Роҳи оҳани Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қатораи Роҳи оҳани Тоҷикистон

Роҳи оҳани Тоҷикистон — яке аз муҳимтарин васоити системи нақлиёт дар кишвар мебошад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин роҳи оҳан дар қаламрави Тоҷикистони муосир хатти Урсатевская — Андиҷон буд, ки соли 1897 сохта шудааст. Вай аз шимоли кишвар гузашта, Хуҷандро бо шабакаи роҳи оҳани Русияи Подшоҳӣ пайваст. Соли 1907 навбати якуми роҳи оҳани ояндаи Сулукта, ки барои кашондани ангишт пешбинӣ шудааст, ба истифода дода шуд.

Солхои 1926—1930 хатти Тирмиз—Душанбе—Янгибозор (Ваҳдат) сохта шуд.

Соли 1938 дар шимоли ҷумҳурӣ хатти магистрали Конибодом — Шӯуроб сохта шуд.

Солҳои 1930 дар ҷануби Тоҷикистон роҳи оҳани Душанбе—Панҷи Поён ва дар соли 1950 Қӯрғонтеппа—Кӯлоб сохта шуд. Дар солҳои 90-ум онҳо баста ва барҳам дода шуданд. Солҳои 1960—70 хатти нави Тирмиз — Қургонтеппа — Ёвон ба истифода дода шуд.

Нахустин роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои истиқлол хатти васеъи Қӯрғонтеппа-Кӯлоб буд, ки соли 1999 ба истифода дода шуд[1].

Аз моҳи марти соли 2009 сохтмони хатти Ваҳдат—Ёвон оғоз гардид ва 24 августи соли 2016 хатти зикршуда ба истифода дода шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон. www.railway.tj. 16 феврали 2024 санҷида шуд.