Саноати Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазъи саноати Тоҷикистон то давраи навин[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар даҳсолаҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ – аграрӣ табдил ёфта буд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба 2.308 адад мерасид. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон 425 ададаш корхонаҳои нисбатан калон буда, аз онҳо 207 корхонаҳои саноати вазнин ва 119 ададашон корхонаҳои саноати сабук буданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 -1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият мекарданд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ воридгардида рақобат карда наметавонистанд.[1] Дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд мекард (аз байни онҳо 10,2% кор намекарданд). Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ дар 9 мохи соли 2012 - $1,4 млрд ташкил медиҳад.[2]

Соҳаҳои асосии саноат[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои охир Хукумати кишвар барои сохтани корхонаҳои азим саҳми калон гузошта истодааст. Мувофиқи ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:

Коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои нодир;[3]

Истеҳсоли ангишт (дар кони ангишти Шуроб, Фон-Яғноб [кокс] ва Назарайлоқ [антрасит]);[4]

Истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);[5]

Истеҳсоли металҳои ранга (арзиз, тило, нуқра, сурб, руҳ, висмут, симоб, волфрам, молибден);[6]

Саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хӯрокворӣ);[7]

Саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш);[8]

Саноати масолеҳи сохтумонӣ;

Саноати мошинсозӣ;[9]

Саноати пилла.[10]

Вазъи муосир[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат — 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ — 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 — корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 — корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 —корхона ба саноати маъдан, 1 — корхона ба саноати ангишт, 5 — корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.[11].

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар 11 моҳи соли ҷорӣ КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди алюминийи аввалия ба маблағи 158,0 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо содирот намудааст.

ҶДММ «Талко Кемикал» бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи корхонаҳои «криолит ва алюминийи фтордор» ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шурӯъ намуд. Корхонаи мазкур дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 51,7 млн сомонӣ расонид, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 136,3% таъмин намудааст.Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар 11 моҳи соли равон ба монанди фториди алюминийи 3761,2 тонна, криолит 632,8 тонна ва коагулянт 173,1 тонна истеҳсол гардидааст. Дар 11 моҳи соли равон корхонаи мазкур дар ҳаҷми 3605 тонна фториди алюминий, 417,6 тонна криолит, 438,3 тонна кислотаи сулфат ва 820,0 тонна коагулянт, дар маҷмӯъ бо маблағи 53,5 млн сомонӣ ба фурӯш баровардааст. ҶДММ «Талко Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 2496,8 тонна фториди алюминий ба маблағи 34,3 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст. Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 417,1 тонна криолит ба маблағи 2961,5 ҳазор сомонӣ ва 1107,9 тонна фториди алюминий ба маблағи 13209,4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 16171,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.

Ба КВД «Обу корезӣ»-и шаҳри Душанбе бошад 820 тонна коагулянт ба маблағи 1934,9 ҳазор сомонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 438,3 тонна кислотаи сулфат ба маблағи 1012,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст. Дар анбори корхонаи мазкур бақияи маҳсулоти ниҳоӣ ва нимтайёр бо нархҳои амалкунанда бе арзиши иловашуда бо назардошти бақияи соли гузашта зиёда 12,7 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид, ки дар натиҷа 60 нафар ҷойи кори нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намудан 120 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад. Дар 11 моҳи соли 2019 корхона ба маблағи 174,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 109,2 % баробар таъмин карда шуд. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 25129,82 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 957,32 тонна зиёд гардидааст. Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 намуд мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошад. Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 860 доллари ИМА баробар мебошад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон харидорӣ ва ворид менамояд.Дар ин давра корхонаи мазкур ба маблағи 4,1 млн сомонӣ (524 тонна) маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намудааст.

Дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар заминаи он 41 нафар ҷойҳои кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1100 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.Хатҳои технологӣ ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд. Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 30 намуд мерасанд, ки 10 намуди он профилҳои даврашакл буда, 20 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошанд.Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 650 сомонӣ (бе ААИ) баробар мебошад.Иқтидори солонаи корхона 2500 тонна мебошад. Дар 11 моҳи соли 2019 бошад, корхона ба маблағи 38,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 133,8% баробар таъмин карда шуд. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар 11 моҳ ба 4195,1 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 712,4 тонна кам гардидааст. Суръатафзоӣ 85,4 %-ро ташкил медиҳад.

Бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе 14-уми феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд. Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад. Аз оғози фаъолияташ корхонаи мазкур 162 адад автобусро ҷамъу васл намуда ба истифода додааст. Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 23 адад ва дар 11 моҳи соли 2019 128 адад автобусро ба балағи 113,5 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2018 121,1 млн сомонӣ зиёд) ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст, ки нисбат ба соли гузашта 9 адад зиёд мебошад. Айни замон нархи як аадад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад. Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 40 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.

31 марти соли 2019 дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания»-и шаҳри Гӯлистони вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардида, 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Корхонаи мазкур истеҳсоли маҳсулот аз моҳи июл оғоз намудааст, ки айни замон бо 60 нафар ҷойи кории нав таъмин шудааст. Корхонаи аз оғози фаъолият 490,0 тонна маҳсулот ба маблағи 1429,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад. Дар 11 моҳи соли 2019, корхона ба маблағи 18,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба 11 моҳи соли 2018 4,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 132,2 % баробар таъмин карда шуд.Дар 11 моҳи соли 2019 103 трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 38 адад тойбанд 36 адад ядак (прицеп) ҷамъу васл карда шудаанд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ корхона ба миқдори 16 адад ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 80Х» барои коркарди байни қаторҳои пахта ва 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1», 24 ядак (прицеп) ва ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 10 адад трактори тамғаи «Беларус 512» бекабина содирот намуд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад. Баъдан бо васеъ гардидани истеҳсолот шумораи коргарон низ зиёд карда мешаванд.

Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Труба ва профилҳои тоҷик»-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”-и ноҳияи Рудакӣ ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.[12].

Саноатчиёни кишвар дар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиарду 586,6 млн сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 млрд 809,4 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 113,6 фоизро ташкил дод.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар:

  • саноати ангишт 114,2%,
  • саноати маъдани кўҳӣ 117,6%,
  • саноати масолеҳи сохтмон 114,3%,
  • саноати сабук 123,6%,
  • саноати мошинсозӣ 129,6%,
  • саноати табъу нашр 109%,
  • саноати хӯрокворӣ 109,2%,
  • корхонаҳои пахтатозакунӣ 102,5%,
  • нафт ва газ 117,6%
  • электроэнергетика 119,6%-ро ташкил додааст.

Қайд гардид, ки 256 корхонаҳои азими саноатӣ фаъолияти худро бо афзоиш ҷамбаст намуда, ба маблағи 14,6 млрд сомони маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки аз ин ҳисоб нисбат ба соли 2018 ба маблағи 4,6 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.[13].

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.
  2. http://www.regnum.ru/news/1582915.html
  3. Горонодобывающая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.
  4. Горонодобывающая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.
  5. Нефтегазодобывающая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.
  6. Алюминиевая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.
  7. Легкая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.
  8. Химическая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.
  9. Алюминиевая промышленность(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2013.
  10. нусхаи бойгонӣ. 11 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2017.
  11. Натиҷаи воридоти технологияҳои муосир ва татбиқи он дар истеҳсолоти ватанӣ. sanoat.tj. 22 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.
  12. «Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад». sanoat.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.
  13. Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҷамъбастии соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020. sanoat.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2021.