Сандра Баллок

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Sandra Annette Bullock
Сандра Баллок
Sandra Bullock, The Heat, London, 2013 (crop).jpg
Зодрӯз 26 июл, 1964
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}

Сандра Аннет Баллок (англисӣ: Sandra Annette Bullock) 26 июли соли 1964 дар иёлати Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дунё омадааст. Вале аз сабаби он ки худи ҳунарпеша дар интервюҳои гуногун санаҳои гуногунро чун рӯзи таваллудаш қайд намудааст, ба саҳеҳии ин сана бовар накардан ҳам мумкин аст.

Дар даврони кӯдакияш Сандра бисёр саёҳат кардааст, аз он сабаб, ки оилаи ӯ чандин маротиба аз ИМА ба Аврупо ва боз ба ИМА кӯчидааст. Модари Сандра -Хелга Мейер – сарояндаи опера, падараш бошад -Ҷон Баллок – муаллими суруд буд. Дар оилаи санъаткорон таваллуд шудан ба усули тарбияи Сандра таъсири худро расонд. Ӯро аз хурдияш сурудхонӣ ва пианинонавозиро таълим дода, ба мусиқанавоз шудан, тайёр мекарданд. Вале кӯшиши падару модар барабас рафт. Ба Сандра мусиқии классикӣ маъқул набуд ва ӯ тамоми ҷаҳдашро ба он равона кард, ки ба мактаби мусиқанавозон дохил нашавад. Боре модараш Сандраи хурдсолро ҳамроҳаш барои иҷрои нақши дуюмдараҷае дар саҳнаи Операи Залсбург мебарад, вале Сандра нақшро натанҳо хуб бозӣ намекунад, балки дуруст суруда низ наметавонад ва бо ҳамин масъалаи мусиқанавоз шудани ӯ ҳал мегардад.

Вақте ки Сандра 12–сола мешавад, оилаи Баллок маротибаи охир ба ИМА кӯчида меоянд. Ба ӯ муддати дарозе лозим шуд, ки бамуҳити нав мутобиқ шавад. Ҳамсинфонаш ба ӯ чун ба аҷнабие менигаристанд.

Баъд аз хатми мактаб Баллок мехоҳад ба Донишгоҳи Каролинаи Шарқӣ дохил мешавад, то касби ҳуқуқшиносиро аз худ намояд. Вале, чанде пас, дарк менамояд, ки ӯ дар ин соҳа ба чизе ноил намегардад ва донишгоҳро тарк мекунаду ба Ню Йорк ба ҷустуҷӯи ҳаёти хуб меояд. Орзуи стюардесса ва модел шудани Сандра ҷомаи амал намепӯшанд. Ба ӯ лозим меояд, ки дар қаҳвахонаву тарабхонаҳои арзон пешхизмат шуда кор кунад, то зиндагии хешро таъмин намояд. Дар ин давра ба сари Сандра фикри ҳунарпеша шудан меояд, ва ӯ каме маблағ ҷамъ карда ба курси ҳунарпешагӣ дохил мешавад.

Баъд аз иштирок дар чанд намоишномаҳо ва гирифтани баҳои хуб аз тараҷи мунаққидон, Сандраро ба иштирок дар телесериалҳо даъват менамоянд. Аввалин нақши муҳими худро Сандра дар силсилафилми мазҳакавии "Духтари коргар" /Working Girl, 1990/ мебозад. Вале ӯ танҳо се сол пас баъд аз он ки дар панҷ филм ширкат варзид, машҳур гардид. Яке аз онҳо "Вайронкор" /Demolition Man, 1993/ бо ҳамроҳии Силвестр Сталлоне буд. Дар ин нақш Сандраро коргардони филм – Слай аз байни садҳо интихоб карда гирифт. Баъд аз ин шӯҳрати Баллок боло рафт ва ӯ дар филми "Суръат" /Speed, 1994/ нақшеро ҳамроҳи Киану Ривз бозид. Ин филм Сандраро ба ситораи синамои Ҳолливуд табдил ёфт.

Сандра Баллок соле пас ширкати филмбардории худро мекушояд ва ду филмро ба навор мегирад. Дар ин филмҳо – "Ҳанӯз ту хоб будӣ" /While You Were Sleeping, 1995/ ва "Шабака" /The Net, 1995/, нақши асосиро худаш бозид. Филмҳо хеле машҳур гардиданд, вале баъд аз ин давраи нокомиҳо дар ҳаёти ҳунарпеша сар шуд: филмҳои "Дар муҳаббат ва дар ҷанг" /In Love and War, 1996/, "Two If By Sea, 1996" ва "Суръат 2" /Speed 2: Cruise Control, 1997/ писанди тамошобинон нагардиданд. Вале ҳунарпеша рӯҳафтода нашуд ва нақшофариниро идома медиҳад.

Филмҳо[вироиш]

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]