Ранӣ Мукҳерҷӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
রাণী মুখার্জী
Ранӣ Мукҳерҷӣ
175px-Baabul five.jpg
Зодрӯз 21 март, 1978
Вазифа ҳунарпеша

Ранӣ Мукҳерҷӣ (банғолӣ: রাণী মুখার্জী) (21 марти соли 1978 дар Банғолаи Ҳиндустон ба дунё омадааст) ҳунарпешаи синамои Ҳинд. Яке аз машҳуртарин ҳунармандони ин соҳаи санъат дар Ҳиндустон мебошад.

Оила[вироиш]

Ранӣ дар оилаи санъаткорон ба дунё омадааст. Миқдори хешовандони Ранӣ, ки роҳи санъатро интихоб кардаанд, зиёд мебошанд. Ӯ духтари Рам Мукҳерҷӣ -коргардони филмҳои "Пешво" ва "Hum Hindustani" аст. Модари Ранӣ сароянда буда, холааш Дебашрӣ Рой ҳунарпешаи шинохтаи банголӣ мебошад. Ва албатта машҳуртарин «хеш - ситора» - и Ранӣ духтари холааш - Каҷол аст. Вақте ки Ранӣ ба ҷодаи синамо қадам ниҳод, Каҷол аллакай ситораи машҳури синамо гардида буд. Барои Ранӣ эҳсоси он, ки Каҷол аз ӯ машҳуртар буд, душвор буд ва ӯ кӯшиш мекард, ки ҳарчӣ зудтар номдор гардад.

Таълим[вироиш]

Карйера[вироиш]

Ранӣ бори аввал дар филми коргардон Салим - "Raja Ki Aayegi Baraat" (1996) нақш офаридааст. Ҳарчанд ки ин филм дорои буҷаи он қадар калон набуд ва тамошобини зиёде ҷамъ накард, вале диққати мунаққидони синаморо ба сӯи худ ҷалб намуд. Бар замми ин, нақшофаринии Ранӣ Мукҳерҷӣ ба ду коргардони шинохта писанд омад. Яке аз онҳо, Каран Чоҳар ӯро аз байни чандин ситорагони синамо барои иштирок дар филми "Kuch Kuch Hota Hai" (соли 1998) интихоб карда гирифт. Дуввумӣ Викрам Бҳатт (ё бо хоҳиши Амирхон бошад?) ба Ранӣ бозидани нақши асосиро дар филми "Ғулом' (1998) ба ӯ пешниҳод кард, ки он як марҳалаи тақдирсоз дар ҳаёти Ранӣ буд. Филми "Ғулом' ба ӯ шӯҳрати беандоза овард ва акнун ӯро ҳамчун духтари «Aati kya Khandala» ном мегирифтанд. Аз ин пас Раниро чун яке аз ситорагони синамо мешинохтанд. Филмҳои минбаъда низ, аз қабили "Kuch Kuch Hota Hai" шӯҳрати ӯро боз афзун карданд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Фаъолияти ҷамъиятӣ[вироиш]

Ҷоизаҳо ва унвонҳо[вироиш]

Маълумоти гуногун[вироиш]

Филмҳо бо иштироки Ранӣ Мукҳерҷӣ[вироиш]

Инчунин бингаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]