Тоҳириён

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Тоҳириён (821873) - сулолаи тоҷиктабори кишвари Хуросон аст, ки солҳои 821 - 873 дар вилояти Хуросон ҳукумрони кардааст.

Тоҳир ибни Ҳусейн[вироиш]

Ниёгони тоҳириҳо шаҳри Фушанҷи вилояти Ҳиротро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сарсилсилаи ин хонадон ҳокими Фушанҷ Тоҳир ибни Ҳусейн буд. Дар вақти қоимақоми Хуросон будани Маъмун, ки баъдтар ба маснади хилофат расид, Тоҳир дар дарбори ӯ нуфуз ва эътибори калон пайдо намуд. Соли 811, дар ҷанги байни ду бародар, яъне ворисони Ҳорунаррашид - Амин ва Маъмун, дар талоши ҳокимияти Тоҳир лашкари Маъмунро сардорӣ кард. Ӯ дар соли 813 Бағдодро забт намуда, барои ба тахти хилофат соҳиб шудани Маъмун ба таври ҷиддӣ кӯмак расонд. Пас аз чанд вақт дар Бағдод сардори тамоми қувваи ҳарбии халифа буд ва баъд аз он, дар соли 821 ҳокими Хуросон таъин гардид. Тоҳир мамлакати Хуросон ва вилоятҳои Осиёи Миёнаро ҳамчун ҳукмрони мустақил идора мекард. Вай дар соли 822 ҳатто фармон дод, ки хутбаи намози ҷумъа номи халифаро ёд накунанд. Ин бо халифаҳои Бағдод қатъи алоқа кардани ӯро ифода менамуд. Пас аз чанд рӯзи ин воқеа Тоҳир вафот намуд. Нисбат ба ин марги ногаҳонии Тоҳир чунин фикре мавҷуд аст, ки ӯро ҷосусони халифа заҳр дода куштанд.

Талҳа ва Абдуллоҳ[вироиш]

Агарчанде Тоҳир майли тамоман ошкори мустақилшавӣ дошт, халифа Маъмун ба ҳокими Хуросон писари ӯ Талҳаро (822 - 828) тасдиқ намуд. Писари дигари Тоҳир – Абдуллоҳ (830844) дар ҳеҷ сурат худро мутеи хилофат надониста, Хуросонро бо ихтиёри худ идора мекард. Дар замони ӯ қароргоҳи Тоҳириён шаҳри Нишопур гардид. Халифа Мӯътасим (833- 842) Абдуллоҳро хеле бад медид, вале барои саркӯби ва мутеъ кардани ӯ ҳеҷ як чора ва имконияте надошт. Кӯшиши ба воситаи заҳр ҳалок сохтани Абдуллоҳ ҳам барор нагирифт. Тоҳириҳо барои ташкил кардани ҳукумати мутамарказӣ қавӣ ва ба тартиб андохтани умури зироат тадбирҳои қатъӣ пешбинӣ намудаанд. Онҳо тариқи беҳтар истифода бурдани обро ҷорӣ карда, наҳр ва каналҳои нав сохтанд. Мувофиқи супориши Абдуллоҳ машҳуртарин қонундонҳои мамлакат қоида ва мизони баҳрабарии обро дар корҳои зироат таҳти мутоилиа қарор дода, китобе дар ин бора таълиф намуданд, ки муддати дусад сол дао ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёри ҳамчун дастурамал хидмат кард. Номаи Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш Абдуллоҳ маҳфуз модааст. Дар он ба тариқи панду насиҳат масъалаҳои давлатдорӣ, муносбат бо фуқаро, усулҳои андозгирӣ ва амсои ин баён ёфтааст. Тоҳир ба писараш маслиҳат медиҳад, ки андозро аз рӯи адлу инсоф бигирад ва аз он на бойҳо ва на назиконашро озод накунад. Асли маънии ин «мувозибат» дар худи нома равшан ифода шудааст: «Бидон, ки сарват даромаде намеорад, аграчи фузун бошаду дар хазина бимонад, вале баръакс, меафзояд ва зиёдатар мегардад вақте ки ба зарурати фуқаро, барои адои ҳаққи онҳо ва аз ташвиш озод шуданашон сарф шавад; рафоҳи ҳоли халқ бо ҳамин восита таъмин мегардад, ҳокимонро ин зеб медиҳад, шукуфонии даврон аз ҳамин аст, шӯҳрат ва қудратро ҳамин мебахшад…. Дар айни вақт ту ба шарофати ин барои ҷамъоварии миқдори лозимаи андозаи замин имкон меёбӣ ва боигарии ту афзун мешавад ва ин тариқа ту қуввае пайдо мекунӣ, то барои худ қӯшун нигаҳдорӣ ва ба мардум дасти саховати худро боз намуда, ҳамаро аз худ шод градонӣ». Тоҳир ин ҷо ҳамчун ҳимояткунандаи манфиати синфи худ баромад карда, дар айни замон чун шахсе, ки ба ҷуз хонахароб кардан ва аз иқтидори пардохти молиёти маҳрум намудан дигар нафеъ надоштани зулму истисмори мардумро мефаҳмид, ба назар менамояд. Ӯ маҳз аз рӯи манфитаҳои синфи худ ба истисмори «оқилона» даъват мекунад. Абдуллоҳ ҳам васиятҳои падари худро то андозае дар амал татбиқ намуд.

Абдуллоҳ, инчунин кӯшиш намуд он худсариҳое, ки дар маҳалҳо заминадорони калон ва маъмурони давлат нисбат ба барзгарон раво медоштанд, то ҳадди имкон маҳдуд гардонад. Ӯ фармони махсус бароварда, аҳволи барзгаронро қадре ба сомон овард. «Худо ризқи моро ба дасти онҳо мерасонад – гуфта мешуд дар фармони Абдуллоҳ, - ба забони онҳо моро табрик мекунад ва ранҷонидани онҳоро манъ кардааст».

Вазъияти аҳолӣ ва хусусан барзгарон дар замони Тоҳириҳо низ хеле вазнин буд. Онҳо аз тарафи заминдорони калон сахт истисмор шуда, дар ҳамин ҳол маҷбур буданд, ки ба давлат андозаҳои аз ҳад зиёд бидиҳанд. Чунончи, дар соли 844 маблағи молиёте, ки аз барзгарон ситонида шуда буд, 48 миллион дирҳамро ташкил мекард. Шӯриши барзгарони Сиистон қариб ҳеҷ қатъ намешуд.

Тоҳириҳо барои маъмул градидани дини ислом кӯшиш карда, чунин ният доштанд, ки рӯҳониёни исломро дар бобати сиёсати марказият додани давлат ба такягоҳи худ мубаддал намоянд. Дар аҳди Талҳаи Тоҳирӣ дар Устурушан, ки оини зардуштӣ нисбатан бештар маҳфуз монда буд, низ дини ислом ҷорӣ карда шуд. Абдуллоҳи Тоҳирӣ дар соли 840 ба ташкили мурофиаи ҷиноятӣ бар афшини собиқи Уструшан Ҳайдар, ки пас аз қабул кардани дини ислом яке аз сардорони ҳарбии халифа Мӯътасим градида буд, мусоидат намуд. Афшин Ҳайдар дар вақти муҳокима ба он гунаҳкор карда шуд, ки ӯ барои пинҳон доштани асли мақсади худ дини исломро қабул карда, дар амал барои шӯриши Уструшан дар талаби истиқлол ва оини қадима тадорукот медид. Ҳангоми мурофиаи суд маълум гардид, ки уструшаниҳо фақат дар зоҳир дини исломро қаблу кардаанд, аммо дар амал ба пайравии оини қадимаи худ давом медодаанд.

Заволи сулола[вироиш]

Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки Абдуллоҳ кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад. Абдуллоҳ низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки Марв, Омул ва Хоразмро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Писари Абдуллоҳ Тоҳири II (844862) саъй мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид. Аммо ин протссес хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тоҳириён, хусусан Абдуллоҳ, ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд. Дар асри IX ва ибтидои асри X дар Эрон ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асраҳои зардуштӣ, аз қабили «Бундаҳишн» ва «Денкарт», инчунин як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз ҷиҳати сиёсати душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҳириён ба шоирон, алалхусус, мӯътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, ситоиш намоянд. Дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаъмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишта шуда нигоҳдошта мешуд.[1]


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011. –с.94- 96.

Пайвандҳои беруна[вироиш]