Рӯзи модар

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

8 март - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад.

Модари тоҷик дар вақти самбӯсапазӣ

Мундариҷа

Баргузории ид [вироиш]

Истиқболи Рӯзи модар аз замони шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории "Рӯзи байналхалқии занон" - ро ба Рӯзи модар иваз намудааст..[1]

Рӯзи модар ҳар сол дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар арафаи рӯзи 8 март ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томхои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Нисбати модарон ва занон чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Мардон ва ҷавонон ба модарону бонувон туҳфаву гулдастаҳо дастрас мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон модарону бонувонро бо иди Рӯзи модар табрику муборакбод менамояд.

8 март - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Нигаред [вироиш]

Пайвандҳо [вироиш]

Эзоҳ [вироиш]

  1. Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон