Таърихи Чин

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Таърихи Чин - Чин дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳонӣ

Вазъи Чин пеш аз оғози ҷанг[вироиш]

Чин дар чанги 1-уми чахони расман дар тарафи Антанта ширкат кард, аммо дурии мамлакат аз чойхои асосии амалиёти чанг аслан мушкилоти сиёсии дохилии зиёд ро пеш овард. Баъди сарнагунии сулолаи манчжурии Цин дар соли 1912 Юань Шикаем бо диктатураи харби ба сари кудрат омад. Юань Шикай бо такя ба зердастонаш хокимияти шахсияшро таквият дод. Вакте ки хизби Гоминьдан мардумро бар «инкилоби дуввум» бапо хезонад, авалхои август Юань Шикай бо дастгирии зурдастони инглис, хангоми намоиш дар сохили дарёи Янцзы мухолифини сиёсии худро торумор кард. Поягузори Гоминьдана Сунь Ятсен ба Чопон мухочир шуд. Бо бахра аз дастгирии кудратхои хоричи, Юань Шикай порлумонро мачбур карт тоуро ба муддати 5сол президенти Чин интихоб кунанд. 4 ноябри 1913, 438 намояндаи порлумони шомил ба хазби Гоминьдан,аз мандат холи ва худи хизб гайриконуни дониста шуд. 12 январи 1914 Юань Шикай пурра парлумони нотобеъро озод кард ва ба чои сарконуни 11 марта 1912, сарконуни наверо 1-май кабул кард ки ба у хукуки диктатори медод . Юань Шикай , омода ба баркарорсозии сохти императори ва монархии Чин дар буткадаи Храме Неба, бо хамаи русуму анъанахои дарбори императории пешин курбони кард . Унвонхои олимакоми замони шоханшохи бахшида мешуд. Бо ташаббуси Юань Шикая мушовири сиёсии у Фрэнк Гудноуи амрикои соли 1914 баён дошт ки дар шароити Чин сохти шоханшохи-монархи нисбати чумхурихои бехтар аст Хучуми Юань Шикая баишголи демократии инкилоби Синьхайскойбадшавии сатхи иктисод дар мамлакат мавчи норозигихоро ба миён овард.Калонтарини онхо уришхои Хэнань, Хубэй, Аньхой ва Шаньси бо сарварии дехкон Бай Лана буд ки аз соли 1912 то тирамохи 1914 давом кард. Дар артишги озодихохи Бай Лана дехконону накбканон мечангиданд. Барои пахши шуриш Юань Шикай артиши 200хазора фиристод. Якчоя бо ин у фишор ба куввахои десокротиро афзуд. Марти 1914 конуни махдудии иттилоот ба имзо расид ва ноябри 1914 саркубии ахоли. Амалиёти Чопон Баъди огози чанги 2-юми чахони августи соли 1914 хокимияти Чин ба кудратхои чанганда аз бетарафии худ эълон кард ва хост ки дар дохили Чин ва заминхои ичоравии кудратхо дар Чин амалиётхои чанги нагузаронанд. Аммо 22 августи соли 1914 Чопон бо Германи чанг эълон кард ва артиши 30-хазораи худро дар шимоли Циндао — маркази колонияи Германия дар Шаньдун ворид кард. Баъди харбузарби 2-моха Чопон заминхои дар Шандун будаи Олмонро забт кард ,тамоми музофотро тахти назорат гирифт. Юань Шикай ба Чопон муковимат нишон надод балки аз Чопон дастгирии накшахои монархиашро мехост. 18 январи соли 1915 Чопон ба Чин «21 талабот»-ро пешниход кард ки аз руи он, Шаньдуне, Южной Маньчжурии, Внутренней Монголии ва маркази асосии металлургии Чин — комбинати Ханьепинском , хамчунин артиш, полис, сиёсати дохили ва молиявии Чин ба итоати Чопон медаромаданд . Ин талабот боиси норозигихо дар Чин гардид. Дар хама чо баромадхои зидди чопони дар ташкилотхои тахти тасаруфи Чопон корпартоихо эълон карда шуданд. 7 май Чопон, панч талаботи охиринашро бекор кард ва ба Чин шарт гузошт. Юань Шикай ба дастгирии ИМА, Англии ва Франция, умед баст, аммоонхо маслихат доданд, ки барои гурехтан аз чанчол бо Чопон ба ин талаботхо рози шавад. Рузи кабул кардани талаботхои Чопон аз тарафи Юань Шикаем 9 майи соли 1915 рузи «шармандагии Чин» эълон шуд..

Кӯшиши барқаросозии монархиии Юан Шикай[вироиш]

Кушиши баркароркунии монархии Юань Шикай Бо такя ба корхои Гудноу, дар чин маъракаи ташвик ба иперотурхонии Юань Шикаем ва даст бардоштан аз сохти идоракунии чумхурияви шуруъ шуд. Барои хунсокардани пайравони сулолаи Цин, Юань Шикай бо дарбор рохи созиш чуст. Даъвогари тахту точ ба шохзодагони манчжур оиди риояи Имтиёзхо ба дарбори цин мактуби расми дод ва гуфт ки ин амр дар сарконуни оянда хифз хоха шуд. Барои боз хам наздикшави ба дарбори цин Юань Шикай хост духтарашро ба Пуи дихад. Шохзодагни Маньчжур алорагми нафраташон ба Юань Шикая боиси хоинияш алайхи императори пешин Цзайтяня дар соли 1898 ва ба даст гирифтани сулола дар соли 1912 ба ин азми хешованди рози шуданд. Шохзода Пулунь — амузодаи Пуи — аз номи сулолаи Цин ва хайати 8 номдорони Манчжури тахтро ба Юань Шикаю супорид. Тобистони соли 1915 Юань Шикай маъракаи таъини салтанат ва точу тахт огоз шуд. Дар музофотхо райъпурси шуда гузашт ки мардум барои баркарории монархия чонибдори карданд. Дар мохи декабри соли 1915 шурои мачлиси маркази карор барои таъсиси монархияи конститутсиониро ба Шикай пешниход кард. Юан Шикай дар авал истисно ба адами тамоюли худ нисбати содик буданаш ба сохти президенти ва эхтироми Пуи ин хохиши мачлисро рад кард ва баъдан 12 декабр барои кабули унвони имперотури розиги дод. Хануз охири соли 1915 мамолики Антанты бо Юань Шикаем мусохибахо оиди ба чанг зиди Олмон хамрох шудани Чин барпо шуда буд. Юань Шикай нигохдории сохти монархи ва унвони имперотуриашро бар ивази огози чанг бо Олмон ба кудратхо шарт гузошт. Аммо норозиги аз тарафи Чопон ва инкишофи харакатхои зиддиипмеериалистидар мамлакат таваччухи Юань Шикайро чалб карданд ва суоли пайвастан ба чанг дар замони хаёти у хал нашуд. Юань Шикай пеш аз таъсиси шоханшохии нав ба назар нагирифт ки дар сохтори республикави хокимият аз бюрократия берун нарафт ва ин сохтор кафолати нигахдории артишро дошт. Аз ин сабаб артиш пурра дар тарафи чумхурихохон буд. 25 декабри соли 1915 дар музофоти Юньнань тахти сарварии генерал Цай Э «инкилоби сеюм» огоз шуд. Дар харакати «Хифзи чумхури» гуруххои чумхурихохи буржуазии Чин ва кисми либерально-помещиконив Чини маркази ва чануби шомил буданд. Милитаристони Шимол хам зидди шоханшохи буданд. Кудратхои аврупоии дар доми Чанги авали чахонибуда ба накшахои Юань Шикая нигохи манфи доштанд. Чопон хам бобати дастгири ба уро рад кард. Юань Шикай окибнишини кард. 22 марти соли 1916 поёни шоханшохи ва ибтидои сохти чумхуриявиро эълон кард. Императори нохонда кушиш кард то курсии президентиро ишгол кунад аммо генералхои чумхурихохистоъфои хатмии уро хостанд, артиш хам аз у руй тофт. 6 июн Юань Шикай ногох вафот кард.

Заъфи Чин дар масъалаи иштирок ба ҷанг[вироиш]

Баъди марги дар Пекине собик муовини президент Ли Юаньхун президент интихоб шуд ва сарконуни, 10 марта соли 1912ба кор даровард ва парлумони рондаи Шикай ро фаро хонд. Аммо дар хукумат чонибдорони Шикай гуруххои харби-помешикии шимол боки монданд, сарвари хукумат Дуань Цижуй шуд. 1 августи соли 1916 дар сессияи якуми парлумон байни гоминьданчиён, чонибдорони буржуазияи милли, помещикони Чини шарки чануби ва маркази Китая, ва милитаристони шимоли (чонибдорони пешини Юань Шикая), нофахмихо рух дод. Тирамохи соли 1916 милитаристони музофотхо расман ба Пекин нигох мекарданд аммо дар амал худашонро хокимони мутлаки музофотхояшон медонистанд. Охирхои соли 1916 вазъи сиёсии шимоли Чин тезутунд шуд. Парлумон пешниходи Цао Жулиня оиди карз аз Чопон ба маблаги 5млн доллар дастгири накард. Кудратхои империалист барои ёрии молияви ба Чин шарт гузоштанд бо Олмон чанг эълон кунад. Аз ин ру, Великобритания ва Франция Япониюро бовар кунонданд заминхои Олмони дар Чинробаргардонанд. Тахти фишори муштараки Великобритании, США, Франции и Японии Дуань Цижуй 14 марта солти 1917 муносибатхои дипломатии худро бо Олмон баст. 25 апрели соли 1917 Дуань Цижуй милитаристон ва губернаторони харбии 9 музофот ва дигар фаъолонро ба Пекин ба конфронси низоми хонд. Дар кори конфронс намояндагони ИМА ширкат доштанд ва харчи зудтар эълони чанг бо Олмонро такозо кардан. Дар натича 28 апрели соли 1917 конференцияи губернаторони харби эълони чанг бо Олмонро кабул ва ба палатаи поёнии парламента, 10 мая соли 1917 пешниход кард. Парлумон яквакт бо эълони чанг истеъфои Дуань Цижуй-ро талаб кард. Раиси хукумати нав У Тинфан шуд. Кисми музофотхои милитаристони шимоли истиклолият эълон карданд. Ли Юаньхун генерал Чжан Сюня –ро бо артишаш аз музофоти Цзянсу ба Тяньцзинь хонд, ки артишаш ба сулолаи Цин содик буданд. 8 июн генерал аз президент «шартхои имтиёзи» дар сарконун, шинохтани конфуци хамчун дини милли ва зиёд кардани шумори харбиёнро хонд. 9 июн армияи Чжан Сюня ба Пекин даромад. 1 июл баркарории сулолаи Цин бо сарварии Пуи эълон шуд. Дуань Цижуй бо артишаш ба суи Пекин омад ва ба сохтори шоханшохи зарба зад. Дуань Цижуй бо истифода аз фурсат Ли Юаньхуна-ро ба истеъфо ва парлумонро озод кард. Вазифахои президенти ба души Фэн Гочжан гузошта шуд. Бо тахкими чойгохи худ Дуань Цижуя 14 августи соли 1917 бо Олмон расман чанг эълон кард. Бо дастгирии молиявии Чопон милитаристони шимоли ба гуруххои чануб муборизаро давом доданд.

Тақсимёбии Чин[вироиш]

Таксимёбии Чин Баъди торумори порлумон дар ибюни соли 1917 зиёда аз 100 депутат аз Пекина ба Гуанчжоу омада ба сафи гуруххои мухолияи милитаристони шисоли пайвастанд. Дар сесияи авалини худ дар Гуанчжоу порлумон коркарди Дуань Цижуй дар эъломи чанг бо Олмонро гайриконуни донистанд ва Сунь Ятсен дар бораи баркарорсозии бетарафии Чин нисбати чанг сухан кард, ки аз чониби порлумон ба иттифок дастгири ёфт. Хамчунин Дуан Цижуй худхонда ва ба Пекин артиш фиристода шуд. Тахти фишори Великобритании, США и Японии хукумати чануб 26 сентября соли 1917 бо олмон чанг эълон кард ва умед дошт ки аз тарафи кудратхои хоричи расман шинохта шавад. 3 октябр Сунь Ятсен дар Гуанчжоу «генералиссимусом Чини чануби» хонда шуд ва фармондехи Кувахои мусаллахи федеротсиони чануби шуд. 7 октябри соли 1917 Сунь Ятсеназ номи Федератсияи музофотхои чануби бо шиори химоя аз сарконун ба шимол чанг эълон кард. Дар кисми хукумати харбии Чини чануби намояндахои юньнаньских, гуансийских и сычуаньских милитаристов шомил буданд. Сунь Ятсен, ва хизбаш Гоминьдан, баъди марги Юань Шикая, на дар байни мардум ва на дар байни артиш такягох надоштанд. Хукумат ба гуансийского милитариста Лу Жунтина такя мекард. Сун Ятсен истеъфо дод ва ба Шанхай рафт. Хукумати Гуанчжоуское ичрогари кури Лу Жунтина, барои таквияти нуфузи худаш табдил ёфт ва чанг бо шимолро идома миедод. Лу Жунтин президенти навинтихоби Пекин Сюй Шичана, -ро эътироф накард.

Иқтисодиёти Чин дар солҳои ҷанги якуми ҷахонӣ[вироиш]

Дар солхои чанги Аврупо ширкатхои хоричи фаъолияти худро дар Чин васеъ гардониданд. То чанг дар Чин зиёда аз 20бонкхои калони хоричи бо зиёда аз 100 шуъба фаъолият доштанд. Бо огози чанг Британия, Фаронса, Олмон ва Русия пешниходи маблаг ба Чинро катъ карданд ва ин боис шуд то Чопон таъсири худашро ба хукумати шимолии Чин зиёд кунад. Охирхои чинги якуми чахони Чопон 85 % истехсоли металурги ва то 25% истехсоли ангиштсангро тахти назорат гирифтанд. Хамаги таи солхои 1914 -1921 сармоядорони чопони дар Чин бо истифода аз кувваи кории арзон ва ашёи хоми дастрас зиёда аз 222 корхонахои саноати таъсис доданд ва то 6000 ташкилот расонданд. Ба мавкеъи устувори сармояи хоричи дар Чин нигох накарда буржуазияи миллии Чин хам сатхи иктисодии худро боло бурд. Афзоиши арзиши нукра, ки асоси пули Чин буд, ба афзоиши воридот мусоидат кард. Савдои хоричи бошад аз 213 миллион лян серебра соли 1914 ба 20 миллион дар соли 1919 поин фаромад. Дар ин солхо адади корхонахои сармоядорони чини 2,5 маротиба афзуд(аз 698 то 1759). Дар соли 1919 дар мамлакат 1202 ширкатхои саноати ва савдо фаъолият мекарданд. Шумораи бонкхо аз 44адади соли 1913 то 60адад дар соли 1918 расид. Аз соли 1912 то 1920 17 ширкатхои бахри, 244 марказхои бофандаги, 65 фабрикахои коркарди абрешим таъсис ёфтанд. Дар саноати хуроквори бошад, аз соли 1914 то 1920 содироти орд аз Чин баб мамлакатхои чанганда то 40 маротиба афзуд. Тули солхои 1914 - 1919 дар мамлакат зиёда аз 13 миллион коргар кор мекард. Кариб 175 хазор коргари чини ба шарки наздик, франсия, англия, росия барои корхои накбкани мухофизати рафта буданд.

Ҳаракати 4-май[вироиш]

Баъди анчоми чанг дар Аврупо дар Чин масъалаи баргардонидани заминхои Шандун ва хамчун мамлакати комилхукук шинохтани Чин бахсхо сар заданд. Хукумату чамъияти Чин умед дошт дар хамоиши сулхи Париж масъалахои зерин барраси шаванд: 1. Кудратхои бузург аз таъсири худ ба Чин даст кашанд; 2. Кушунхои хоричии дар Чин буда берун шаванд; 3. Кудратхо дар Чин набояд сохиби почта ва телеграфи шахси бошанд; 4. Хукуки маслихатдихии консулон бекор карда шавад; 5. Каламрави заминхои ичорагирифтаи хоричи баргардонда шаванд; 6. Шахракхои хоричинишин ба Чин баргардонда шаванд; 7. Ба Чин истиклолияти гумруки диханд. Аммо рузи 18 январи соли 1919 дар хамоиши сулхи Пориссарварони шурои Чахоргона Чинро аъзои комилкхукуки хамоиш нашинохтанд. Аз 30 апрели соли 1919заминхои Олмон дар Шандун бо розигии ИМА ва дастгирии Британияву фаронса ба Чопон дода шуд ва хайати Чин хатто барои гуфтушунид даъват хам нашуд. Ин хабари пастзанандаи шаъни Чин дар чомеъаи Чин нофахмихо овард. 4-майи соли 1919 донишчуён ва толибилмони макотиби Пекин дар майдони Тяньаньмэнь ба эътироз баромаданд. Онхо талаб доштанд шартномаи сулх аз тарафи хукумати чин ба имзо нарасад, Шаньдун ба Чин баргардонда шавад, 21 талаботи Чопон беасос хонда шавад, ва хукумати феъли истеъфо кунад ва чазо дода шавад. Хокимияти Дуань Цижуй харакати донишчуёнро берахмона пахш кард. Бо эътироз ба ин рузи дигар хамаи таълимгоххои шахр, профессорон ва иттиходияхои чамъияти ба майдон баромаданд. Дуан Цижй аз имзои созишномаи сулхи Версал худдори кард.


Манобеъ[вироиш]

  1. О. Е. Непомнин «История Китая. Эпоха Цин. XVII — начало XX вв.» — Москва: издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2005. ISBN 5-02-018400-4
  2. С. Л. Тихвинский «Избранные произведения» в 5 т. Т.2 «История Китая первой четверти XX века: Доктор Сунь Ятсен. Свержение маньчжурской монархии и борьба за республику» — Москва: «Наука», 2006. ISBN 5-02-034997-6.
  3. С. Л. Тихвинский «Избранные произведения» в 5 т. Т.3 «История Китая. 1919-1949: Борьба за объединение и независимость Китая. Чжоу Эньлай» — Москва: «Наука», 2006. ISBN 5-02-035015-X.
  4. «История Востока» в 6 томах. Том V «Восток в новейшее время (1914—1945 гг.)» — Москва, «Восточная литература», 1995. ISBN 5-02-018102-1