Рӯдакӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
форсӣ: ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم‌ بن عبدالرحمن‌ بن آدم رودکی Рудаки.JPG
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Зодрӯз 858
Зодгоҳ Панҷрӯд, Панҷакент Тоҷикистон
Даргузашт 941, Панҷрӯд, Панҷакент, Тоҷикистон
Пеша шоир
Даромадгоҳ ба Боғи Устод Рӯдакӣ дар Душанбе
Ҳайкали Устод Рӯдакӣ дар Душанбе

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ (форсӣ: ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم‌ بن عبدالرحمن‌ بن آدم رودکی  941858, Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) — нахустин шоъири бузурги порсигӯй ва падари шеъри порсӣ аст.


Зиндагинома[вироиш]

Ҳайкали Устод Рӯдакӣ дар назди Донишкадаи Хоҷагии Деҳот (Душанбе)

Бунёдгузори адабиёти классикии порсӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд, ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Вай аз шоъирони замони Сомониён буд ва беш аз 1 млн байт шеър гуфта, вале аз он шумор то кунун танҳо камобеш 1000 байт расидааст. Рӯдакӣ соли 941 вафот кардааст.

Stamps of Tajikistan, 019-08.jpg
Рӯдаки ҳамчун шоири нобино, дар ин маркаи Эронӣ тасвир шудааст.

Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро,Одамушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.

Устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти тоҷик ҷамъбаст кардааст.

Рӯдакӣ ва Сомониён[вироиш]

Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдаки ба гӯши Сомониён Наср II ибн Аҳмад, ки сарвари Хуросон буд мерасад, ва вай устодро ба дарбораш даъват мекунад. Рӯдаки дӯсти ҳаррӯзаи Наср II мешавад ва боиси ҳурмату эҳтиром мегардад. Устодро асосгузори девон, ки як намуди маҷмӯаи шеър аз рӯи тартиби алифбо мебошад, ном мегирад.

Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри Аввали Сомонӣ, ки солҳои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашад. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфалзи Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро бо пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки авҷи болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин ҳаракат айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил ( 907-914 ) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри 2 (914-993) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.

Бинобар хамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Насри аввали Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Насри 2 Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд.

Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Э, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

Рӯдакӣ низ бо ғуломон ва амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.

Намунае аз осори Рӯдакӣ[вироиш]

Мақбараи Устод Рӯдакӣ дар Панҷакент
Осорхонаи А. Рӯдакӣ дар Панҷакент
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.
Дило, то кай ҳаме ҷӯӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Чаро ҷӯӣ вафо аз бевафое?
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?
Аё савсан баногӯше, ки дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро.
Яке з-ин барзанӣ нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ соӣ зери кӯҳе арзанеро?
Бубахшо, эй писар, бар ман бубахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро.
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро
Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт
Исо ба рахе дид яке мурда фитода
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сариангушт

Эҷодиёт[вироиш]

Даромадгоҳ ба мақбараи Устод Рӯдакӣ дар Панҷакент
Мақбараи Устод Рӯдакӣ дар Панҷакент

Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ Калила ва Димнаро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист. Баъди ин Синдбодномаро менависад. Соли 933 қасидаи Модари майро дар чанд рӯз мегӯяд, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Девони маҷмӯаи ашъори лирикии ин ё он шоир аст, ки мувофиқи жанрҳо ҷобаҷо карда мешавад. Калила ва Димна ва Синдбодномаро боз 5 маснавии дигар доштааст. Ҳамаи ин нишон медихад, ки Рӯдакӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул будааст. Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Авфӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ сездаҳ рах сад ҳазор байт будани шеъри Рудакиро хабар медихад:

Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

Шоири дигари асри XI Асадии Тусӣ, ки бо Рудакӣ қарибулахд ва аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, яксаду ҳаштод ҳазор байт гуфтани Рудакиро таъкид мекунад, ки ин хабар беш аз хама ба ҳақиқат наздик аст:

Шоир чу гузин Рудакӣ он к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.

Аз ин осори беандоза бузурги устод Рӯдакӣ акнун дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту бас. Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ нубуғи шоирӣ ва қудрати офаридагори устодро намоиш медихад.

Пирӣ ва вафоти шоир[вироиш]

Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рудакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танхо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳрати тамом ёфта буд. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи Модари май ишораҳо дорад. Зеро хонадони сомони дар авали хукумронии худ ба пайравони масхабхо, хатто динхо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиготи кармати авч мегирад, аз тарафи дигар, дар охирхои замони Насри ибни Ахмад (914- 943 ) таасуб ва хурофоти масхаби хеле боло рафт. Карматихо ки буданд? Карматихо гурухи буркувати сиёсие буданд, ки дар асри 9 пайдо шуда, дехконон, бодиянишинхо ва ахли хунар, хусусан, онхохеро, ки аз мазхаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифахои аббоси, ки худро хокими хамаи мусулмонхо мешумориданд, норози буданд, муттахид мекарданд. Таъсиру нуфузи он ба дарачае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари сохибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни Ахмад низ ба онхо таваччух дошт. Сабаби чунин ном гирифтани ин чараён дар он аст, ки асосгузори он Хамадон ибни Ашъас кайд ва пойхои кутох дошт. Онхо аз сарлашкарони туркнажоди мамлакати худ низ бим доштанд. Таълимоти кармати, ки бузургии нажоди эрониро нисбат ба арабу турк таблиг мекард, чун мафкура такягохи хубе буд. Лашкариён бошанд, онхоро мекуфтанду горат мекарданд. Аз чумла соли 938 Абулфалзи Балъами дар мохи ноябри соли 940 вафот кард.

Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоичуи марказгурез ва ривоҷу ҳуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:

Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биозмудамашон ошкору пинхони.
Нахостам зи таманно магар, ки дастури,
Наёфтам зи атохо магар пушаймони.

Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми у мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз кабехтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лулачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкурави хафноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.

Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷушу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронад, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:

Басо, ки маст дар ин хона будаму шодам,
Чунон ки чохи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун хамонаму хона хамону шахр хамон,
Маро нагуй, ки аз чи шудаст шоди сук?

Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷруд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани Олӣ мебошад.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]


Шоирони Порсигӯй
ДақиқӣРудакиРобиаи БалхӣУнсурӣФирдавсиИбни СиноУмари ХайёмНизомӣ ГанҷавӣСаъдиҲофизи ШерозӣКамоли ХуҷандӣҶалолиддини РумӣАбдураҳмони ҶомӣБедилЗебуннисо