Рубоиёти Рӯдакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рубоиёти Рӯдакӣ

Омад бари ман[вироиш | вироиши манбаъ]

Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!

Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туям на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.