Рим

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Рим
Collage Rome.jpg
НишонCoat of arms of Rome.svg ПарчамFlag of Rome.svg}
Кишвар: Итолиё
Вилоят: Ласио
Ноҳия:
Замони таъсис: Соли 753 п.м.
Марказ:
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га): 1507 км²
Паҳноӣ(км):
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 2 777 979 нафар (2012)
Коди телефонӣ: +39 06
Нишонаи почта:
Вақт: UTC +
[[Акс:|center|300px]]

Рим (итолиявӣ. Roma) - пойтахт ва маркази маъмурии Итолиё мебошад. Дар дохили шахр Ватикан чойгир шудааст, ки аз ҳама давлати хӯрдтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Бунёдгари ин шаҳр аз рӯи қиссаҳои Рими Қадим Ромул ва Рем мебошанд. Шаҳри якуми Итолиё ҳам аз ҷиҳати сершумории аҳолӣ ва ҳам аз ҷиҳати тарақиёти иқтисоди ва фарҳанги сарватманд.

Шаҳри Рим — яке аз шаҳрҳои бостонӣ аст, ва пеш пойтахти Рими Қадим буд. Аз асри III п. м. ин шаҳрро ҳамчун Рими Ҷовид (лот.Roma Aeterna) ва ё Ҷовидона номбарӣ мекарданд. Яке аз аввалин шахсоне, ки ин гуна номбарӣ мекард, шоири Римӣ Албий Тибулл (асри I п. м.) буд. Тасаввуроти «ҷовидонии» Рим пас аз барҳам хӯрдани Рими Қадим то ҳол боқӣ монд ва дар забонҳои имрӯза тавсифи ин ном истифода бурда мешавад.

Таърих[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Таърихи Рим
Мақолаи асосӣ: Рими Қадим

Давраи шоҳӣ[вироиш]

Форуми римӣ дар марказ — сутунҳои ибодатхонаи Зуҳал, паси онҳо тоқи нусрати Септимий

Мувофиқи аз ҳама қиссаҳои паҳншуда, бародарон Ромул ва Рем, зодаи духтари шоҳ Алба-Лонги Реи Силвий ва худо Марс мебошанд. Онҳо дар соҳили Тибр калон шуданд. Бобои худро Нумиторро дар тахти Алба-Лонг қонуни барқарор карда боз ба Тибр гашта мераванд барои мустамлика ташкил кардан. Байни бародарон низоъ бархест ва Ромул Ремро қатл карда маҳаллаи мустаҳками Палатинаро бунёд мекунад. Дар асри I п.м. як чан санаи бунёди шаҳри Рим ҳисоб карда шуд, аз ҳама машҳураш — 21 апрели соли 753 п.м..

Ромул ҳамчун подшоҳи якуми Рим номбар шудааст. Расмӣ ҳамагӣ ҳафт шоҳро дарбар мегиранд. Шоҳ Сервий Туллий расмӣ ҳамчун бунёдгари девори шинохта Сервий ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳукмронии шоҳи Рим ибодатхонаҳои аввал сохта шуд, аз ин ҷумла калисои Вест ва Янус. Аз рӯи хабари таърихдон Тит Ливий, Сервий Туллий дар вақти ҳисоби омори якум 80 ҳазор нафар одамро дар шаҳри рим қайд кардааст.

Рими Ҷумҳуриявӣ[вироиш]

Куштори Юлий Сезар, рассом Винченсо Камучини

Рим мудати дароз бо бо деворий Сервий маҳдуд буд ва ин девор ҳамчун сарҳади шаҳр ба ҳисоб мерафт. Ҳар боре ки Рим сарҳади худро васеъ мекард аввал роҳҳоро сохта Римро бо мустамликаҳои худ пайваст мекард.

Майдони марказии Рим водии байни Палатин ва Квиринал шуд ва ҳамчун Форум шинос аст. Аз инҷо кучаҳои мӯҳимтарини шаҳр тақсим мушуданд: via sacra, via nova ва дигарон. Дигар майдоне ки хусусияти мӯҳим дошт, бозори мол дар назди Тибр — — Форуми буққаҳо ки, дар ҷои серодам мавқеъ гирифта буд. Дар наздики бозори меваҷот вуҷуд дошт, аммо берун аз ҳудуди девори шаҳр.

Шумораи ибодатхонаҳо Рими Ҷумҳуриявӣ исбот мекунанд, ки аксари мардум рӯҳонӣ буданд. Дар ҳар як қисми шаҳр аз рӯи сарчашмаҳое ки то имрӯз омадаанд метавон як чанд азизгоҳҳои ҳамонвақтаро ҳисоб кардан. Ин чунин дар шаҳр ибодатхонаи сегонаи бостонӣ Ceres, Liber, Libera, ки дар соли 496 п.м. мувофиқи сарчашмаҳои омада сохта шуда буданд.

Пас аз куштори Юлий Сезар Рим ба ҷангҳои ғайринизомӣ дучор гашт ва ин ба нобуд шудани ҷумҳурии Рим ва пайдоиши давлати шоҳаншоҳии Рим оварда расонд ва сарвари якуми ин давлати шоҳаншоҳӣ Октавиан Август шуд, ки писархонд ва яке аз ҷоҳилони Сезар буд.

Рими шоҳаншоҳӣ[вироиш]

Реконструксияи Рими шоҳаншоҳӣ

Пас аз запт кардани Итолиё Рим роли асосиро дар сиёсати байн давлатҳои баҳри Миёназамин иҷро мекардад ва ин гуна рафтор ба ҷанги дигар, бо Карфаген ки давлати калон буд дучор гардонид. Бо се ҷанг Карфагенро мағлуб карда шаҳрро хароб намуданд. Ҳамон вақт Рим ғасби хуро ба шарқ ниҳода Иллирияро, Юнон, ва пас Осиёи Хӯрдро ва Суриёро зери итоати худ гардонданд. Дар асри I п.м. Рим ба як чанд ҷангҳои ғайринзомӣ дучор гашт, ки дар он Октавиан Август ғолиб баромад ва асосгузори сулолаи Юлий-Клавдий шуд, аммо сари давлат кам аз як аср ин сулола ҳукмронӣ кардааст.

Қуллаи баландтарини шоҳаншоҳии Рим ба давраҳои тинҷи рост омад (асри II п.м.), аммо аз асри III сар карда аз сабаби талоши давлат байни сиёсатмадорони Рим ба нохушиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Дар асри IV шоҳаншоҳиро ба ду қисм тақсим карданд ва дини насронӣ ҳамчун дини далатӣ дар қаламрави тамоми ҳудуди шоҳаншоҳӣ тасдиқ гардид

Дар асри V шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ бо мигратсияи қабилаҳои олмонӣ дучор шуд, ки ин ба барҳамхӯрии шоҳаншоҳӣ таъсири сахт расонд. Сарнагун кардани охирин шоҳаншоҳ Ромул-Августула аз ҷониби сарвари қабилаҳои олмонӣ Одоакр 4 сентябри соли 476, расмӣ рӯзи сарнагуни Шоҳаншоҳии Рим ба ҳисоб меравад.

Як қатор тадқиқотчиён, таърихдонони СССР дар ин самт (С. Л. Утченко) ҳисоб мекарданд, ки Рим тамаддуни аслии худро бунёд кард ва дар он тартиби махсуси баҳодиҳӣ нисбати ҳаёти одамизод ва инкишофёбии ӯ дар ҷамоати рим дар тулли равиш ва инкишофи таърих.

Фарҳанг[вироиш]

Мардум[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • H. Jordan, «Topographie der Stadt Rom im Alterthum» (т. I, 1878; т. II, 1871);
  • О. Gilbert, «Geschichte und Topographie der Stadt Rom im Altertum» (I, 1883; II, 1885; III, 1890);
  • O. Richter, «Topographie der Stadt Rom» (в III т. Iw. Müller, «Handbuch der Klassischen Altertumswissenschaft», Нёрдлинген, 1889);
  • Hülsen et Kiepert, «Formae urbis Romae antiquae accedit nomenclator topographicus» (Б., 1896).

Сарчашма[вироиш]


Пойтахтҳои Аврупо
Амстердам | Андорра-ла-Веля | Афина | Белград | Берлин | Берн | Братислава | Брюссел | Будапешт | Бухарест | Вадутс | Валлетта | Варшава | Ватикан | Вена | Вилнюс | Дублин | Загреб | Киев | Кишинёв | Копенҳаген | Лиссабон | Лондон | Любляна | Люксембург | Мадрид | Минск | Монако | Москва | Осло | Париж | Подгоритса | Прага | Рейкявик | Рига | Рим | Сан-Марино | София | Скопе | Таллин | Тирана | Сараево | Стокҳолм | Ҳелсинки


Шаҳрҳои Итолиё Flag of Italy.svg

Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса |