Панҷакент

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Панҷиканд
Дарвозаи шаҳри Панҷиканд
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Суғд
Ноҳия : Панҷакент
Замони таъсис : садаи V пеш аз милод
Шаҳр аз : соли 1953
Раиси шаҳр:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Координатаҳо : 39.3011 а.ш.; 67.3654 т.ш.
Паҳноварӣ :
Мардум
Аҳолӣ (2009) : 36 500 кас
Зичии аҳолӣ (2009) : кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбекӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Пешшумора : +992 3467
Нишонии почта : 735500
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : http://www.sugd.tj
Шумораи мошинҳо : 02РТ

Панҷакент (Панҷакат ё Панҷиканд) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ[вироиш]

Нигораҳои девории Панҷакенти қадим асри 6 - 7
: Нигораҳои девории Панҷакенти қадим

Вожаи Панҷакент аз ду қисм: Панҷа ва қанд, яъне шаҳри қанд, мулки Панҷа иборат аст. Вожаи мазкур дар маъхазҳои қадим ва асноди бойгонии Деваштич вомехурд. Бостоншиносон дар наздикии Панҷакент шаҳраки Саразмро ёфтаанд, ки ҳазорсолаҳои IV - II то мелод арзи ҳасти намудааст. Панҷиканд то истилои араб яке аз шаҳрҳои номдори Суғди Самарқанд буд. Дар ибтидои асри VIII шаҳраки Панҷакент тавассути сипоҳи арабҳо забт ва ба ҳайати Хилофот ҳамроҳ гардид. Пас аз ташаккули давлати бузурги Сомониён шаҳраки нав ба он шомил шуд. Дар асрҳои минбаъда низ Панҷакент ҳамчун яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи бузурги абрешим мақоми намоёнро ишгол карда, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳмгузорӣ намудааст. Таҳқиқоти бостоншиносон собит намуданд, ки шаҳри Панҷакент дар тӯли 1,5 - 2 ҳазор соли охир панҷ маротиба комилан бозсозӣ ва эҳё гардидааст.

Ин шаҳр зодгоҳи Сардафтари адабиёти классики форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Инчунин аз оғӯши ин диёр садҳо шоирону донишмандони фозил бархостаанд.

Аз соли 1926 то соли 1930 Панҷакент минтақаи мустақил буд. 23 ноябри соли 1930 минтақаи Панҷакент барҳам дода шуд ва дар заминаи он ду ноҳия - Панҷакент ва Заҳматобод ташкил ёфт, ки дорои 4 волост (ҳудуде, ки дорои як мақомот аст). Соли 1953 ба шаҳри тобеи ноҳия ва аз 14 октябри соли 1959 ба шаҳри тобеи вилояти собиқ Ленинобод (ҳоло Суғд) табдил дода шуд.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Мақбараи Устод Рӯдакӣ

Шаҳри Панҷиканд дар дараи рӯди Зарафшон ва шарқтар аз шаҳри Самарқанд дар баландии 900 метр аз сатҳи дарё ҷой дорад. Ин шаҳр бисёр ҷойҳои диданӣ, ёдгориҳои торихӣ ва меъморӣ дорад.

Дар канораи чапи рӯди Зарафшон наздики маркази шаҳр суфае ҷой дорад ки бозмонда аз вайронаҳои шаҳри садаҳои V—VIII милодӣ аст. Дар паи ковишҳои бостоншиносӣ дар ин суфа, ки 60 сол пеш оғоз шуда ва дар 30 соли ахир раҳбарияшонро бостоншинос Борис Маршак бар уҳда дорад, вайронаҳои шаҳри суғдӣ пайдо шуд ки дар оғози садаҳои миёна бисёр калону обод буда аст ва ҳамчунин деворнигораҳои зебои нигоргарони суғдӣ ёфт шуданд.

Каме ғарбтар аз Панҷиканд вайронаҳои рустои Саразм ҷой доранд, ки аз ҳазорсолаҳои IV—II пеш аз милод бозмонда ва пайвандҳои танготанги мардуми бумиро бо тамаддунҳои куҳани Ховари Наздик нишон медиҳанд.

Дар дараи Зарафшон 60 км шарқтар аз Панҷиканд рустои Панҷрӯд ҷой дорад ки зодгоҳи сардафтари адабиёти порсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.

Оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки 37 км дуртар аз Панҷиканд дар яке аз дараҳои зебоманзари кӯҳсори Зарафшон ҷой дорад, яке аз ёдгориҳои меъмории тоҷикӣ дар садаҳои XII—XIV аст.

Шаҳри Панҷиканд замоне пойтахти подшоҳони Суғд, аз ҷумла Деваштич, буда ва дар замони аморати Бухоро маркази бекнишини Панҷиканд буд.

Тандиси Деваштич
Тандиси Лоиқ Шералӣ

Шароитҳои табиӣ ва иқлим[вироиш]

Панҷакент дар қисми марказии ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷой дошта, релефаш кӯҳӣ аст. Иқлими Панҷакент субтропикӣ-континенталӣ (гармии ҳаво дар давраи тобистон аз +24оС то +36оС ва дар давраи зимистон то - 22°С) мебошад. Ҳудуди ноҳияро бо самти арзӣ се қаторкӯҳ бурида мегузаранд: дар шимол- Туркистон (баландиаш 2000-3000м.), дар марказ Зарафшон (3000-4000м.), қуллаи Чимтарга дар кӯҳҳои Фон (баландиаш то 5949м.), дар ҷануб Ҳисор (то 4636м.). Байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон пастхамии Моғиёну Фароб (баландиаш 1500-2000м аз сатҳи баҳр) ва байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистони водии Зарафшон (баландиаш 900-950м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гаштааст.

Табиат ва иқлими шаҳри Панҷакент барои рушди соҳаҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла богдорӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ хеле мусоид буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот заминаи асосӣ мегузорад.

Кӯҳистони Зарафшон хазинаи бебаҳои сарватҳои табиӣ аст. Кормандони Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз минтақа қариб ҳамаи элементҳо ҷадвали Менделеевро пайдо кардаанд. Дар ҳудуди Панҷакент конҳои тилло, нуқра, симоб, сурма, қалъагӣ, волфрам, флюорит, фосфорит, ангиштсанг ва санги мармар мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, 328 адад кони маъдан кашф гардидаанд, ки барои рушди шаҳр аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Дар заминаи конҳои кашфшуда Коргоҳи муштараки «Зарафшон», коргоҳи мармаристеҳсолкунии «Лада - Мармар» фаъолият мекунанд.

Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз соли 1948 ба ҷустуҷӯи сарватҳои табиии водӣ машгул аст. Айни замон дар экспедитсия беш аз 250 нафар кормандон кор мекунанд.

Аз канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти энергетикӣ доранд, дар ҳудуди Панҷакент конҳои ангиштсанги Киштӯд-Заврон, Шашқат, Товасанг ва Могиён кашф гардидаанд. Танҳо захираи кони ангишти Товасанг 250 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Дар заминаи ин ҷустуҷӯйҳо барои коркарди маъдани тилло ҶММ КМ «Зарафшон» таъсис ёфтааст, ки он дар як сол 1 миллиону 600 ҳаз. тонна маъдани кӯҳиро коркард менамояд. Коргоҳи муштараки «Зарафшон» дар заминаи комбинати маъдани тиллои тоҷик, ки дар соли 1990 ба кор огоз карда буд, ташкил гардидааст. Айни замон корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии «Зи ҷин майнинг» фаъолият дорад. Ин корхона дар соли 2010 - 52,2% буҷетӣ маҳаллиро таъмин намудааст.

Дар ҳудуди Панҷакент 150 навъи растаниҳои доруворӣ, 50 навъи растании асаловар, 100 навъи растании ғизоӣ, 120 растании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудааст.

Ҳунарҳои маҳаллӣ[вироиш]

Ҳунарҳои маҳаллӣ аз намудҳои гуногуни косибӣ: кулолӣ, кашидадузӣ, курпадузӣ, куртадузӣ ва дигарҳо иборатанд. Намунаи он дар аксҳо сабт ёфтаанд. Нигаред ба аксҳо.

Боз нигаред[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]


Манобеъ[вироиш]

  • Якубовский А. Ю. Древний Панджиканд, в сборнике: По следам древних культур, М., 1951
  • Беленицкий А. М., Распопова В. И. Древний Пенджикент, Душанбе, 1971
  • Беленицкий А. М. Монументальное искусство Пенджикента. Живопись. Скульптура, М., 1973

Пайвандҳо[вироиш]