Парсек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Парсек (пк) — дар астрономия воҳиди ғайрисистемавии ченкунии масофа мебошад. Номаш аз калимаи "parallax of one second of arc" гирифта шуда, масофа то ҷисмро мефаҳмонад, ки параллакси солонаи тригонометрии он ба як сонияи кунҷӣ баробар аст. Мувофиқи дигар таърифи ҳаммаъно, парсек — ин масофаест, ки дар он радиуси миёнаи мадори замин (ба 1 в. а. баробар аст) перпендикуляр ба нури чашм ва таҳти кунҷи 1″ намоён мегардад.

1 пк = в. а. = 206 265 в. а. = 3,08568×1016 м = 30,8568 Пм (петаметр) = 3,2616 соли рӯшноӣ.

Воҳидҳои: килопарсек (кпк), мегапарсек (Мпк) ва гигапарсек (Гпк) низ истифода бурда мешаванд.