Сипанди Самарқандӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мулло Абдулкарим Сипандии Самарканди
Сипандӣ Самарқандӣ
Зодрӯз
Зодгоҳ Самарканд
Вазифа шоир

Мулло Абдулкарим Сипандии Самарканди (1245/1829 - 1327/1909) маъруф аст ба шоири дузабона. Дар Самарканд умр ба сар бурдааст. Эчодиёташ аз газал, мухаммас, китъа, рубои, китъахои таърих иборат аст, ки аксаран бо забони точики буда, дар девон бетартибона чой дода шудааст. Ба гайр аз ин Сипанди аз худ "Хачви кали Иброхим"-ро боки гузоштааст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Мулло Абдулкарим Сипандии Самарканди (1245/1829 - 1327/1909) хамчун шоири дузабона маъруф аст. У дар Самарканд умр ба сар бурдааст. Эҷодиёташ аз ғазал, мухаммас, қитъа, рубои, қитъаҳои таърих иборат аст, ки аксаран бо забони тоҷики буда, дар девон бетартибона ҷой дода шудааст. Ба ғайр аз ин, Сипандӣ аз худ "Ҳачви кали Иброҳим"-ро боқи гузоштааст.

Намунаҳо аз осори Сипандӣ[вироиш]

Шаб, ки он дилбар маро бо хештан дамсоз кард,
Чашми шухи у ба андози ниёзам ноз кард.
Богбони хусн сарви комати нози туро,
Дар миёни навнихолони чаман мумтоз кард.
Дар харими базми васлат рухсати наззора нест,
Гар ба руйи мехр натвон чашми хайрат боз кард.
Аз шикасти согари дил нолае омад ба гуш,
Чинии Фагфур хам натвонад ин овоз кард.
Дар дами пирӣ хам аз чаври фалак гофил мабош,
Боз дар анчом созад он чи дар оғоз кард.
Бахри у худро Сипанди сухтам чандон, ки чарх,
Сад хазор оина аз хокистарам пардоз кард.
Қадат сарви гулистони назокат,
Лабат лаъли бадахшони назокат.
Агар оӣ, ба гулшан , гул намояд,
Нисори мақдамат ҷони назокат.
Рухи ту сафҳаи мушкоти хубӣ,
Хатат тасвири қуръони назокат,
Яке з-ин гулъузорон чун ту набвад,
Ба мулки ҳусн султони назокат.
Чӣ гӯям васфи ту, ҳар тора муят,
Ба чашми ноз мижгони назокат.
Ишоратҳои абрӯи ту бар мо,
Далели лутфу бурҳони назокат.
Нишони номи ӯ дорад Сипандӣ,
Сари ҳар байти девони назокат.
Ёр аз як сӯ, баҳор аз як тараф,
Шуд ба ман ин ду дучор аз як тараф.
Мерасад дар бӯстон вақти хазон,
Нолаҳои сӯгвор аз як тараф.
Қумрӣ аз як сӯ ба фарёду фиғон,
Булбули шайдои зор аз як тараф.
Сарзаниш созад гули пажмурдаро,
Гулбун аз як сӯву хор аз як тараф.
Ақраби зулфаш зи як сӯ мегазад,
Кокули мушкин чу мор аз як тараф.
Зулфаш аз як сӯ ба домаш мекашад,
Хатти сабзи мушкбор аз як тараф.
Мурғи дил бар домаш аз як сӯ фитод,
Ин Сипандӣ беқарр аз як тараф.
Мужда, эй дил, ки шаб он моҳнасаб меояд,
Меравад шоми ғаму субҳи тараб меояд.
Моҳи ман гар зи раҷаб зудтар ояд, гӯё,
Рамазон пештар аз моҳи раҷаб меояд.
Зудтар ой, ки аз баҳри нисори қадамат,
Ҳар нафас ҷони ман аз сина ба лаб меояд.
Шукр, к-он шӯхи ҷафопеша ба оини вафо,
Карда тарки сухани худ ба адаб меояд.
Чун саҳар чеҳраи бахти сияҳат бод сафед,
Офитоби ту, Сипандӣ, ки ба шаб меояд.
Нигори ман, ки саропо карашмаю ноз аст,
Миёни тозаниҳолон чу сарви мумтоз аст,
Адои замри табассум чу дид аз лаби ту,
Даҳони ғунча зи ҳайрат чу чашми ман боз аст.
Зарофате, ки ба табъи латифи нозуки туст,
Каромати азалӣ, ё нишони эъҷоз аст.
Маро, ки васфи ту шуд кашф маънии мубҳам,
Магар ба хатти ту мазмуни гулшани роз аст.
Ҷамоли ту гулу ман булбули навосанҷам,
Забони тӯтӣ зи оина нуктапардоз аст.
Усули ҳикмати илми каломро ҳама дам,
Лабат ба хандаю чашмат ба ғамза дамсоз аст.
Ниҳод бар сари ҳар байт ҳарфе аз номат,
Сипандӣ, гарчи на аз лутфи ту сарафроз аст.

Аз рубоиёт[вироиш]

Эй шӯх ба як нигоҳ корам кардӣ,
Бо новаки ғамзае фигорам кардӣ.
Дар оташи миҷмари ғамат афгандӣ,
Бигдохтию сипандворам кардӣ.
Имшаб шакаре гар аз лабат нӯш кунам,
Дар ишқи ту кай панди кассе гӯш кунам,
Ғайри ту агар парист, аз хотири ту,
Бошад, ки зи хотирам фаромӯш кунам.
Аз шамъи рухат чу равшан ин кох шавад,
Дил ходиму ҷон хастаи таббох шавад.
Набвад аҷаб аз вуфури лутфи карамаш,
Бо хоҷа агар ғулом густох шавад.
Имрӯз на он сарви суман кард видоъ,
Бал қумрии ақлу дин зи ман кард видоъ.
Ҳуш аз сару қут аз миён рафт дареғ,
Ҳам ҷону дил аз фусурданат кард видоъ.