Сутунмӯҳра

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Сутунмӯҳраи инсон
Сутунмӯҳраи инсон

Сутунмӯҳра - бахши аслии устухонбандии инсон дар нимтанаи болоӣ аст. Нақши сутунмӯҳра, ҳимоят аз кал будан, тавоноӣ дар хам шудан ва чархидан дар тамоми масирҳо, ва низ ҳимоят аз сохтумонҳои ҳаётии банд мисли аъзоб ва нихоъ мебошад, ки дар дохили он қарор дорад.

Сутунмӯҳра (Columna vertebralis), аррапушт, сутуни фақарот, қисми асосии скелети меҳварии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам. С.-и одам аз 5 қисм иборат аст: гардан (7 мӯҳра), сина (12 мӯҳра), миён (5 мӯҳра), чорбанд (5 мӯҳраи бо ҳам васлшуда) ва думғоза (3 – 4 мӯҳраи ба якдигар пайваст). С. барои ҳароммағз омили муҳофиз мебошад. Ҳар мӯҳра аз қисми нисбатан калон (аз пеш ҷойгир аст), тана ва камонак иборат аст. Тана ва камони мӯҳраҳо ҷӯй (канал)-и С.-ро ба вуҷуд меоранд, ки дар қисмҳои гардан ва синагии он ҳароммағз, дар қисми миён (камар) бошад, решачаҳои асаби ҳароммағз ҷой гирифтаанд. Ҷӯякчаҳои камони мӯҳраҳо сӯрохиеро ҳосил мекунанд, ки аз онҳо асабҳои ҳароммағз баромада, рагҳо мегузаранд. Аз камони мӯҳраҳо як ҷуфт шохаи арзӣ, ба боло ва поён ду ҷуфт шохаҳои буғумӣ, аз мобайн як шохаи тез (ба қафо меравад) мебароянд. Андозаи мӯҳраҳо аз боло ба поён то мӯҳраҳои болои чорбанд калон, сипас хурд мешавад. Танаи мӯҳраи VI гардан аз пеш дӯнгича дорад, ки нисбат ба дӯнгичаи диг. мӯҳраҳо хеле инкишоф ёфтааст (дӯнгичаи Шассенек). Ба ин дӯнгича артерияи суботиро ҳангоми хуншориаш зер мекунанд. Шохаи дарози мӯҳраи VII-и гардан зуд ба зери даст меояд, аз он сар карда мӯҳраҳоро мешуморанд. Дар байни танаи мӯҳраҳои гардан, сина ва миён қурсҳои байнимӯҳравӣ мавҷуданд. Шакли С.-и одам барои рост гаштан мувофиқ шудааст. Он аз боло ба поён мутаносибан ғафс гашта, каҷиҳои такроршаванда дорад (дар қисмҳои гардан ва миён ба пеш – лордоз; дар қисмҳои сина ва чорбанд ба қафо – кифоз). Дар мавриди чунин сохт як қисми вазни бадани одаме, ки рост истодааст, аз мӯҳраҳо ба бандакҳои наздимӯҳрагӣ дода мешавад. Ин гуна каҷиҳои С. таъсири зарбаҳои марбут ба роҳравӣ ва давиданро бартараф месозанд. Ба туфайли нарм пайваст гаштани мӯҳраҳо одам ба пешу қафо ва ду паҳлӯ хаму рост шуда, печутоб мехӯрад. Мӯҳраҳои гардану миён нисбатан серҳаракат ва мӯҳраҳои сина камҳаракат мебошанд. Дар С. нуқсҳои гуногуни инкишоф, деформатсия, осебу бемориҳо, омос ва ғ. мушоҳида мегарданд. Ба нуқси инкишофи С. тағйир ёфтани адад ва шакли мӯҳраҳо мансуб аст. Осебҳои С. бисёр вақт пӯшида мешаванд. С. бештар дар натиҷаи лат хӯрдан, афтодан ба пушт, сар ё дунба, ҳаракатҳои ноқулай ва беҷо осеб меёбад. Мӯҳраҳои С. мешикананд ё аз ҷой мебароянд, қурси байни мӯҳраҳо фит мешавад. Аломати асосии клиникии осеби С. дарде мебошад, ки ҳангоми ҳаракат кардан ё ҷунбидан падид меояд. Хусусан шикастани С. вазнин аст. Осеби кушодаи С. бисёр вақт боиси зарар дидани ҳароммағз низ мешавад. Ба бемориҳои С. остеохондроз, радикулит, бемории Калве, остеохондропатия, остеомиелит, бемории Бехтерев, спондилит ва ғ. мансуб мебошанд. Дар С. омосҳои гуногуни некфарҷом (остеохондрома, гемангиома) падид меоянд. Омосҳои саратонии С. асосан дуюмин буда, дар натиҷаи реша рондани омосҳои диг. узвҳо ташаккул меёбанд. Ад.: Абдураҳмонов Ф.А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995, 1998; ҳамон муаллиф, Атлас – учебник по функциональной анатомии человека, ҷ. 1 – 2, Д., 2006, 2008; Борэнштейн Д., Позвоночник под контролем!, М., 2004; Агаджанян Н.А. (ва диг.), Основы физиологии человека, М., 2009. Ф.А. Абдураҳмонов. КЛ Сутунмӯҳра (бо ададҳои римӣ қисмҳои он ишора карда шудаанд): I – қисми гардан; II – қисми сина; III – қисми миён; IV – қисми чорбанд; V – қисми думғоза; қисми гардании сутунмӯҳра ба тавассути банду бандакҳо ба устухони пасисарии ҷумҷума пайваст мешавад.

Манбаъ[вироиш]