Турсунзода

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
'Турсунзода
'
[[Акс:|270px|center]]
Tursunzoda in Tajikistan tg.png
Кишвар: Тоҷикистон
Вилоят: Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Аҳолӣ: 200,000
Масоҳат: 24,560 км²
Сайт: Сайти расмӣ

Турсунзода як шаҳр дар Тоҷикистон аст. 24,560 км²-ро ташкил мекунад. Аҳолии шаҳри Турсунзода зиёда аз 200,000 нафар мебошад.

Шаҳри Турсунзода яке аз марказҳои саноати истеҳсолии Тоҷикистон буда дар 65км ғарби шаҳри Душанбе чойгир шудааст. Шаҳри Турсунзода мисли тамоми Республикаи Тоҷикистон диёри кӯҳҳои баланди пурбарф ва водиҳои гул-гул шукуфон мебошад.

Табиати замини мо афсонави хушнуд аст. Чи тавре, ки дар тамоми Тоҷикистон 300 рузи соли шаҳри мо офтоби мебошад. Ба саёхати куҳи на танҳо тобистон балки, баҳору тирамоҳ ҳам баромадан мумкин чунки обу- хавои худуди шаҳрамон на чандон хунуку кам борон аст. Дар Турсунзода намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд.

Мундариҷа

[вироиш] Ном

Номи аввали ин шахри зебоманзар «Регар» Буда дар соли 1978 ба шаҳри Турсунзода мубадал шуд. Таърихи номи Регар: дар гузашта шаҳри мо «Хисори поён» ном дошт, ки соли 1848 амири Бухорои Насруллохон тору–мор кард. Баъд аз ин танҳо «Рехтагар» - ном махалла безарар боки монд. Баъд аз он калимаи « Рехтагар» → «Рехтгар» → «Рехгар» ва нихоят номи «Регар» ро гирифт. Хамин тавр дар миёнаи аcри XIX фахмиши барои хамаи мо арзанда-замини Регар, ба вучуд омад. Тарихи номи Турсунзода: Соли 1978 шаҳри Регар ба васфи шоири хамдиёрамон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

[вироиш] Саноат ва истеҳсолот

Заводи чиннибарори, заводи геран барори,заводи гишт,заводи пахтатозакуни , 2 заводи асфалт, заводи бетони, 2 камбинати ордбарори,12 колхоз ва даххо фирмахое, ки ба хуш авхолии шахрвандон хизмат мекунад. Заводи Алюминии Точик, заводи кабел барори “Регаркабел”, фабрикаи дору истехсолкуни “Анис”,заводи истехсоли ругани оши. Дар инкишофи иктисодии диёрамон чои асосиро Заводи Алюминии Точик., ки соли 1975 сохта шуда буд, ишгол мекунад .

Дар ин завод зиёда аз 13 хазор нафар кор мекунанд. ЗАТ ашёи маснуоти худро дар соли 2006 ба маблаги 1 миллиард 49,5 миллион сомони ба хорича экспорт кардааст.

Ин далели он аст, ки сифати маснуоти заводи мо балан аст.

Мохи сентябри соли 2006 завод барои маснуоти сифатбаланд сохиби мукофоти ташкилоти байналхалкии Фаронси “”BID“ , «Бриллиантовая звезда», шуд.

Чунин мувофакиятхои ЗАТ имконият медихад, ки кумаки худро ба чунин ташкилотхо маблаггузори кунад:

Кумак ба ятимхона ва хонаи пирону-бесохибон .

Ба мактаб интернат, маблаггузори аз 4,9 баробар зиёд шуд.

Кумак ба нафакахурон , маюбон, иштирокчиени чангхо ва мехнат , ва тамир кардани мактабхо, сагерхонахо, роххо ва хоказо.

[вироиш] МАОРИФ

Дар шаҳри мо 1 институт, 4 ПТУ, 4 литсей, 5 коллеҷ, 2 гимназия, ва 134 то мактаби миёна вучуд доранд.

[вироиш] Нақлиёт

Рохи асосие, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайвандад низ аз шаҳри мо мегузарад.

Зиёда аз 3000 то автомашинаҳои сабукрави ”ТИКО” дар хизмати шахрвандон мебошанд.

Дар хизмати хамватанонамон, ки дар ЗАТ кор мекунанд , автобусҳои бепул, ки онҳоро ба хонахояшон бурда мерасонанд, хастанд, низ микроавтобусҳои “Газель”, “Тико” дар хизмати онхо мебошанд.

Роххои автомобилгард, аз он чумла рохи байналхалкие, ки кишварамонро бо хорича мепайванданд.

Масофаи байни пойтахти Тоҷикистон Душанбе ва ноҳияи назди сархадии Ҷумҳурии Узбекистон Сариосиё бо рохи ДушанбеТермиз 64км-ро ташкил мекунад.

[вироиш] Кишоварзи

12 колхоз ва зиёда аз…ХФФ (хочагиҳои фермерии фидои ). Заминҳо барои хочагии қишлоқ, аз он чумла заминҳои обьёрикардашуда, барои чарогоххо, ангурзорҳо, богҳо.

Чорводори: фермаҳои гов ва бузу, гусфандон.

Даххо фирмаҳое, ки ба хайрияти халк хизмат мекунанд.

Маркази табобатхонаи заводи алюминии точик

Табобатхоннаи заводи алюминии точик дар маркази шахри турсунзода сохта шудааст.Дар табобатхона ашхосе ки дар заводи алюминии точик кор мекунанд, хамаи онхо метавонанд дар ин табобатхона бепул табобат гиранд. Багайраз коргарони завод одамон аз дигар нохияхо омада дар ин табобатхона табобат мегиранд. Дар ин табобатхона табибони, ки дар хорича таълим гирифтаанд дар инчо хамчун ихтисосчии тибби фаолияти кори доранд ва дар хизмати шахрвандон доим таёранд.

[вироиш] Боги истирохатии шахри Турсунзода

Боги истирохатии чавонон дар маркази шахр чойгир аст. Чавонон вахтхои бекории худро дар ин бог мегузаронанд.Ин бог бо чархофалакҳои нави аврупои тамин карда шудааст ва кудакон аз хар нохияҳо омада дар чархофалакҳо табасумкунон бози мекунанд. Гайр аз ин бог, боз дар шахр богхои истирохати вучуд доранд ва инчунин яке аз боги зеботарин бо номи “Исмоили Сомони” ки дар маркази микрораён вокъе мебошад.Ин бог аз чониби хокими шахр Ахмедов Баракатуло Атоевич дар соли 2006-ум ташкил карда шуда буд.

Агар таърихи шахри моро хубтар донистан хохед, китоби “ Крылатая” частица Таджикской истории ”-ро , ки муаллифаш Рауфчон Домлочонов мебошад ёбед ва дорои таърихи пурраи шахрамон мешавед.

Абзорҳои шахсӣ
Фазоҳои ном

кирилликӣ

Вариантҳо
Амалкардҳо
Гаштан
Ҷаъбаи абзор
бо забонҳои дигар