Раъно Ғолибова

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Рена Абрамовна Галибова
Раъно Ғолибова
Rena Galibova with medals.png
Зодрӯз 24 майи 1915
Қӯқанд, Ӯзбекистон, Империяи Россия
Даргузашт 10 сентябри 1995, Бостон, ШМА
Пеша овозхон

Раъно Абрамовна Ғолибова (24 май 1915, Қӯқанд, Вилояти Фарғона, Империяи Россия10 сентябр 1995, Бостон, ШМА) — овозхони советӣ-тоҷик (меццо-сопрано). Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон (1941).

Биография [вироиш]

Раъно Ғолибова соли 1915 дар шаҳри Қоқанд ба дунё омадааст ба ойлаи яҳудиёни бухороӣ Аврому Адино Ғолибовҳо.Шаблон:Нет АИ Дар вақти кӯдаконаш дар шаҳри Тошканд, РСС Ӯзбекистон зиндагӣ мекард, куҷо ки падараш продюсери театр буд. Дар сини 13 солагӣ ба фаъолияти мусиқияшро шурӯъ карду дар сини 18 солагӣ ӯро таклиф карданд омадану сурудҳоро хондан дар Радиокомитети Тошканд. Якумин бор ба саҳнаи опера буромад дар соли 1935 дар Тошканд. Кор мекард бо чандин артистҳои машҳур байни ӯзбекҳою яҳудиёни бухороӣ дар РСС Ӯзбекистон.

Дар соли 1934 Раъно Ғолибова шавҳар кард ба Гавриэл Рубинович Самандаров, ва дар соли 1938 онҳо бо ойлаи худ ба шаҳри Сталинобод (Душанбе), РСС Тоҷикистон омаданд. Дар ҳамон ҷо Раъно артисткаи тоҷик театри мусиқӣ шуду аз солҳои 1940 то 1966 солисткаи театри операю балет ба номи Садриддин Айнӣ ҳам шуд.

Дар соли 1939 дар сини 24 солагӣ ӯ унвони Артисткаи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон дарёфт кард. Дар соли 1941 дар назди Декади Санъати Тоҷик дар шаҳри Москва ӯ баройи И. Сталину роҳбарони давлати СССР сурудро хонд. Яке аз аъзои Политбюро хост бо ордени "Байроқи Меҳнати Сурх"ро мукофотонидан, лекин Иосиф Виссарионович гуфт, "не, ин кас лоиқи бештар мебошанд, бо "Ордени Ленин" мукофотонидан ин касро даркор аст. Ҳамчунин дар ҳамон сол ӯ унвони Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон дарёфт кард.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ иштирок мекард хурсанд кардан солдатҳои Армияи Сурх дар фронту ҳамчунин ба Эрон рафту баройи Шоҳи Эрон сурудро хонд дар забони модарии худаш. Баъди ҷанг ӯ давом медод сурудҳоро хондан дар саҳна дар тамоми СССР. Дар соли 1957 ӯро таклиф карданд омадан ба саҳнаи Театри "Большой" дар Москва.

Аз СССР тамоман монда рафт бо ойлаи худаш ба ШМА, шаҳри Бостон дар соли 1991.

Раъно Ғолибова паси парда шуд дар соли 1995 дар сини 80 солагӣ дар Бостон, ШМА.

Ба хок супурда шуд дар як гӯристони яҳудии шаҳри Ню Йорк, ШМА, Маунт Кармел, дар райони Квинс.