки падару бобояшро мепурсидандва дар баҳо додан ба кори вай айбҳо ба эътибор гирифта мешуд, маҳак қарор дода мешуд». Устод Ҷалол Икромӣ гӯё барои тасдиқи ин суханони Раҳим Ҳошим дар мақолаи худ «Душанбе ватанам, Бухоро зодгоҳам» чунин воқеаро ба хотир оварданд: «Охири тирамоҳи соли 1930, як руз дар хонаи аскарони сурх якумин анҷумани комсомолони Тоҷикистон барпо шуд. Дар қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману айравро ҳам хабар карда буданд. Аз ин илтифоти болоиҳо мамнуну фараҳманд шудем. Сари вақт ба маҷлиси анҷуман рафта, дар толори калони хонаи аскарони сурх хурсанду шод нишастем, бо ҳам сӯҳбату хушгӯиҳо мекардем. Вале ҳанӯз анҷуман сар нашуда, Бектош ба ману Пайрав омада гуфт, ки оҳиста бархоста, аз зал баромада раветон. Гап ҳаст, ки Ғуломризо Ализода пеш аз сар шудани маҷлис аз минбар баромада мегӯяд, ки фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд, зали маҷлисро холӣ кунанд. Мо намехоҳем, ки дар ин маҷлиси ботантанаи мо унсурҳои бегона бошанд».

Ҷалол Икромӣ ҳолати рӯҳии ҳар дуяшонро тасвир намуда, чунин хулоса кардаанд: «Бале, ана ҳамин тавр ба мо муомила мекарданд, ана ҳамин тавр буд зиндагии мо. Ба мо офарин, ки ҳамон рӯзҳои сахтро аз сар гузаронида намурдем, кору эҷод намудем». Пайрав сӯзу гудоз ва дарду аламҳои солҳои тӯлонӣ дар дил ниҳонашро дар шеъри «Нишони бенишонӣ» чунин ифшо намудааст:


Дил сӯхт, ҷигар хун шуду хушкид равонам,
Боз аз чӣ сабаб ин ҳама саргарми ҷаҳонам?
Дар фасли баҳорон гули уммед начидам,
Афсурдаву пажмурдаву помоли хазонам.
Нуре, ки яқин доштаму ҷаҳд намудам,
Норе шуду дар кӯраи гам сӯхт чунонам.
Ҳарчанд ҳақиқат зи ҳақиқат талабидам,
Ҷуз нақши надомат намуданд нишонам,
Ҷон бар кафу сар дар бағал омодаи маргам,
Дар роҳи адам бо қадами тунд равонам.

Инак, мо дар тайини санаи таълифи ин шеър бо Лола Сулаймонӣ мувофиқем ва ин шеърро бо ҳамин санаи таълиф, яъне соли 1930-1931 ба Куллиёти илмӣ ворид намудем. Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани нусхаҳои гуногуни дастнависи ҳар як асар ба мо имконият медиҳад, ки таърихи эҷоди он, ба кӣ бахшида шудан, сабаби пайдоиш, дар кадом шароит ба вуҷуд омадани онро муайян намоем. Ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав аз ин нуқтаи назар масъалаҳои аҷибе пеш омаданд, ки ҳеҷ чашмдори он набудем. Шеъри ба устод Лоҳутӣ бахшида Пайрав, ки «Ба адиби сурхи инқилобӣ рафиқ Лоҳути» ном дорад, дар шакли аввал оҳанги ҳазлу мутойибаро доро буда, Лоҳутӣ ҳамчун инсони шодидӯст ва базму тарабпарвар сифат шудааст. Вале дар нусхаи охирин шояд бо маслиҳати дӯстонаш-нахустин хонандагони ин шеър бошад, ҷиҳати сиёсӣ ва ӣҷтимоии он пурқувват гардида, Пайрав Лоҳутиро ҳамчун шоири мубориз, тарғибгари ғояҳои коммунистӣ васф намудааст.Шеър дар шакли аввал бо чунин мисраъҳо ба охир мерасад:


Эй дида ба рӯи маҳвашон боз
В-эй гӯш ба савти тори дамсоз.
Эй бӯсазани лаби зарифон
В-эй соқии маҳфили ҳарифон—
Дар ҳини нишоти базми пурҷӯш.
Моро накунӣ, дило фаромӯш.

Мо нусхаи охиринро ба Куллиёти шоир дохил намудем, зеро маҳз ҳамин нусхаро Пайрав ба Лоҳутӣ ирсол доштааст ва Лоҳутӣ ҳам ба ҳамин нусха посух гуфтааст: Дар архив се дастнависи шеър «Кай гуфтаамат?!» бо матлаи Кай гуфтаамат, партави базмидигарон бош? Эй шӯъла, ба сӯзи дили мо ҳам нигарон бош? маҳфуз аст. Дар нусхаҳои якум ва дуюм зерсарлавҳае мавҷуд буда, қисми аввали он хат зада шудааст ва қисме, ки хонда мешавад, ин аст:«…ҳини сафари Тошкандашон». Маълум мешавад, ки ин шеър ба касе бахшида шудааст. Фақат аз дафтарчае, ки Пайрав ба дӯсташ Саъдуллоҷон тақдим кардааст, маълум мегардад, ки ин шахс Абдурауфи Фитрат будааст. Дар зери сарлавҳаи ин шеър навишта шудааст: «Ба бародари мӯҳтарам Фитрат ҳини сафари Тошкандашон». Қарибони Пайрав баъди чун душмани халқ ҳабс шудани Фитрат номи ӯро хат задаанд. То ин дам маълум набуд, ки шеъри «Оҳанги тор» ба дӯсти Пайрав – навозанда, сароянда, ҳунарпеша ва кинорежисёри шӯравии тоҷик Ғуломризо Баҳор (бародари Мулк Баҳор) бахшида шудааст. Фақат дастнависи шоир ба муайян намудани он имкон дод. Дар охир мехоҳам ба як иштибоҳе, ки дар матбуот доир ба таърихи эҷоди шеъри «Ҳол ва Мозӣ»-и Пайрав рух додааст, равшанӣ андозанд. Лола Сулаймонӣ дар сухани худ ба шеърҳои тоза ёфтшудаи Пайрав, ки зикраш дар боло рафт, чунин навишта аст: Яке аз шеърҳои номатбӯи Пайрав бо унвони « Ҳол ва Мозӣ» аст. Соли 1989 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1989, №4) як шеъри Пайрав ба истиқболи «Ҳол ва Мозӣ»-и оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан – дабири рӯзномаи «Фикри озод» чоп шуда буд. Ин шеъри дуввум аст, ки ба мавзӯи «Ҳол ва Мозӣ» бахшида шудааст. Баръакс оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан ҳамин шеъри дуввуми Пайрав «Ҳол ва Мозӣ»-ро истиқбол кардааст. Маълум мешавад, ки Лола Сулаймонӣ ба сарлавҳаи воҳиди ҳифзи 13-и архив чандон эътибор надодааст. Дар ин воҳиди ҳифз дар ақиби варақе, ки шеъри «Ба духтари Чингиз» навишта шудааст, шеъри Гулшан бо хати худи Пайрав сабт ёфтааст. Пайрав ба ҷои сарлавҳаи шеър навиштааст:

«Истиқболи марҳамати шоиронаи мудири рӯзномаи «Фикри озод» (Машҳад) ҷаноби адиби мӯҳтарам Мирзо Али Акбар (Гулшан) шеъри ҳақиронаи «Ҳол ва Мозиро».Он чи ки дар ин мақола баён гардид, баъзе хулосаҳо ва чанд мисол аз он бори муҳиме, ки ҳангоми таҳияи куллиёти илмии Пайрав анҷом дода шуд.

Инак, ҳоло мехоҳем доир ба сохтори куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ чанд сухан гӯем.

Куллиёт чунонки арз кардем, тамоми осори то кунун ба табъ расида ва ба табъ нарасидаи шоирро аз бойгонии ӯ дар бар кардааст. Асарҳо аз рӯи навъҳо (назм, наср, номаҳо ва ғайра) тасниф шуда, жанр ба эътибор гирифта нашуда аст. Дар дохили ҳар як навъ, масалан назм, ҳар як асар мувофиқи санаи таълиф ҷой гирифта аст. Санаи тахминии шеърҳо дар қавсайн оварда шудааст.

Асарҳое, ки санаи таълифашонро муайян карда натавонистем, бахши алоҳидаро ташкил намуда, баъд аз шеърҳои санаи таълифашон маълум ҷобаҷо гузошта шуданд. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ чун қисми алоҳида баъд аз шеърҳои санаи таълифашон номаълум оварда шуд, зеро онҳо низ санаи таълиф надоранд. Шеърҳои нотамом дар охири шеърҳо яъне баъд аз шеърҳои ҳаҷви омадаанд. Танҳо дар қисми «номаҳо» санаи таълиф риоя нашудааст. Номаҳо аз рӯи шахсоне ки ба онҳо ирсол шудаанд, танзим ёфтаанд, вале агар ба як шахс як чанд нома фиристода шуда бошад онҳо аз рӯи санаи таълиф гузошта шудаанд.

Асарҳои Парав инчунин аз рӯи қоидаҳои имлои имрӯза ба чоп ҳозир шуда, дар байни замон муҳимтарин хусусиятҳои имлои муаллиф нигоҳ дошта шуд.

Тавзеҳоти аз тарафи муаллиф дода шуда, дар поварақ сабт гардид. Шарҳу эзоҳи таҳиягарони маҷмӯаҳои гуногуни Пайрав аз рӯи зарурат дар қисми тавзеҳот оварда шудаанд. Ба ҳамин тариқ Куллиёти илмӣ барои муҳаққиқони эҷодиёти Пайрав маводи фаровон медиҳад, барои мураттибони осори ӯ матни саҳеҳе пешниҳод менамояд.

Хуршеда Отахонова дар бораи Пайрав[вироиш]

  1. Пайрав сулаймонӣ. Шукуфаи адабиёт. Нашр. Сове. Тоҷикистон . Сталинобод – Самарқанд, 1931, саҳ.197
  2. Пайрав Сулаймонӣ. Девон, Душанбе, «Ирфон»,, саҳ.193
  3. Лола Сулаймонӣ. Он беҳ, ки нишоне надиҳад, ному ….», «Адабиёт ва санъат», 1994, 19 июл.
  4. Қаламам умри ҷовидони мн аст, «Адабиёт ва санъат», 1939, 27 апрел.
  5. Лола Сулаймонӣ. «Шарҳи достони фироқ», «Садои Шарқ», 1989, №4, саҳ. 112.
  6. «Садои шарқ», 1989, №4, саҳ. 113.
  7. Ҷалол Икромӣ. Душанбе ватанам – Бухоро зодгоҳам, 1989, 75№4, саҳ. 90-91.