Тоҳир ибни Ҳусайн

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Барои ба қудрат расидани халифа Маъмун (813-833) нақши мардуми Хуросон бо сарварии сарлашкар Тоҳир ибни Ҳусайн муҳим буд. Маъмун низ ба подоши ин ҳама хидмат соли 821 Тоҳирро ба вазифаи хеле масъули амири Хуросон (821-822) таъин намуд. Аммо агар раванди ҳодисаҳои ин давраро хуб баррасї кунем, мебинем, ки маҳз авзои он рӯзи Хуросон ва қудрати рӯзафзуни хуросониҳо дар хилофат Маъмунро водор кард, ки чунин фармонеро имзо кунад.

Тоҳир аслан аз Пӯшанг, ки дар наздикии Ҳирот буд, бархоста, бо далериву мардонагӣ ном бароварда буд. Тоҳир ибни Ҳусайн (821-822) амири Хуросон шуд ва шаҳри Марвро пойтахт ќарор дод. Муњимтарин иќдоми Тоњир дар давраи кӯтоҳи ҳукмронияш (як солу шаш моҳ) аз зикр накардани номи халифа дар хутбаи намоз буд. Ин амал дар он замон маънои эътироф накардани халифа ё худ даъвои истиќлол карданро дошт. Аммо як рӯз пас аз ин Тоҳир ибни Ҳусайн аз ҷониби ҷосусони халифа, ки теъдодашон хеле зиёд буд, тавассути заҳр додан (ки маъмултарин равиши сулолаи Аббосиёни Хилофати Араб буд), аз миён бардошта шуд.[1]


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011. –с. 97.

Пайвандҳои беруна[вироиш]