Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парчами Тоҷикистон дар шафати чойхонаи «Роҳат»
Роҳпаймоӣ дар Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз ҷашнҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон, ки ҳар сол 9 сентябр таҷлил мешавад.

Маҷмааи «Истиқлол»

Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (русӣ: СССР) ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ислоҳотҳои демократӣ ва махсусан «ошкорбаёнӣ», ки аз ҷониби роҳбарияти ҳизби коммунистӣ (русӣ: КПСС) ба миён оварда шуд имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати миллӣ дар ҷумҳуриҳои миллии ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима карда шаванд. Ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии дар охири солҳои 80-ум ибтидои 90-ум Тоҷикистон ташкилёфта камбудиҳои дар ҷомеи ҷумҳурӣ ҷойдоштаро ба элитаи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ ва ҳизби коммунистӣ (бевосита, роҳбарияти ҲКИШ русӣ: КПСС) нисбат медоданд.

Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклоли Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Пас аз «табадуллот»-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (КДВФ — русӣ: ГКЧП), ки коммунистони тундрав (КПСС) 19-21 августи соли 1991 дар шаҳри Москва ташкил намуданд, аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлоли комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул намуданд.[1][2] Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Баргузории ид[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр — ҳамчун «Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайан гардид. 9 сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.[3] Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Тоҷикистон марзубуми Оли Сомони ман аст,
Хоку покаш дар шабистони ман аст.
Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам,
Дар фазояш чун кабутар мепарам.

Рамзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» мазмуни дар соли 1991 асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.[4]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010
  3. Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021  сол.
  4. Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.