Тоҷ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Тоҷи шоҳони Эрон аз хонадони Паҳлавӣ

Тоҷ кулоҳи намодинест, ки шоҳону шаҳбонувон бар сар гузоранд, то нишонае аз қудрату расмияташон бошад.

Маросимеро, ки дар он барои нахустин бор бар сари подшоҳе ё шаҳбонуе тоҷ гузошта мешавад, маросими тоҷгузорӣ мегӯянд.

Тоҷҳои вижаи шоҳаншоҳони Эрони Бостон бо номи дайҳим низ маъруфанд. Дар адабиёти порсӣ-тоҷикӣ тоҷвар ва тоҷдор мутародифҳое барои шоҳ ҳастанд.

Тасвири тоҷҳои шоҳони ариёии Эрон (Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён) ва Турон (хоразмиёну суғдиёну балхиёну сакоҳо ва Кушониёну Ҳайтолиён) дар сиккаву тангаву деворнигораву сангнигораҳои бешуморе боқӣ мондааст.

Ин тоҷҳо бештар чанбаре аз зар будаанд, ки чаҳор кунгураи чаҳорзина ва андарунашон кулоҳи махмалин ва бар сарашон нишоне аз хуршеду моҳу болҳои заррин ва ё дигар намодҳо доштаанд.


Нигористон[вироиш]

Тоҷҳои салтанатии Британия:

Ҷусторҳои вобаста[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

Википедияи порсӣ ва англисӣ.