Саффориён

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Сулолаи Саффориён - бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ҳукуматдорони Давлати Саффориён дар кишвари Хуросон буданд.Сулолаи Саффориён баъд аз заволи Тоҳириён соли 873 сари қудрат омадааст.

Таърих[вироиш]

Сарсулолаи хонадони Саффориён Лайс, ки ба мисгарӣ машғул буд (ва бо забони арабӣ ин шуғлро "саффор" меноманд), чаҳор писар дошт, ки дар айёми нобасомони миёнаи ќарни IX ҳамагӣ ба ҷангу сипоҳ сару кор доштанд. Тоҳир ва Алӣ дар хидмати дигар саркардаҳои ҳарбии он рӯз қарор доштанд. Яъқубу Амр бошад ба айёрӣ ё ба таъбири дигар ба роҳзанӣ машғул буданд. Халифаи Бағдод барои фурӯ нишонидани ошўби хориљиён дар Хуросону Сиистон Солеҳ ибни Насрро фиристод. Ӯ бо шикаст додани хориҷиён ва сомон бахшидани авзои минтақа дар чашми ҳукуматдорон ва миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Пас аз фавти Солеҳ ҷойнишини ӯ Дирҳам ибни Ҳасан натавонист, ки миёни лашкариён нуфузу эътибор пайдо кунад. Яъќуб бо тарафдоронаш аз фурсат истифода бурда, ќисме аз дастаҳои ѓозийнро низ ба тарафи худ кашид, идораи кишварро ба даст гирифт ва соли 861 Сиистонро пурра тасарруф намуд. Сипас ҳокими Кобулро бо найранг ба ҳалокат расонида, байни солҳои 862-866 Ҳирот, Пушанг, Балх, Бомиён ва Форсро аз дасти маъмурони Тоҳириён берун кард. Соли 873 аз фориғболии Муҳаммад ибни Тоҳир – охирин амири тоҳирӣ истифода карда, дарбори ӯро ба сӯйи хеш ҷалб кард ва дар муҳорибаи сарнавиштсоз нерӯҳои онро торумор карда, Нишопурро ба даст даровард.

Яъқуб ибни Лайс(соли 879) чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Яъқуби Лайс бузургтарин чеҳраи сиёсӣ ва қаҳрамони набарди истиқлолхоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр буд.

Яъқуб бародараш Амр ибни Лайсро ҷойнишини худ эълон карда, сипоҳиёнро даъват кард, ки аз ӯ итоат намоянд. Амр нахуст ба халифаи аббосӣ нома навишта, изњор дошт, ки нисбат ба Аббосиён вафодор аст. Халифа дар ҷавоб фармони ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристон, Сиистон, Ироқи Аҷам ва Бағдодро ба номи ў содир кард. Амр ният дошт, ки Мовароуннаҳрро ҳам зери итоати худ оварад. Ягона ҳарифе, ки дар ќисматҳои шарќии хилофат ҳанўз аз Амр итоат намекард, Исмоили Сомонӣ буд. Халифаи маккори аббосӣ аз ќудратёбии ду саркардаи тоҷик ҷиддан нороҳат буда, интизори раќобату даргирии низомии ду саркардаи машҳур ва ду силсилаи маҳаллӣ буд. Халифа ҳар ду ҷонибро ҳам дастгирӣ карда, корро ба ҷое расонид, ки ҷанги ду сипаҳсолори тоҷик ногузир шуд

Сукути Саффориён[вироиш]

Солҳои 899-900 миёни Амр ва Исмоил ҷанг рух дод. Дар ин мубориза Исмоили Сомонӣ тавонист, ки рўҳияи мардуми Мовароуннаҳрро бар муқобили Амр бархезонида, аз тамоми табақаҳои аҳолӣ дар мубориза бар алайҳи ӯ истифода намояд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда, ки соли 900 рух дод, Амр асир гардид ва Исмоил ӯро ба Бағдод фиристод, ки ҳамон ҷо аз олам даргузашт. Бо асир шудани Амр қудрати Саффориён ба анҷом расид. [1]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе, 2011. – с. 99.

Пайвандҳои беруна[вироиш]