Тими миллии футболи Италия

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Италия – яке аз тимҳои беҳтарин дар футболи ҷаҳонӣ мебошад. Тими миллии он чаҳор маротиба чемпиони ҷаҳон гардидааст. Бори охирин дастаи Италия соли 2006 ба пирӯзӣ ноил гардид, тими он дар ҳар мусобиқа яке аз даъвогарони асосӣ ба ҷои аввал ба шумор меравад. Футболбозони Италия дар кишвари худ аз сиёсатмадорон ва ситорагони санъат ҳам машҳуртаранд.

Тими миллии Италия дар ҳамаи чемпионатҳои ҷаҳон иштирок намуда, танҳо дар дутои он – солҳои 1930 ва 1958 ширкат наварзидааст. Италия аввалин дастаест, ки ду маротиба паиҳам (солҳои 1934 ва 1938) ғолиб гардидааст. (Ин дастовардро фақат бразилиягиҳо дар солҳои 1958 ва 1962 такрор намудаанд).

Баъд аз ҷанги дуюм ҷаҳон итолиёвиҳо муддати зиёде таъхир карданд. Муваффақияти аввалини онҳо дар соли 1968 буд, ки дар ин сол тими миллии Италия чемпиони Аврупо гардид. Ду сол пас соли 1970 дар Мексика "Скуадра адзурра" ба финали мусобиқа баромад, вале аз дастаи Бразилия шикаст хӯрд.

Соли 1974 итолиёвиҳо аз гурӯҳашон гузашта натавонистанд, соли 1978 бошад, дар бозии барои ҷои сеюм боз аз бразилиягиҳо бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд. Ин тайёрӣ ба муваффақияти нав буд. Дар чемпионати ҷаҳони соли 1982 дар Испания ба итолиёвиҳо муваффақ шуд, ки маротибаи сеюм соҳиби ҷоми ҷаҳон гарданд.

Нишонзани беҳтарини ин мусобиқа – Паоло Росси дар се бозии аввал гол назад. Вале баъд се голро ба дарвозаи Бразилия (3:2), ду голро дар чорякфинал бо Полша (2:0) ва як голро дар нимфинал бо Олмон (3:1) ба нишон расонд. Соли 1986 дар Мексика итолиёвиҳо дар 1/8 финал аз тими Фаронса бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда чемпионатро тарк гуфтанд. Соли 1990 дар майдони худ Италия натавонист, ки дар нимфинал Аргентинаро шикаст диҳад. Дар натиҷа, баъди бозӣ зарбаҳои 11-метра таъин гардиданд ва аргентинагиҳо дар нишонзанӣ саҳеҳтар буданд. Италия тавонист, ки танҳо ҷои сеюмро ишғол кунад.

Баъд аз чаҳор сол дар ИМА итолиёвиҳо тавонистанд медали нуқраро соҳиб шаванд. Дар финал боз бо тими Бразилия во хӯрда, баъд аз бозии мусовӣ, (0:0)зарбаҳои 11-метра таъин гардиданд. Ин дафъа ҳам бахти итолиёвиҳо омад накард. Дар Фаронса (соли 1998) Италия то 1/4 финал баромад ва аз фаронсавиҳо боз дар зарбаҳои 11-метраи баъди бозӣ задашуда шикаст хӯрд. Чемпионати ҷаҳон соли 2002-ро итолиёвиҳо пас аз мағлубияти шармандавор аз Корея дар 1/8 финал тарк гуфтанд.

Дар давоми бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳони соли 2006, сармураббии даста Марчелло Липпи ба бозингарон ҷавон такя намуд. Ин бозигарон аз нисф зиёди тӯбҳои дастаро ба нишон расониданд (8 аз 15). Аксари ин бозингарон - Де Росси, Тони ва Ҷилардино на танҳо дар ҳайати асосӣ ҷой гирифтанд, балки тавонистанд пешвоёни тими миллиашон гарданд.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол - Олмон 2006 тими Италия чаҳорумин маротиба дар таърих чемпиони ҷаҳон шуд. Итолиёвиҳо дар гурӯҳи Е ба рақибони на он қадар пурқувват - ИМА, Чехия, Гана вохӯрда бо дарёфти 7 хол ба даври дигар гузаштанд. Баъд дастаҳои Австралия, Украина ва Олмонро шикаст дода, ба финал баромаданд. Дар финал итолиёвиҳо фаронсавиҳоро баъд аз задани зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:3 мағлуб карданд.

Нигаред[вироиш]

Ҳайати тими миллии футболи Италия дар чемпионати соли 2006

Портал:Футбол