Зайниддин Сафаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сафаров Зайниддин)
Зайниддин Сафаров
Сафаров Зайниддин
Таърихи таваллуд: 10 январ 1956(1956-01-10) (68 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошканд ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зайниддин Сафаров (10 январи соли 1956, ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон)— вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои IV, V, VI.[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайниддин Сафаров 10 январи соли 1956 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошканд ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои зооинженер, сиёсатшинос ва ҳуқуқшинос хатм намудааст. Дар вазифаҳои коргари хоҷагии «Кангурт», муҳандиси Идораи пиллахушккунии ноҳияи Темурмалик, зоотехники Иттиҳодияи зотпарварии ноҳияи Восеъ, инструктор, котиби шуъбаи мактабҳо ва котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Темурмалик, котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Ховалинг, инструктори шуъбаи кишоварзӣ ва саноати хуроквории Кумитаи вилоятии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи кишоварзии Кумитаи ноҳиявии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, инструктори шуъбаи комплекси агросаноатии Кумитаи вилоятии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати аграрӣ,озуқа ва шуғли аҳолӣ, сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали директори агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Зайниддин Сафаров(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2020.