Ума Турман

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Uma Thurman
Ума Турман
Uma Thurman - Cannes 2000.jpg
Зодрӯз 29 апрел, 1970
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}

Ума Турман (англисӣ: Uma Thurman) 29 апрели соли 1970 дар шаҳри Бостони ИМА, дар оилаи профессор Роберт Турман ва модел Нина Шлебруҷ ба дунё омадааст. Ума ҳамроҳии се бародараш дар шаҳри Амҳерст, ки падараш дар он ҷо муаллимӣ мекард, ба воя расидааст. Ҳанӯз дар даврони кӯдакияш Ума мактабро тарк карда, пурра ба омӯзиши санъати ҳунарпешагӣ машғул шуд. Баъд аз ба Ню-Йорк омадан, Турман маҷбур шуд, ки барои таъмини зиндагияш ва пардохти маблағи омӯзишаш кор кунад. Ӯ ба мисли дигар ситорагони оянда пешхизмат шуда кор мекард.

Иштироки аввалини ҳунарпешаи ҷавон дар филми Kiss Daddy Goodnight (1987) будааст, ки дар он ӯ нақши духтари маккореро бозида буд, ки мардонро ба худ ҷалб карда, ғорат мекард. Соле пас ӯ нақши асосиро дар филми мазҳакавии Johnny Be Good (1988) гирифт, вале Турманро танҳо пас аз офаридани нақш дар филми "Опасные связи" /Dangerous Liaisons, 1988/ чун ҳунарпеша шинохтанд.

Нақши дигари бомуваффақияти Турман нақши зани Генри Миллер дар филми Филипп Кауфман "Генри и Джун" /Henry & June, 1990/ буд. Дар солҳои минбаъда ҳунарпеша дар чандин филмҳо, аз қабили Robin Hood (1991), Final Analysis (1992), Jennifer 8 (1992), Mad Dog and Glory (1993), Even Cowgirls Get the Blues (1994) нақш офарид, вале ягонтои онҳо он қадар комёб нагардиданд. Иштирок дар филми "Криминальное Чтиво" дар карйераи Турман як такони бузурге буд.

Филм яке аз беҳтарин лоиҳаҳои солҳои 90-ум гардид ва он коргардону ҳунарпешагони иштироккардаро ба қуллаҳои нави шӯҳрат баровард. "Криминальное Чтиво" Тарантиноро чун коргардони барҷастаи солҳои 90-ум гардонид, шӯҳрати гумшудаи Траволтаро барқарор сохт, ба Брюс Уиллис иҷозат дод, ки ба мунаққидон ҳунарашро нишон диҳад ва ба Ума Турман номинатсияро ба Оскар чун "Ҳунарпешаи Беҳтарин дар Нақши Ғайриасосӣ" овард.

Соли 1997 ҳангоми банаворгирии филми "Гаттака", Турман бо ҳунарпеша Итан Ҳоук шинос мешавад ва онҳо пас аз як сол хонадор мешаванд.

Охири солҳои 90-ум дар карйераи Турман даврони нокомиҳои зиёд буданд. "Бэтмэн и Робин", "Мстители" ва "Отверженные" ба тамошобинон писанд наомаданд ва аз тарафи мунаққидон баҳои ниҳоят манфӣ гирифтанд. Соли 2000 ба экранҳо ду филм бо иштироки ҳунарпеша - "Золотая Чаша" /The Golden Bowl/ ва "Ватель" /Vatel/ бо ҳамроҳии Жерар Депардйе баромаданд. Филми аввал дар Фестивали Канн дар соли 2000 иштирок кард ва аз тарафи мунаққидон баҳои хуб гирифт. Нақшҳои Ума дар "Пленка" /Tape/-и Ричард Линклейтер ва дар филми - "Chelsea Walls", ки коргардонаш шавҳараш буд, аз сабаби ба миқдори кам баромадани филмҳо он қадар машҳур нагардиданд. Аммо иштирок дар филми телевизионии Hysterical Blindness ба Ума Ҷоизаи Глобуси Тиллоиро дар номинатсияи "Ҳунарпешаи Беҳтарин" овард.

Сенарияи филми нави худро Тарантино махсус барои Ума Турман навишт ва ҳатто овозаи ҳомиладор будани ҳунарпеша нақшаҳои коргардонро дигар карда натавонист. Тарантино лоиҳаро мавқуф гузошт, то даме ки ҳунарпешаи дӯстдоштааш боз имконияти нақшофариниро пайдо накард. Интизорӣ ба Ума Турман беҳуда набуд. Филми "Убить Билла" комёб гардид ва ба коргардон шӯҳрати пешинаашро бозовард. Шӯҳрати Турман низ баъд аз ин филм афзуд.

То соли 2005 Турман аллакай ба яке аз беҳтарин ҳунармандони Ҳолливуд табдил ёфта буд. Ҳаққи хизмати ӯ барои иштирок дар як филм ба ҳисоби миёна 12.5 миллион доллари ИМА аст. Дар баробари муваффақиятҳояш дар соҳаи синамо, Ума Турман модели машҳур низ мебошад. Ширкати атриётии Lancôme соли 2005 ӯро чун симои худ интихоб карда, чандин намуди маҳсулоти худро ба номи ӯ гузошт (онҳо танҳо дар Осиё фуррӯхта шуданд).

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]