Руал Амундсен
норвегӣ: Roald Amundsen | |
Ном ҳангоми таваллуд | букмул Roald Engelbregt Gravning Amundsen |
Таърихи таваллуд | 16 июл 1872[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тахм. 18 июн 1928[4][2][5][…] (55 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | гардишгар, нависанда, дарёнавард, пажӯҳишгар, polar explorer, халабон, мусофир, naval aviator, коргардони филм |
Падар | Jens Amundsen[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ру́аль Э́нгелбрегт Гра́внинг А́мундсен (норвегӣ: Roald Engelbregt Gravning Amundsen; 16 июли 1872 — 18 июни 1928) — қутбнавард ва тадқиқотчии норвежӣ.
Саёҳатҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори аввал (1903—1906) дар киштии «Йоа» ба воситаи гузаргоҳи Шим. Ғарбӣ аз Гренландия ба Аляска шино кард. Дар давоми ду сол дар ҷазираи Кинг-Вилями Арктикии Канада тадқиқоти муҳими геомагнитӣ гузаронд. Руал Амундсен соли 1904 дар нимҷаз. Бутия-Феликс Қутби магнитии шимолиро омӯхт ва аввалин шуда қариб 100 ҷазираи атрофи онро ба харита дохил кард. Соли 1911 бо киштии «Фрам» ба экспедитсияи антарктикӣ баромад; 14 — 16 декабр, 1 моҳ пеш аз экспедитсияи тадқиқотчии англис Р. Скотт ба Қутби Ҷанубӣ расид ва дар бозгашт қаторкӯҳи Маликаи Муд (баландиаш 4500 м)-ро кашф намуд. Баъди аз Антарктика баргаштан Руал Амундсен дрейфи Ф. Нансенро такрор карданӣ шуда, с-ҳои 1918 — 20 бо киштии «Мод» аз Норвегия қад-қади материки Авруосиё то гул. Беринг шино кард. Соли 1926 ба якумин парвози трансарктикии Шписберген — Қутби Шимолӣ — Аляска (ба тавассути дирижабли «Норвегия») роҳбарӣ намуд.
Соли 1928 ҳангоми ҷустуҷӯи экспедитсияи италиявии У. Нобиле дар Арктика ҳалок гардид.
Асарҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Руал Амундсен дар бораи саёҳатҳои худ якчанд асар навиштааст: «Парвоз аз болои Уқёнуси Яхбаста» (1927, бо ҳамроҳии Л. Элсварт таълиф шудааст), «Экспедитсия дар киштии „Мод“ қад-қади соҳилҳои шимолии Осиё» (1929), «Қутби Ҷанубӣ» (1937). Асарҳои мунтахаб (5 ҷилд, 1936 — 39) ва «Ҳаёти ман» (1959) ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Баҳр дар наздикии Антарктида, кӯҳ ва пойгоҳи қутбии америкоӣ (Амундсен — Скотт), инчунин халиҷ дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба номи Амундсен гузошта шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 83. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ 2.0 2.1 Norsk biografisk leksikon (бук.) — Kunnskapsforlaget. — ISSN 2464-1502
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ http://www.nytimes.com/2014/11/06/fashion/watches-travel-exploration.html
- ↑ http://www.bbc.co.uk/news/mobile/magazine-16963280
- ↑ Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.