Подош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Подош ва ё компенсатсия, дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ яке аз роҳҳои қатъ кардани уҳдадорӣ; 2) дар ҳуқуқи меҳнатӣ - ҳақгузорӣ ба коргарон ва хизматчиён дар ҳолатҳои муайянкардаи қонун. Подош мувофиқи қонун барои коргарони хизматчиён дар вақтҳои сафари корӣ (харҷи шабонрӯзӣ, роҳкиро, иҷорапулии манзил), барои кор ба маҳалли дигар гузаронидани коргар, сари вақт надодани либосҳои корӣ (агар онро коргар бо пули худ харида бошад) дода мешавад.