Сӯҳбатҷон Баҳриев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сӯҳбатҷон Баҳриев
Сӯҳбатҷон Ҳусейнович Баҳриев
Таърихи таваллуд 25 июл 1945(1945-07-25) (78 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент

Сӯҳбатҷон Ҳусейнович Баҳриев - (25 июни, 1945, шаҳри Душанбе), омӯзгор, номзади илмҳои техникӣ (1973), дотсент (1981), профессор (1994).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сӯҳбатҷон Ҳусейнович Баҳриев дастпарвари мактаби миёнаи № 14 ш. Душанбе (1963), факултети меахникаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм кардааст (1968): Сипас дар вазифаҳои ассисистенти кафедраи ИПМТ, аспиранти Инстиути хоҷагии қишлоқи Волгоград, муаллими калони кафедраи риёзиёт ва графика (1974), мудири кафедраи “Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ”. Барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Томск, Ленинград, Москва, Фресно (ИМА) ва Мюнхен (Олмон) сафари илмӣ кардааст. Аз соли 1994 - профессори кафедраи ИПМТ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 50 асару мақола, аз ҷумла китоби дарсии “Истифодаи тракторҳои пурқудрат” “Эксплуататсия энергонасищенних тракторов”, “Агропромиздат”, М, 1991, барои донишҷӯёни мактабҳои олии собиқ СССР ва 8 ихтироот аст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо Ифтихорномаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи СССР ва Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]